Дар як сатр
» » Роҳхат ба даври навбатӣ

Роҳхат ба даври навбатӣ

2-02-2019, 07:08

Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Дастархонороӣ» ҷараён дорад, ки дар он кадбонуҳо ва занони ҳунарманд ширкат варзида истодаанд. Аз рафти ин озмун дар ноҳияи Ховалинг ҳамкорамон Меҳрбону Сафарова чунин мегӯяд: «Дастархонороӣ маҳорати хосаро талаб мекунад ва на ҳар зан метавонад дастархон орояд. Болои дас-тархон бояд аз ҳама маҳсулоти маҳаллӣ оро бошад».

Дар маркази ноҳияи Ховалинг бо иштирок дар озмуни "Дастархонороӣ” занони ҳунарманд ва кадбонуҳои ноҳия тавонистанд таомҳои миллиро пешниҳод созанд ва бо як маҳорати тоҷикона дастархон ороянд.

Ҷангихон Одинаев мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг мегӯяд: «Ин озмун бо мақсади камхарҷ оростани дастархон ва рӯи хон гузоштани маҳсулоти худӣ ва эҳёи хӯрокҳои миллӣ роҳандозӣ шудааст. Дар озмун занони ҳунарманди Ҷамоатҳои деҳот ва маркази ноҳия иштирок доранд. Аксари иштирокчиёнро ҷавондухтарон ташкил медиҳанд, ки онҳо дар баробари оростани дастархон якчанд намуди хӯрокҳои миллиро низ омода карда истодаанд».

Ҳайати ҳакамон аз ҳунару маҳорати кадбонуҳо дидан карда, ба сатҳи омодагии онҳо баҳои баланд доданд. Дар охири ҳамоиш ғолибон муайян гардида, ба даври навбатӣ, ки дар маркази вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.

 

Ширинҷон Сафарзода



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Роҳхат ба даври навбатӣ

Фарҳанг ва адабиёт

Ғолиб муайян шуд

Фарҳанг ва адабиёт

Ғолиб муайян шуд

Фарҳанг ва адабиёт

Ғолиб муайян шуд

Фарҳанг ва адабиёт
Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб - 2018»

Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб - 2018»

Фарҳанг ва адабиёт