Дар як сатр
» » ФЕСТИВАЛИ «ЧАКОМАИ ГЕСӮ»

ФЕСТИВАЛИ «ЧАКОМАИ ГЕСӮ»

1-02-2019, 12:04

Ба ифтихори эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  чандест,  ки дар шаҳру навоҳии кишварамон даври аввали фестивал - озмуни «Чакомаи гесӯ» идома дорад.
 
Мақсад аз баргузории фестивал - озмуни «Чакомаи гесӯ» намоиши мӯй, рӯй, ҳаракати мавзун, муоширати духтарон, намоиши ҳунари машшотаҳо ва ба ин васила тарғибу ташвиқи анъанаҳои беҳтарини миллӣ, аз қабили саршӯёну мӯйбофон, ҷамолакбандию кокулбофӣ, намоиши сарулибоси миллӣ мебошад. 
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ва ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оила, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия фестивал - озмуни «Чакомаи гесӯ» дар маҳаллаҳои ҷамоатҳои ноҳия баргузор гардид.  Рӯзи 19 январ бошад, фестивали мазкур бо иштироки беҳтарин ҳунарварони ҷамоатҳои деҳот дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1, воқеъ дар маркази ноҳия, баргузор гардид.
Иштирокдорони фестивал - озмун, ки аксаран духтарон буданд, тавонистанд ҳунари волои машшотагӣ, мӯйбофӣ, ороиши мӯй, гуфтору муошират, намоиши сарулибос, аз қабили чакану адрас, алоча ва ғайраро  бо маҳорати баланд иҷро намуда, мероси пурғановати гузаштагонамонро муаррифӣ намоянд. Ҳайати ҳакамон ба ҳунари духтарон баҳои баланд дода, беҳтаринҳоро бо ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардониданд.
 
Наҷот САФАРЗОДА,
ноҳияи Восеъ
 
Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб низ баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани фестивали шаҳрии «Чакомаи гесӯ» тадбирҷӯӣ намуда, бонувони ҳунарманд ва гулдухтарони Кӯлобро дар қасри фарҳанг ба ҳам овард.
Дар назди қасри фарҳанг бонувони ҳунарманд вобаста ба талаботи фестивал намоишгоҳи ҳунар-ҳои мардумиро ташкил намуданд. Дар намоишгоҳ маҳсули ҳунари бонувон, аз ҷумла чакану гулдӯзӣ, кашидадӯзию қаламарезгӣ, қолинбофию шерозбофиро ба маърази дид гузоштанд. Гулдухтарон намунаҳои либосҳои миллӣ, тарзи бофтани мӯй, ва чолбанду кокулҳои гуногунро намоиш доданд ва ба ин васила духтаронро ба фарҳанги миллӣ ва ороиши рӯю мӯй талқин намуданд.
Қисмати дуюми фестивал бо суханронии муовини раиси шаҳри Кӯлоб Кенҷамо Маҷидова оғоз гардид ва мавсуф қайд кард, ки фестивали мазкур дар тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, пешгирӣ аз фарҳанги бегонапарастӣ ва эҳё намудани анъанаҳои мардумӣ мусоидат мекунад.
Бо риояи шартҳои фестивал иштирокчиён намоиши мӯй, ороиши мӯю рӯй ва либосҳои миллиро аз матоъҳои атласу адрас ва чакан пешниҳод карданд. Беҳтарин машшотаҳои шаҳри Кӯлоб маҳсули офаридаҳои хешро манзури ҳозирон гардониданд. Дар фестивал сурудҳо дар васфи мӯю зулф ва кокул ва назокати духтарони тоҷик сароида шуда, рақсҳо бо либосҳои  миллӣ пешниҳод карданд.  Маросимҳои миллии саршӯёну сарбофон бо иҷрои суруду рақсҳо дар сатҳи баланд иҷро карда шуд, ки ҳадафи асосии фестивал мебошад.
Дар анҷоми фестивал ба иштирокчиёни фаъол ифтихорномаҳои бахши кор бо занон ва оила ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб супорида шуд. Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода ва ҳайати ҳакамон қайд карданд, ки беҳтаринҳо дар даври вилоятии фестивал  иштирок хоҳанд кард.
Чунин чорабинӣ бо омодагии ҳамаҷониба дар ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ низ доир гардид.
 
Ширинҷон Сафарзода,
шаҳри Кӯлоб


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Азми баргузории 30 фестивал ва озмун

Фарҳанг ва адабиёт
Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб - 2018»

Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб - 2018»

Фарҳанг ва адабиёт

Озмуни «Андалеб-2018» оғоз меёбад

Хабарҳо
«Ҷилваи ҳусн» - тарғибгари пираҳани миллӣ

«Ҷилваи ҳусн» - тарғибгари пираҳани миллӣ

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасон»

«Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасон»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА