Дар як сатр
» » Дойраи калонтарин дар Кӯлоб

Дойраи калонтарин дар Кӯлоб

1-02-2019, 08:16

Саиднодирро баъд аз он дар шаҳри Кӯлоб ва саросари кишвар ҳамчун навозандаи асбобҳои халқӣ ва ҳунарманди забардаст мешиносанд ва дар баробари он асбобҳои зарбию нафасӣ низ месозад.
Дар соли 2018, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гаардида буд, Саиднодир ҳамаро ба ҳайрат гузошт. Ӯ бо шогирдаш калонтарин асбоби зарбӣ-дойра сохт. Саиднодир Ҳайдаров ҳангоми суҳбат иброз дошт: «Сохтани чунин дойраи калон мушкилии зиёд дорад. Барои ҳар як қисми он ашёи хом интихоб карда ҷо ба ҷо гузоштан ва андозаю давраи онро ба назар гирифтан, истифодаи ширеш ва алахусус пӯсти гов хеле душвор аст. Новобаста ба ин, ҳама тавонистем бо шогирдон аз уҳдаи сохтани чунин як асбоби бузург бароем. Ин дойра, ки ба андозаи як метру ҳафтод сантиметр аст, дар муддати се моҳ сохта ба анҷом расонидем. Мушкилии асосӣ дар дарёфти пӯст ва омодасозии он буд. Барои дойра пӯсти модагов, ки бару паҳноиаш на камтар аз як метру навад сантиметр бошад, лозим буд. Коркарди он ва ба гирда кашиданаш вақти зиёдро гирифт. То ин дойра боз як дойраи дигар-як метру панҷоҳсантиметра сохта будам, ки ҳоло дар осорхонаи Кӯлоб маҳфуз аст».
Саиднодир дар сохтани асбобҳои мусиқӣ чӯбҳои қавиро истифода мебарад. Барои коркарди онҳо аз асбобҳои муосири барқӣ низ кор мегирад, ки он корашро даҳчанд осон мегардонад. Хушбахтона, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 дар муаррифии як зумра хунармандон ва соҳаи ҳунармандӣ нақши муассир гузошт. Эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ин раванд тақвият хоҳад бахшид.
Ширинҷон Сафарзода



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Талошҳо ба беҳсозии инфрасохтори сайёҳӣ

Хабарҳо
Ҷавони 30 - сола калонтарин доира дар ҷаҳонро сохтааст

Ҷавони 30 - сола калонтарин доира дар ҷаҳонро сохтааст

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Чакандӯзӣ ваҳдатро қавӣ мегардонад

Чакандӯзӣ ваҳдатро қавӣ мегардонад

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Озмуни вилоятӣ дар Кӯлоб

Озмуни вилоятӣ дар Кӯлоб

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ҷавонон аз ҳунарҳои миллии хеш бохабар мешаванд

Ҷавонон аз ҳунарҳои миллии хеш бохабар мешаванд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ