Дар як сатр
» » Омӯзгор дар таълиму тарбияи насли ояндасози Ватан нақши арзанда дорад

Омӯзгор дар таълиму тарбияи насли ояндасози Ватан нақши арзанда дорад

2-10-2017, 08:35

Омӯзгор дар таълиму тарбияи насли ояндасози Ватан нақши арзанда дорад


Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ба муносибати иди касбии омӯзгорон

Устодон ва омӯзгорони гиромиқадр!

Иди касбии омӯзгорон, ки ҳамасола таҷлили он ба якшанбеи якуми моҳи октябр рост меояд, барои аҳли илму зиё, омӯзгорону мураббиён ва дигар алоқамандони соҳаи маориф рӯзи фархунда буда, баҳри сазовор ва бо фатҳи қуллаҳои нави меҳнатӣ, илмӣ, эҷодию касбӣ, омӯзгорӣ ва касбу ҳунарандӯзӣ ҷашн гирифтани он дар сатҳи вилоят ва маҳал тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мешавад.

Лозим ба ёдоварист, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон дошта, нисбат ба рушд ва пешрафти он таваҷҷуҳу ғамхорӣ зоҳир намуда, ба пешаи омӯзгорӣ пайваста арҷгузорӣ менамояд.

Дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон аз устодону омӯзгорон ва падару модарон тақозо намуданд: «... диққати наврасон ва хонандагону донишҷӯёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба роҳ монанд ва ба касбомӯзии шогирдону фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро дар рӯҳияи донишомӯзиву меҳнатдӯстӣ тарбия намоянд».

Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати таъмини рушди соҳаҳои илму маориф дар вилоят чораҷӯиҳои ҳадафмандро роҳандозӣ карда, ба мақсади вусъат бахшидани раванди амалигардонии барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва донишандӯзии хонандагону касбомӯзии донишҷӯён, мустаҳкам намудани заминаҳои кадрӣ, моддӣ-таълимӣ ва техникии муассисаҳои таълимии ҳамаи намуди зинаҳои таҳсилот корҳои мушаххасро ба анҷом расонида, дар доираи имкониятҳои мавҷуда ҳамасола фароҳамсозии шароити мусоиди кору зиндагӣ ва ҳавасмандсозии олимону устодон, омӯзгорону мураббиён ва донишҷӯёну хонандагонро ба роҳ мондааст.

Дар ин раванд, таъсис додани Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар соҳаи маориф, ҳамасола муқаррар намудани идрорпулии раиси вилояти Хатлон ба теъдоди муайяни олимони эҷодкор ва донишҷӯёни аълохони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбии вилоят, татбиқи имтиёзҳои муқарраргардида ба омӯзгорони ҷавон ва ҳавасмандсозиву қадршиносии олимону устодони муассисаҳои таълимии ҳамаи намуди зинаҳои таҳсилот баҳри беҳдошти шароитҳои кору рӯзгори омӯзгорон ва таҳсили шогирдон натиҷаи дилхоҳ дода истодаанд.

Аз ин лиҳоз, мо ба ақлу заковат, донишу маҳорат ва малакаи касбии олимон, устодону омӯзгорон, майлу рағбати ба илму дониш ва касбомӯзидоштаи шогирдон, таваҷҷуҳу масъулиятшиносии падару модарон ва ба мактабу маориф рӯ овардани ҳамдиёрон умед баста, бо истифода аз ин фурсати муносиб аҳли илму зиё ва маорифи вилоятро ба муносибати Иди касбии омӯзгорон табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломатию рӯзгори нек ва дар иҷрои вазифаи муқаддасу пурифтихор ва масъулиятноки омӯзгорӣ комёбиҳои назаррасро орзу менамоем.

Иди касбӣ муборак, омӯзгорони азиз!


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9  ...

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм
Дар партави Паём ва соли 2017 - «Соли ҷавонон»: «Ояндаи мамлакат аз фаъолия ...

Дар партави Паём ва соли 2017 - «Соли ҷавонон»: «Ояндаи мамлакат аз фаъолия ...

Хабарҳо, Маориф ва илм, Номаҳои Шумо
Д. Гулмаҳмадзода: «Саҳми олимону устодони эҷодкор дар рушди илми тоҷик наза ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Саҳми олимону устодони эҷодкор дар рушди илми тоҷик наза ...

Хабарҳо, Маориф ва илм
Паёми Пешво саодати рӯзгори мост

Паёми Пешво саодати рӯзгори мост

Хабарҳо, Маориф ва илм, Номаҳои Шумо
Тақдири насли пешбарандаи давлат дар дасти омӯзгор аст

Тақдири насли пешбарандаи давлат дар дасти омӯзгор аст

Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм