Дар як сатр

Ғолиб муайян шуд

1-02-2019, 09:07

Дар маркази ноҳияи Ҳамадонӣ бо иштироки 24 нафар шаҳрвандони 8 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия даври якуми озмуни "Дастархонороӣ” доир гардид.
Бино ба иттилои И. Набиев, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳадаф аз ташкил ва баргузории ин озмундар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021»мебошад. Ин чорабинӣ имконият фароҳам меорад, ки тавассути ҳавасмандкунии шаҳрвандон таомҳои миллӣ дар маҳалҳо эҳё гардида, бо истифодаи сарфакории моҳирона сифати оростани дастархон дар маъракаҳо беҳтар гардад.
Иштироккунандагони озмун ҳакамон ва тамошобинон беҳтарин таомҳоимиллиро бо тамоили сарфакорӣва сифатан оростани дастархон дар тӯю маъракаҳо, пешкаш намуданд.
Дар озмун Сайрамбӣ Исломова, сокини деҳаи Коҳдараи Ҷамоати деҳоти "Панҷрӯд” ғолиб дониста, ҳуқуқи иштирок намуданро дар даври дуюми озмун, ки дар нимаи якуми моҳи феврал дар сатҳи вилоят баргузор мегардад, ба худ касб намуд.
Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ғолиб муайян шуд

Фарҳанг ва адабиёт

Ғолиб муайян шуд

Фарҳанг ва адабиёт

Азми баргузории 30 фестивал ва озмун

Фарҳанг ва адабиёт
Темурмалик: «Андалеб-2018» оғоз мегардад

Темурмалик: «Андалеб-2018» оғоз мегардад

Фарҳанг ва адабиёт
Ҷ. Румӣ. Кадбонуи беҳтарин муайян шуд

Ҷ. Румӣ. Кадбонуи беҳтарин муайян шуд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо