Дар як сатр
» » Баррасии масъалаҳои тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон

Баррасии масъалаҳои тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон

31-01-2019, 10:43

23 январи соли ҷорӣ дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа аъзои Шӯрои вилоятӣ, котиби Шӯро, инчунин муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, сардори Раёсати минтақавии гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, раис ва котибони масъули Шӯро дар шаҳри Норак ва ноҳияи Данғара иштирок доштанд.
Дар ҷаласа панҷ масъала, аз ҷумла иҷрои нақшаи корӣ дар семоҳаи чоруми соли 2018, баррасии банди 19-и Нақшаи кории Шӯ-ро вобаста ба таклифу пешниҳодҳо оид ба такмилу мутобиқсозии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва оид ба таҳлили вазъи тарғиби ҳуқуқ ва тарбияи ҳуқуқӣ, санҷиши фаъолияти васоити ахбори оммаи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вобаста ба ширкат дар тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ва фаъолияти «Гӯшаи ҳуқуқӣ», натиҷаи омӯзиш ва санҷиши Шӯроҳои ноҳиявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони назди раиси шаҳри Норак ва ноҳияи Данғара, ҷамъбасти фаъолияти Шӯро дар соли 2018 ва муайян намудани вазифаҳо барои соли 2019, тасдиқи нақшаи кории Шӯро барои  соли 2019 баррасӣ шуда, оид ба ин масъалаҳо котиби масъули Шӯро, сардори Раёсати адлияи вилоят Салимзода Сафарҷон Абдуҷалол, прокурори вилояти Хатлон Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон баромад намуданд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода оид ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 ироа гардида буд, ба аъзои Шӯро супоришҳо дода, қайд намуд, ки кормандон ва фаъолони сохторҳои дахлдор ба масъалаҳои таъмини волоияти қонун ва риояи талаботи ҳуқуқӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа ва қонунҳои амалкунанда чораҳои қатъӣ андешиданд,
Раиси вилоят таъкид намуд, ки оид ба пешгирии аъмоли ифротгароӣ, хурофотпарастӣ ва бегонапарастӣ бо роҳи нашру паҳн намудани адабиёту брошюраҳои маҳкумкунанда, роҳандозии барномаҳои фаҳмондадиҳӣ ва роликҳои тарғиботӣ аз тариқи васоити ахбори омма, ба тасвиб расонидани фатвоҳои манъкунанда аз тарафи Шӯрои уламои вилоят, ташкил намудани дарсҳои тарбиявии хусусияти ватандӯстӣ ва зидди экстримистидошта дар муассисаҳои таълимӣ бояд ба роҳ монда шавад.
Инчунин, дастур дода шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқотию тарғиботиро оид ба талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар ба роҳ монда, таваҷҷуҳи сармуҳаррирони нашрияҳои даврии вилоятӣ ва маҳаллӣ ба ташкили гӯшаҳои ҳуқуқӣ ҷалб карда шавад.
 Баҳром Миров,
мутахассиси пешбари шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Баррасии масъалаҳои тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон

Ҳуқуқу амният

Ҷаласаи Шӯрои байниидоравӣ оид ба рушди туризм

Хабарҳо
Тадбирҳо оид ба роҳандозии маърифати ҳуқуқӣ

Тадбирҳо оид ба роҳандозии маърифати ҳуқуқӣ

Ҳокимияти давлатӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
А. Исмоилзода: «маърифат ва сатҳи дониши ҳуқуқии сокинонро баланд бардорем»

А. Исмоилзода: «маърифат ва сатҳи дониши ҳуқуқии сокинонро баланд бардорем»

Ҳуқуқу амният, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Раиси вилоят: «Бо мардум наздик бошед»

Раиси вилоят: «Бо мардум наздик бошед»

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА