Дар як сатр
» » Ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи бештар мебояд

Ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи бештар мебояд

30-01-2019, 19:51

Рӯзи 25 январи соли равон дар беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бӯрӣ Воҳидов вохӯрии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо кормандону масъулини соҳаи тибби шаҳру ноҳияҳо баргузор гашт. Сараввал, роҳбари вилоят бо фаъолияти табибон ва рафти корҳои сохтмонии ин муассиса шинос гардид. Тибқи лоиҳаҳои сохтмонӣ дар ин беморхона майдончаи кӯдакона, майдончаи варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои кормандон, фаввора ва гулгашти зебо бунёд ёфта истодааст.
Раиси вилоят бо нақшаи умумии сохтмони иншоотҳо шинос шуда, ҷиҳати босифат бунёд ёфтани иншоотҳои мазкур маслиҳатҳои муфид доданд.
Сипас, дар маҷлисгоҳи беморхонаи клиникӣ бо ширкатимуовинони раиси вилоят, дастгоҳ, мудирони шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои тандурустии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ҷамъомад доир гашт.
Нахуст ҳисоботи сардори Раёсати тандурустии вилоят С. Маллазода шунида шуд. Номбурда оид ба вазъи соҳа ва мушкилоти ҷойдошта гузориш дод. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз масъулини соҳа нисбати камбудиҳои ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, баҳри ислоҳи саривақтии он дар кӯтоҳтарин муҳлат дастур дод.
Роҳбари вилоят зимни суханронӣ ёдовар гашт, ки соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, пайваста зери таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки ҷиҳати иҷрои дас-туру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлиси ҷамъбасти нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар соли 2018, натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2019 чораҳои мушаххас андешанд.
Тавре ки роҳбари вилоят таъкид дошт, таҳлили вазъи соҳаи тандурустӣ нишон медиҳад, ки соли 2018-ум 373 миллиону 384 ҳазор сомонӣ аз буҷа ҷудо гардидааст, ки 25,3 фоизи ҳаҷми умумии буҷети вилоят-ро ташкил медиҳад. Ин рақам дар соли 2019 бошад,ба 433,6 миллион сомонӣ расида, 26 фоизи қисми буҷаи вилояти Хатлонро дар бар мегирад. Роҳбари вилоят аз дастоварду заҳматҳои кормандони соҳа ёдовар гашта, аз он изҳори ташвиш намуд, ки дар баробари пешравиҳо камбудиҳои ҷиддӣ низ ҷой доранд, ки яке аз онҳо нарасидани кадрҳои баландихтисос ба шумор меравад. Дар ҷамъомад нисбати дастгирии кадрҳои ҷавон, бунёди муассисаҳои ҳозиразамону муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир, пешгирии фавти модару кӯдак, дар умум, доир ба беҳдошти ҳолати санитарию эпидемиологӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятии зардпарвин, исҳоли хунин, сил, ВИЧ/СПИД, ВНМО ва ғайра таъкид рафт. Раиси вилоят масъулини шаҳру ноҳияҳоро баҳри ислоҳи камбудиҳои соҳаи тандурустӣ, дар амал татбиқ намудани барномаҳои дар ин самт қабулгардида муваззаф намуда, таъкид дошт, ки баҳри ҳавасмандии табибон ҷоизаи "Вориси Сино”-ро таъсис медиҳанд. Ҳамчунин, табибони беҳтарин низ бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шаванд
Ба номзадҳои илми тиб 5000 сомонӣ ва докторҳои илмӣ бошад, 10000 сомонӣ мукофот пешниҳод мегардад.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Қ. ҲАКИМЗОДА: «ДАР ПЕШРАФТИ КОРҲОИ КИШОВАРЗӢ ОБУ ҲАВО БАҲОНА ШУДА НАМЕТАВОН ...

Арсаи кишоварзӣ

Ба фасли сармо омода бошем

Хабарҳо
Аз таъсиси ҷойҳои нави корӣ сатҳи зиндагии мардум боло меравад

Аз таъсиси ҷойҳои нави корӣ сатҳи зиндагии мардум боло меравад

Ҳокимияти давлатӣ
Ба фасли тирамоҳу зимистон омодагии ҷиддӣ мебояд

Ба фасли тирамоҳу зимистон омодагии ҷиддӣ мебояд

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Камбудиҳо бояд зуд истлоҳ шавад!

Камбудиҳо бояд зуд истлоҳ шавад!

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР