Дар як сатр
» » Қаламзане аз «Тахти сангин»

Қаламзане аз «Тахти сангин»

1-02-2019, 20:17

Ё чӣ тавр ҳунари Оламбӣ олами ҳунарро тасхир кардааст…

Касе ҳунарманд аст, аслан, танҳо ба як ҳунар маҳдуд намешавад. Ҳатман ҳунарҳои дигарро низ балад аст. Яъне, ҳар нафаре, ки завқу салиқаи баланд  дорад ва кӯшиши ҳунаромӯзиро мекунад, ҳатман пушти як ҳунар чандин касбу ҳунари дигарро аз худ мекунад. Вақте бо офарандагони зебоӣ, дастони пурэъҷози онҳо суҳбат меороем ва пай мебарем, ки Тоҷикистони маҳбуби мо дорои ганҷинаҳои зиёди нуҳуфта аст. Яъне, бонувони соҳибҳунару гулдасти мо, ки муҳофизу ташвиқгари ҳунарҳои миллию мардумианд, бешак, гавҳару ганҷина, машъалафрӯзи роҳи зиндагонӣ ва посдорандаи фарҳангу тамаддуни бостонии мо маҳсуб мегарданд.

Ҷамоати деҳоти "Тахти сангин" калонтарин ҷамоат дар ноҳияи Қубодиён ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо 41 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Гарчанде дурдасттарин деҳаҳо дорад, аммо мардумаш, бахусус занони ин маҳал соҳибҳунаранд. Дар ҳар як хона ҳатман ҳаст нафаре, ки гулдӯз ё гилембоф ё ҳадди ақал пазандаи моҳир асту кадбонуӣ мекунад. Гулдӯзию гилембофиро бонувони русто шуғли изофии худ медонанд. Занони ин минтақа ба кори замин низ меҳри беандоза доранд. Дар ин минтақа, ки аз гармтарин мавзеъҳои Тоҷикистон маҳсуб меёбад, зироатро чанд маротиб кишт кардан мумкин аст. Аз ин бартарии табиӣ дар "Тахти сангин" ба таври самаровар истифода мекунанд.

Бо истеъдоди  бисёре аз ҳунармандони вилояти Хатлон  дар таҷрибаи корӣ ошноӣ пайдо намудаам. Аҳсану офарин ба зеҳну малакаашон хондаам. Аммо  ин гуна қаламкаши моҳирро бори аввал дар Ҷамоати деҳоти "Тахти сангин"-и ноҳияи Қубодиён вохӯрдам, ки сабку салиқааш ба дигар ҳунарофарон шабоҳат надорад. Ба ҳунари ӯ бисёриҳо бо ҳайрат менигаранд, ки то ин дараҷа як зан дар як минтақаи дурдаст ин қадар соҳибистеъдод бошад. Наққошии ӯ беҳтар, ҷолибтар, зеботар аз он тарҳҳоест, ки дигарон бо мошинаву дастгоҳҳои махсус мекашанд.

Бо кумаку роҳбаладии мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Қубодиён, зани ҳалиму кордон Хосият Зарипова, мо ба суроғи он бонуи соҳибҳунар Оламбӣ Обидова рафтем. Дар ҳақиқат, Оламбӣ ҳамагонро бо истеъдоди худододиаш, ганҷофариаш мафтун сохтааст. Хеле аҷиб аст, вақте наздаш мешинеду ба дастони нақшофараш  менигаред. Ҳамагӣ дар як дақиқа нақши гули офтоберо, ки дар байни чаканшиносон маъмул аст, бе ягон саҳву хато рӯйи матоъ мекашад.

Ба қавли худи Оламбӣ Обидова, касе дар ин роҳ устодаш нест. Худомӯз аст ӯ. Ин ҳунарро маҳсули истеъдоди худододӣ меномад. Ба қавли хешу пайвандон, момокалонаш, ки аслан Оламбӣ ӯро ёд надорад, ҳамин гуна қаламкаш будааст ва шояд, ба истилоҳ, ин ҳунар ирсӣ буда, ба ӯ мерос мондаааст. 

Оламбӣ Обидова  дар мактаб духтараки аълохону ҳушёре будааст. Бахусус, нақшакашу рассоми ҳамсинфон ва гулдӯзи дугонаҳо будааст. Ӯ мегӯяд, ки мактабро дар замони Шӯравӣ бо баҳои аъло хатм намудааст. "Орзуи табиб шуданро доштам. Вале азбаски дар хонаводаи тақводор ба воя расида будам, ба ман иҷозати давом додани таҳсилро дар мактаби олӣ надоданд. Сад шукр, ки хонаи ободу гул барин ҳафт фарзанд дорам. Ҳамин ҳунарам маро то имрӯз мехӯронаду мепӯшонад. Қаламзанӣ яке ҳунарҳои ман бошад, кулчапазию қуроқдӯзӣ ҳунарҳои дигари камина аст. Вақте барои шоҳписаронам келин карданӣ мешавам, аз қудоҳо хоҳиш мекунам, ки тахти арӯсии келинҳоямро худам дӯзам. То барои онҳо нақши дастони ман ҳамчун як модари гулдаст ёдгор монад", - мегӯяд ин бонуи саропо ҳунар.

Оламбӣ дар баробари соҳибҳунар будан, модару хушдомани хуб низ ҳаст. Қудоҳо  вақте ба хонаи ӯ меоянд, аз Оламбӣ хоҳиш мекунанд, ки духтаронашонро мисли худаш ҳунар омӯзонад. Аммо, мутаассифона, келинҳо ба қалам задан шавқи камтар нишон медиҳанд. Бо вуҷуди ин, келинҳо нақшҳои офаридаи ӯро гулдӯзӣ мекунанд. "Як духтарам гулдӯзи хуб асту як набераам, ки даҳ сол дорад, дар ниҳодаш ҳамин истеъдодро мебинам. Вақте ба ҳаракати дастонаш менигарам, ҳамон замони кӯдакии худам пеши назар меояд", - идома дод Оламбӣ.

Инчунин, занони деҳа, ки қариб нисфи зиёдашон ҷавонзанҳоянд, гулдӯз ҳастанд ва Оламбӣ аз рӯйи хосташон  нақшофарӣ мекунад. Хабари қаламкаши моҳир будани Оламбӣ Обидова ба Суғду Рашту Ҳисор ҳам расидааст. Фармоишгарони ӯ ҳатто аз Россия ҳастанд. Оламбӣ дар баробари нақшу нигори миллӣ, инчунин тасвири Парчами давлатӣ ва Суруди миллиро дар рӯйи матоъ кашидадӯзӣ мекунад.

Оламбӣ ҳамчун як зани ҳунарманд дар тамоми чорабиниҳои ҷамоату ноҳия иштирок менамояд ва имсол ҳунари ӯ дар чорабинии бошукӯҳе ба муносибати ҷашни Сада дар маркази вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар ба намоиш гузошта шуд. Дар ин чорабинӣ маҳсули ҳунарашро бо диплом сарфароз гардониданд.

- Ҳунари ман сари болою рӯзгори ободи ман аст, - мегӯяд Оламбӣ.

Бошад, ки чунин бошад!

 

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Даҳ зани ҳунарманд дар як хонавода

Даҳ зани ҳунарманд дар як хонавода

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Деҳа макони ҳунар аст ва бояд рушд кунад

Деҳа макони ҳунар аст ва бояд рушд кунад

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Бонуи ҳунар

Бонуи ҳунар

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Омӯзгор - калиди истиқлолияти фикрӣ ва роҳнамо ба ҷаҳони ҳунар

Омӯзгор - калиди истиқлолияти фикрӣ ва роҳнамо ба ҷаҳони ҳунар

Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Чакандӯзе аз диёри чакан

Чакандӯзе аз диёри чакан

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА