Дар як сатр
» » ИСЛОҲОТИ МИЛИТСИЯ АМАЛӢ МЕГАРДАД

ИСЛОҲОТИ МИЛИТСИЯ АМАЛӢ МЕГАРДАД

1-02-2019, 20:20

Тавре ки ҳамагон огоҳӣ доранд, ҳанӯз 19 марти соли 2013 бо Фармони Президенти мамлакат "Стратегияи ислоҳоти милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” тасдиқ гардид. Дар асоси стратегияи ислоҳоти милитсия Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия ва нақшаи иҷрои он таҳия гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи майи соли 2014 тасдиқ шудаанд. Тибқи Низомнома дар бораи Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ соли 2015 ҳайати Шӯроҳои ҷамъиятии назди ВКД, РКД дар ВМКБ, РКД дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлону Суғд, ноҳияҳои минтақаи Рашт ва Кӯлоб ба фаъолият шурӯъ карданд. Аз ҷумла, Шӯрои ҷамъиятии назди РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дарвилояти Хатлон пайваста бо аҳолӣ дар ҳамбастагӣ бо мақомоти корҳои дохила мулоқоту вохӯриҳо доир менамоянд.
Чунин як мулоқоти муфид бо ширкати раиси Шӯрои ҷамъиятӣ Лоҳутӣ Шоҳназаров, муовини раиси Шӯро Асалмо Сафарова, роҳбари гурӯҳи корӣ Шаҳриёр Баротов, муовини сардори ШКД-и ноҳия бо аҳолии ноҳияи Қубодиён баргузор гардид. Дар ҷамъомад доир ба ҳадафҳои Шӯрои ҷамъиятӣ, вазифаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ, ҳуқуқҳои аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ ва Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия сухан ронданд. Аз ҷумла таъкид гардид, дар шаҳру ноҳияҳо низ Шӯроҳои ҷамъиятӣ бояд фаъолнокӣ нишон диҳанд. Вазифаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама, пешгирии қонуншиканиҳо, мусоидат намудан ба мақомоти корҳои дохилӣ дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо, баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба милитсия, таъмини иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҳамаи марҳилаи ислоҳоти милитсия мебошад, зикр гардид дар ҷамъомад.
Ҳамин тавр оиди фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон сухан ронда, таъкид доштанд, ки нишон додани симои аслии милитсия ҳамчун ҳимоятгару ҳомии халқ, коҳиш додани сатҳи коррупсионӣ, ба аҳолӣ фаҳмондани хатарҳои амалҳои гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва мақсаду мароми ин душманони одаму олам мебошад. Чунин мулоқоти хотирмони Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ноҳияи Дӯстӣ низ баргузор гардид.
ВАХШОНА,
"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Намояндагони Шӯрои ҷамъиятии ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон дар Хатлон

Намояндагони Шӯрои ҷамъиятии ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон дар Хатлон

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Ҳадафи ислоҳот – ҳамкории бештари милитсия бо мардум

Ҳадафи ислоҳот – ҳамкории бештари милитсия бо мардум

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА
Вохӯрии Искандар Солеҳзода бо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ

Вохӯрии Искандар Солеҳзода бо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳмгузор бошем

Дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳмгузор бошем

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА
Нахустин нишасти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия

Нахустин нишасти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА