Дар як сатр
» » ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ДАВЛАТ

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ДАВЛАТ

1-02-2019, 09:24

Давлат падидаи ҷамъиятӣ аст. Он дар натиҷаи инкишофи муносибатҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар давраи муайяни таърихӣ арзи ҳастӣ кардааст. Аз нигоҳи онтологӣ, давлат дар марҳилаҳои пайдоиш ва ташаккули хеш зинаҳои ниҳоят мушкил ва пуртазоди таърихиро аз сар гузаронидааст.
Муҳимтарин вазифаҳои давлат, дар ҳама шаклҳои он, таъмини истиқлолият, тамомияти арзӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон маҳсуб мегардад.
Мустақилияти давлат дар нигоҳ доштани ягонагӣ ва волоияти ҳокимияти давлатӣ дар қаламрави мамлакат ва соҳибихтиёрӣ дар муносибат бо субъектҳои сиёсии байналмилалӣ ифода меёбад.
Миллат бе доштани сарчашмаи асосии ҳуқуқӣ – ҳокимияти давлатӣ ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятӣ — сиёсӣ наметавонад аз нигоҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳамчунон фарҳангӣ, забонӣ, анъана ва урфу одат, ки аз нишонаҳои муҳимми миллат маҳсуб мегарданд, инкишоф ёбад, тараққӣ кунад, ормонҳои худро амалӣ созад. Халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимияти сиёсӣ эътироф мегардад, агар соҳибдавлат бошад. «Дар чаҳорчӯбаи давлат рӯҳи халқ – маънавиёт, қонунҳо — ҳукмфармоанд. Дар ин муҳит инсонро ҳамчун таҷассумгари ақлу хирад эътироф менамоянд. Ба ӯ ҳамчун мавҷуди озод ва шахсият муносибат мекунанд. Ҳамзамон, ҳар шахс дар алоҳидагӣ аз ҷониби худ мекӯшад, ки ба чунин ифтихор сазовор бошад» (Г.В.Ф. Гегель. Энциклопедия философских наук. Т.3. -М.: Мысль, 1977. -С. 243).
Кӯшиши сафед кардани ҷаҳонбинӣ ва идеологияи бедавлатӣ, ки баъзе гурӯҳҳо аз дуриҳо тарғиб карданӣ мешаванд, ғайри мафкураи ғуломӣ ва рӯҳи бандагӣ чизи дигаре нест.
Маълум аст, баъди шикасти давлати мутамаркази Сомониён (819-999), сарфи назар аз он, ки тоҷикон дар қаламрави муайян зиндагии дастаҷамъӣ мебурданд, аз ҳокимияти сиёсӣ маҳрум буданд. Истиқлолият надоштанд. Тоҷикон аз "муайян кардани муҳтаво, мақсад, маром ва самтҳои фаъолияти давлатдорӣ” (таърифи мухтасари мафҳуми сиёсат) дар канор нигоҳ дошта мешуданд. Чунин ҳолат – надоштани давлат, адами имкони тасмимгирӣ ва вобастагии сиёсӣ ба хислат, характер, ғурур, хештаншиносӣ, худшиносии миллӣ наметавонист бетаъсир монад. Ҳатмист, ки ин нуктаро мо донем. Эътироф кунем. Ба хотири дарки ҳақиқати таърих — сарчашмаи хатоҳо, бохтҳо, омилҳои аслии фоҷиаҳои ҳазорсола.
Инҷониб муътақид аст, қонунмандиҳое, ки дар табиат, ҷамъият ва тафаккур ҳамчун моҳияти инкишофи равандҳо дар назар дошта мешаванд ва илм онҳоро мавриди таҳқиқ қарор медиҳад, бештар хоси табиат мебошанд. Қонун ва қонунмандиҳо дар дараҷаи ҷамъият, муносиботи ҷамъиятӣ ва тафаккур устувор, поянда ва аксаран пешгӯишаванда нестанд. Хосияти пайдарҳамӣ надоранд.
Эҳтимоли қавӣ он аст, ки шикасти давлати Сомониён, умуман  таназзули ҳама гуна шакли давлатдорӣ, сабабҳои субъективӣ, муносибатӣ дорад. Мансуб ба сифати шахс, хислат, дараҷаи дониш, маърифат, самтгирии ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги сиёсии одамон — соҳибватанон аст. Таҳқиқи паҳлуҳои аслии ин фоҷиаи сулолаи Сомониён, ба хотири омӯхтани таҷриба ва такрор накардани он хатоҳо, аз вазифаҳои илм маҳсуб мегардад. Ба назар мерасад, методи муқоисавӣ-таърихии таҳқиқ дар ин маврид, ҳақиқати воқеиро дар тазод, дигаргунӣ, пешравӣ ва ё баръакс, возеҳтар тафсир карда метавонад.
Муҳимтар аз ҳама, таҳқиқи ҳар рӯз ва ҳар саҳифаи наздик ба се даҳсолаи таърихи давлатдории мост. Тибқи таъкиди яке аз асосгузорони материализми нимаи дуюми асри ХIХ: «Ҷамъи далелҳо наметавонанд илмро ташкил кунад». Илм ниёз ба таҳлил, таҷзия, муқоиса ба воқеияти таърихи муосир ва хулосаҳои дар таҷриба санҷидашударо дорад.
Давлат  наметавонад бе назария – шакли дар тафаккури инсонӣ ҷамъбастшудаи воқеияти зиндагӣ зуҳур ёбад, рушд кунад. Ҷаҳонбинии давлатсозӣ ва таъмини рушди бемайлони он маҷмӯи дониш ва тасаввуротеро тақозо мекунад, ки дар натиҷаи таҳлил ва хулосабарории дуруст, мантиқӣ рӯи кор омадааст.
Сохтани давлати миллии тоҷикон дар шароити навин аз рӯи ақл, хирад, дониш, тасаввурот ва таҳлили таҷрибаи амиқи таърихӣ, дидгоҳ ва арзёбии дурусти воқеияти зиндагии рӯзмарра, бо назардошти равандҳои геополитикии минтақа ва ҷаҳон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайваст, зина ба зина амалӣ гашт.
Мо, бо амри тақдир, аз ҳамасрони ин Бузургмарди таърихи миллати тоҷик буда, аз аввалин лаҳзаҳои рӯи саҳнаи сиёсӣ омадан, аз нахустин суханрониҳо, иқдомоти ҷавонмардонаи ӯ мушоҳида мекардем, ки ниҳоди ин Шахсияти беназир аз нақшаҳои идеалӣ, афкори созанда, ки воқеан ба бунёдгузории давлати миллии тоҷикон нигаронида шудаанд, саршор аст. Хиради азалӣ, сифатҳои волои инсонӣ, адолатпарварӣ, рӯҳи қавӣ, маданият ва маънавиёти олии ӯ ба ин мақсадҳои эъломгаштаи бахтовар тавъам ва созгор ҳастанд.
Имрӯз мо бо гузашти солҳо воқеияти реалиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ватани азизамон мебинем. Мунсифона ба хулоса меоем: дар натиҷаи заҳмати ҷонкоҳонаи Раҳбари давлат кишвари мо ба он натиҷаҳое ноил гашт, ки сараввал ҳамчун маром, ният ва ормонҳои миллӣ аз ҷониби ин шахсияти таърихӣ эълом гашта буданд. Бори дигар он нукта собит гардид, ки мақсади аслӣ, агар бо ҷавҳари бузурги шахсият ба ҳам оянд, манзалати қонунмандиро ба худ мегиранд. Натиҷаи амал барои таъмини манфиатҳои миллӣ – беҳтарин далели сифати шахсият аст.
Дастовардҳои давлати тоҷикон дар даврони истиқлолият ҷанбаҳои бузурги илмӣ-назариявӣ доранд. Онҳо дар асарҳои илмӣ-таърихӣ, суханрониҳо, ки дар асоси таҳлили амиқи паҳлуҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодии мамлакат аз ҷониби Пешвои миллат сурат гирифтааст, баръало намоёнанд.
Яке аз муҳимтарин ҳуҷҷатҳои барномавие, ки дар муддати бист соли охир ба тарзи муъҷаз дастовардҳои миллиро дар иқтисодиёт, иҷтимоиёт, сиёсат, илм, фарҳанг, маориф ва таъмини амнияти кишвар таҳлил, баррасӣ ва арзёбӣ мекунанд, нақшаҳои наздиктаринро коркард ва дар асоси онҳо дурнамои рушди давлатдорӣ муайян мегардад, Паёмҳои Сарвари давлат ба Парлумони кишвар мебошанд.
Паёми навбатӣ муҳимтарин ҷанбаҳои ҳаёти давлати тоҷиконро дар соли 2018, ҳамчун натиҷаҳое,  ки наздик ба ду даҳсолаи ахир ба он замина гузошта шуда буд, баррасӣ кард. Мароми созандагии давлати тоҷиконро то соли 2030 тарҳрезӣ намуд.
Дар Паём ҳамчун дастоварди муҳим – нишонгари обрӯ, эътибор ва эътирофи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо манзалати кишвари «ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ» аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтани пешниҳоди Роҳбари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028», ёдрас гардид.
Ин ташаббуси чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи ҳифз ва самаранок истифода кардани захираи ҳаётбахши табиӣ – об дар миқёси олам мебошад.
Маълум аст, ки таъмини оби ошомиданӣ барои аҳолии кураи замин аз муҳимтарин масъалаҳои мавҷудияти инсон ва шарти муваффақона зиндагӣ кардани ӯст. Аз кулли зуҳуроти моддӣ, ки дар феҳристи арзишмандиҳои дунё мадди назаранд, қиматтарини он об ба ҳисоб меравад. Он ягона сарвати дун-ёст, ки аз ҷиҳати таркиби химиявӣ эквиваленти баробарвазн надорад. Ивазшаванда нест. Ғайри шароити мувофиқи табиӣ – релеф, мавқеи ҷойгиршавии сарзамин, «истеҳсол»-и оби ошомиданӣ ғайриимкон аст. Маҳз ба ҳамин хотир, таъмини об барои мардумони сайёра мушкили аввалиндараҷа маҳсуб мегардад. Мутаассифона, афзоиши аҳолӣ дар дунё бо захираҳои обии олам дар таносуби мусбат қарор надоранд.
Ибораи«Об барои ҳаёт» ифодакунандаи маҷмӯи мафҳумҳост. Он таъмини зиндагии шоиста, ҳифзи саломатии инсон, рушди иқтисодии тамоми соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ, ободонӣ, дар ҳамин асос таъмини амнияти давлат, минтақа ва умуман ҷаҳонро дар назар дорад. Аз ҷониби Созмони Милали  Муттаҳид дастрасии сокинони сайёра бо оби тоза аз масъалаҳои рушди устувор ва амнияти дастаҷамъӣ арзёбӣ мегардад.
Сарфи назар аз кӯшиши созмонҳои байналмилалии минтақавӣ ва универсалӣ, таъмини саросарии инсоният бо оби тоза аз мушкилоти сатҳи глобалӣ боқӣ мемонад: «дар дунё зиёда аз 80 миллион нафар ба оби нӯшокии бехатар ва зиёда аз дувуним миллиард ба хизматрасонии одитарини соҳаи беҳдошт (санитария) дастрасӣ надоранд. Ҳар сол то сесад ҳазор нафар кӯдаки то синни панҷсола ба иллати набудани дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар ва беҳдошт ба ҳалокат мерасад» (аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028». Шаҳри Душанбе, 20.06.2018).
Тоҷикистон, ки дар қаламрави он зиёда аз 60% захираҳои обии Осиёи Марказӣ тавлид мегардад, на танҳо ҳамчун сарчашмаи асосии ба маводи ҳаётан муҳим таъминкунандаи яке аз минтақаҳои сернуфуси олам, балки ташаббускори истифодаи сарфакоронаи ин неъмати бебаҳо ба мақсади тараққӣ ва пешрафти мардумони сайёра  мебошад.
Наваду се фоизи сарзамини моро кӯҳҳои осмонбӯс ташкил мекунанд. Бо кулли шаҳомат ва бузургӣ онҳо шабонарӯзӣ ба  азхуд намудан, захира кардан ва «истеҳсол»-и ин моеи ҳаётбахш «машғуланд».
Ташаббусҳои Пешвои миллати  тоҷик дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун рамзи эътирофи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ва эътибори давлатдории тоҷикон, боиси ифтихор, сарафрозӣ, хештаншиносӣ ва худшиносии миллии мост.
Дар Паёми навбатӣ ба кор андохтани агрегати якуми неругоҳи барқи обии Роғун ҳамчун «иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон», «ибтидои гардиш ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ — истиқлолияти энергетикӣ» номбар карда шуд.
Ба назар мерасад, ки баҳои ҳақиқии оғози кори неругоҳи барқи обии Роғун мансуб ба наслҳои ояндаи сипосгузори миллати бонангу номус ва ҳақбини тоҷик аст. Ҳамасрон, ки шоҳиди ин воқеият ҳастанд, бояд бо ҳақнигорӣ ва ростӣ қазоват кунанд: ин ормони чандинсолаи мардуми Тоҷикистон бо чӣ гуна қаҳрамонӣ, ҷавонмардӣ, сарсупурдагӣ дар роҳи таъмини ҳадафҳои рушди миллӣ аз ҷониби  Сарвари давлат ба даст омад.  Роғун барои миллати тоҷик бузургтарин имтиҳон баъд аз истиқлолияти давлатӣ ва сулҳофаринӣ дар сарзамини аҷдодии мо аст.Ин падида дар арзёбии давлатдорӣ таъйиди пайки тавонмандии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ, зеҳнӣ, фарҳангӣ, хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ мебошад. Роғун аз бузургтарин далели воқеияти давлатдории тоҷикон, нишонгари самаранокии сиёсати дохилӣ, хориҷӣ, обрӯ, эътибор ва манзалати мардуми сарбаланди  мо дар арсаи ҷаҳон аст. Дар баробари аҳамияти бебаҳои иқтисодӣ, раҳкушои мушкилоти иҷтимоии давлатдории навин, ҳамчун бурҳони маънавиёти олии таърихан шаклгирифтаи миллати тоҷик аст. Роғун ҳамоса ва тантанаи ақлу хиради миллист. Роғун ҳувияти миллии мост. Он асрҳои аср, чун бурҳони қотеи корномаи нотакрори Қаҳрамони миллии тоҷикон, мисли офтоби дурахшон осмони бекарони саодати миллии моро нурафшон хоҳад кард.
Борҳо дар сатҳи олӣ эълом гашт ва таъйид гардид, ки НБО-и Роғун ҳамзамон ифодакунандаи манфиатҳои ҳаётан муҳимми кишварҳои минтақа мебошад.
Агар пояи аслии шаклгирӣ ва муттаҳидшавии ҷаҳонбиниҳо ҳастии ҷамъиятӣ эътироф гардида бошад, Роғун беҳтарин намуна барои якмаромӣ ва ваҳдати миллӣ хизмат менамояд. Гуногунии структуравӣ ва функсионалии дидгоҳи мардуми солимфикр дар мисоли Роғун сифати ягонагӣ ва арзишмандии умумимиллиро касб мекунад. Маҳз барои ҳамин Роғунро хориҷиён ҳамчун идеяи миллии тоҷикон эътироф кардаанд. Ҳарки ёди Тоҷикистон кунад, месазад сараввал Роғунро бо тамоми маънӣ ва муҳтавои бунёдӣ, ҳамчун муҷассама ва гавҳари воқеияти нангу номуси миллӣ пеши рӯ биёрад.
Ҳаллу фасли мушкилоти муносибот бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, эъломи амалкарди алоқаҳои бародарӣ,  комёбӣ ба шарикии стратегӣ бо ин кишвари дӯст дар Паём аз сеюмин дастоварди бузурги сол эътироф гардид.
Дар Паёми Сардори давлат дар канори ҳам омадани ду ҳамсоякишвар ҳамчун «рӯйдоди таърихӣ» номбар шудааст. Чунин сатҳи арзёбӣ аз анъанаҳои асрҳои аср шаклгирифтаи муносиботи ду миллат сарчашма мегирад. Дар системаи равобити минтақавӣ он хусусиятҳои хоси худро дорад. Ду миллат, воқеан арзишҳои бузурги умумияти ҷаҳонбинӣ, анъанаҳо ва урфу одатҳои ба ҳам наздик доранд. Барқарории робитаҳои нек, ки дар изҳороти сиёсӣ, меъёрҳои ҳуқуқӣ ва сиёсати амалӣ ифода ёфт, баёнгари манфиатҳои миллии ду ҷониб маҳсуб мегарданд. Эътимод ва амнияти минтақавиро қувват мебахшанд. Барои рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии  миллатҳои мо ва минтақа созгор мебошанд. Чунин иртибототи бародарона, бешубҳа, ба ду кишвари дӯст имконоти самараноки истодагарӣ ва муборизаи муштарак бурданро бо таҳдидҳои рӯзафзуни  террористиву экстремистӣ фароҳам месозанд.
Дар ин ҳуҷҷати барҷастаи таърихӣ истифодаи истилоҳоти ифодакунандаи марҳала, ҳаллу фасли масоили «сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ», «ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардум» дар дараҷаи баланди масъулияти эҳсоси бародарӣ ва қаноатмандӣ тавзеҳ гаштаанд. Эътимоди қавӣ аст, ки чунин шакли ифода дар ҳуҷҷати барномавӣ барои наслҳои ояндаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дорои аҳамият ва мантиқи бузурги пайравӣ ва боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои ду миллати бародар мебошад.
Муносиботи кишварҳои мутамаддин ва тараққикардаи дунё бар бунёди гаштугузори озоди одамон, молиёт, мавод ва хадамот (free movement of people, many, goods, and services) асос ёфтааст. Ин қонунмандӣ, мантиқи илман ва амалан тасдиқгаштаи алоқамандии халқу миллатҳо, ки омили муҳимми рушд ва таъмини амнияти минтақавӣ мебошад, дар муносибат бо кишвари ба мо дӯсти Ӯзбекистон возеҳ тафсир гаштааст: «дар натиҷа рафтуомади озодонаи мардум таъмин гардида, дар зарфи нӯҳ моҳ беш аз дуюним миллион нафар шаҳрвандони ду кишвар ба дидори хешу табори худ муяссар шуданд ва ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитарӣ ба маротиб таҳким ёфтанд» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»: -Д.: 2018. -Саҳ. 4).
Дар Паём ба система, структура, функсия, хосиятҳои сифатӣ ва имконоти қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷомеа аҳаммияти аввалиндараҷа дода шудааст. Ин мафҳумҳо дар вобастагии кулл ба дараҷаи рушди тараққиёти саноат ва хоҷагии қишлоқ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба инкишофи минбаъдаи онон таваҷҷуҳи маҳз зоҳир гардидааст. «Ноил шудан ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд пешбинигардида… баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум» ҳамчун мақсади аслии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст.
Боиси қаноатмандист, ки Паём роҳҳои таъмини рушди устувори иқтисодии мамлакатро аз ҷиҳати назариявӣ асоснок намуда, воқеияти амалӣ кардани онро аз лиҳози мантиқӣ бо роҳ, усул ва натиҷаҳои таҷрибаи пешрафти иқтисодиёти ҷаҳонӣ, бо назардошти хусусиятҳои сифатӣ ва миқдории макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасӣ кардааст. Дар ин самт, шаш усули таъмини рушди иқисодиёти давлат таъкид гардидааст: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба самти ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти неруи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат ҳадафи олии худ эълон намудааст»(Саҳ. 4).
Хотирнишон бояд сохт, ки роҳ ва воситаҳои таъмини тараққиёти бемайлони мамлакат дар марҳалаи истиқлолияти давлатӣ аз ҷиҳати назариявӣ маҳсули андешаи хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат мебошад.
Гуруснагӣ, нодорӣ, қашшоқӣ, касоди иқтисодӣ, вазъи фоҷиабори дар маҷмӯъ умумиллии камбизоатӣ, ки бо ҷанги хонумонсӯз тавъам афтода буд, аксарияти аҳолиро ба эҳтимолияти  ислоҳоти вазъ ва ояндаи нек навмед мегардонд. Акнун равшан аст, ки маҳз тавассути давра ба давра амалӣ кардани ислоҳоти иқтисодӣ мардумро аз он вартаи ҳалокатбор  берун овард.
Дар шароити навини рушди устувори иқтисодиёти миллӣ, тамоюлҳои мусбат дар муносиботи Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, такон бахшидан ба самтҳои махсусан аҳаммиятноки ҳаёти мамлакат вазифаҳои асосии ҳукумат дониста мешаванд.
Нуктаи муҳимми эътимодбахш дар Паём асоснок кардани нақшаҳои афзалиятноки иқтисодӣ мебошад. Хотирнишон  гардид, ки дар натиҷаи амалӣ кардани вазифаҳои дар ҳуҷҷатҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла Паёми соли 2017 пешбинишуда, «рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7,3 фоиз ҷамъбаст гардида, таваррум дар сатҳи 5,4 фоиз нигоҳ дошта шуд» (Саҳ. 4).
Аз рӯзҳои аввали ба уҳда гирифтани зимоми давлатдорӣ,  Пешвои муаззами миллат ду вазифаи асосии умумимиллиро эълом доштанд: таъмини сулҳу субот ва амнияти кишвар тавассути ислоҳоти иқтисодӣ – гузаштан ба механизми нави хоҷагидорӣ, давра ба давра беҳбуд бахшидани аҳволи иҷтимоии мардум. Дар Паём хотирнишон гардид, ки «зиёда аз 150 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шуданд». Аз  ҳамин ҳисоб, шумораи нафароне, ки «ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 25 фоиз кам гардид».
Иммануил Кант (1724-1804) аз донишмандони машҳури олмонӣ таъкид  кардааст: «дар ҳар илми табиатшиносӣ он қадар ҳақиқат ҳаст, ки дар он ҳамон қадар математика вуҷуд дорад». Дарвоқеъ, нишондодҳои рақамии Паём ҳар шахси ҳақиқатбинро водор ба андеша мекунад.
Тибқи меъёрҳои байналмилалӣ, мамлакати мо аз лиҳози релеф, мавқеи географӣ, нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шароити табиии душвор қарор дорад. Оид ба дарёфти захираҳои табиӣ, махсусан маводи сӯхт, бо мушкилот рӯ ба рӯ аст. Аз лиҳози геополитикӣ дар қисмати «gold thrееangle»(секунҷаи тиллоӣ) ҷойгир мебошад, ки таваҷҷуҳи махсуси субъектҳои муассири байналхалқиро ба худ ҷалб мекунад. Тоҷикистон дар тули наздик ба яку ним ҳазор километр бо Афғонистон ҳаммарз аст. Нисбат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо мамлакати буферӣ (пешҳимояткунанда) маҳсуб мегардад. Яъне, бо саъю кӯшиши том, гоҳо ба қимати ҷони фарзандони сарсупурдаи худ, хароҷоти молӣ ва моддии зиёд, сарҳади давлатии кишварҳои муштаракулманофеъро дар қаламрави худ аз гурӯҳҳои террористӣ, қочоқи силоҳ, муҳиммот, маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҳимоят мекунад.
Бояд  ба инобат гирифт, ки дар ҳамин шароит таъмини рушди устувори иқтисодии мамлакат аз мушкилтарин  масъалаҳо маҳсуб мегардад.
Мавриди омӯзиш ва андеша қарор додани суръати афзоиши аҳолии кишвар, таъмини ниёзҳои мардум, дар баробари ин баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволӣ ва рушди таъмини иҷтимоии мамлакат аз мавзӯъҳои рӯзмарраи фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар Паём қайд гардидааст, ки соли ҷорӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар пешравии муайян дар назар дошта шудааст. «Тибқи нақшаҳои тасдиқшуда, дар соли 2019 афзоиши қисми даромади буҷети давлатӣ нисбат ба соли 2018 13 фоиз, суръати рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз 7 фоиз ва таваррум дар сатҳи на зиёда аз 7 фоиз таъмин гардида, даромади пулии аҳолӣ на кам аз 10 фоиз афзоиш меёбад» (Саҳ. 6).
Паём аз нигоҳи илмӣ ҳуҷҷати ба пуррагӣ коркардшуда мебошад. Он на танҳо воқеияти имрӯз, балки эҳтимолияти равандҳои пуртазоди геополитикӣ, ки асоси онҳоро зиддияти манфиатҳо дар самти иқтисодиёт ташкил мекунад, ба инобат гирифтааст. Дар он фарзияҳои гуногуни ғайричашмдошт дар раванди табодул ва гардиши вазъияти пулӣ ва молии дунё таъкид гардидаанд. Оид ба ин масъала, таҷрибаи таърихӣ, зарурати экстрополятсияи мантиқии воқеият дар соҳаи иқтисодиёт, дар шароити оянда тасаввур кардани вазъи имрӯза хотиррасон шудааст: «Барои босифат иҷро шудани ин вазифаҳо, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки пайомадҳои иқтисодиву иҷтимоии раванди тағйир ёфтани муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, вазъи бозорҳои молиявӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва таҳримҳоро мунтазам таҳлил карда, ҷиҳати пешгирӣ кардани таъсири манфии чунин омилҳо ба иқтисоди миллии мо тадбирҳои заруриро амалӣ гардонад» (Саҳ. 6-7).
Чунин тарзи масъалагузорӣ,  имконоти бештарро оид ба эмин нигоҳ доштани манфиатҳои иқтисодии мамлакат ҳам дар дохил ва ҳам дар муносибат бо субъектҳои иқтисодии хориҷӣ фароҳам месозад. Масъулияти субъектҳои хоҷагидориро вобаста ба истифодаи захираҳои моддӣ ва маънавӣ дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза бештар мегардонад.
Дар Паём се самти ҳаётан муҳимми тараққиёти иқтисодии мамлакат (таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз  бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ), ки бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи Пешвои муаззами миллат коркард ва амалӣ шуда истодаанд, номбар гардиданд.
Ба воқеият табдил ёфтани ин нақшаҳои бузург сатҳ ва сифати зиндагии мардуми Тоҷикистонро ба куллӣ тағйир дод. Ваҳдати миллиро тақвият бахшид. Амнияти давлати тоҷиконро асос гузошт. Обрӯи давлати моро дар минтақа ва ҷаҳон баланд бардошт. Заъфи маънавиёти миллӣ, як навъ хиҷолати саросарии мардумиро, ки дар натиҷаи ҷанги бародаркушӣ аз ҷониби хоинони миллат зуҳур карда, манзалат ва рӯҳи тоҷиконаро дар ҷаҳон хазон карда буд, бартараф сохт. Эътиқоди миллати куҳанбунёд, соҳибтамаддун будани тоҷикро барқарор кард, қудрати давлатсозӣ ва муҳимтар аз ҳама тавони давлатдорӣ доштанашро тасдиқ намуд. Душмани бафаҳмро ба андеша водор ва забонкӯтоҳ сохт.
Дар марҳалаи нав эълом шуд, ки мо «нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ - индустриалӣ ба индустриалӣ - аграрӣ амалӣ гардонида истодаем». Дар се соли охир, расидани ҳиссаи саноат аз 15,2 то 17,3 фоиз дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат, далели собиткунандаи ҳамин гуна пешравиҳо мебошад.
Мантиқи бузурги Паём, ки дар асл ба қишрҳои гуногуни аҳолӣ равона карда шудааст, дастрас ва оммафаҳм баён гаштааст. Масъалаҳои мураккаби иқтисодӣ бо забони сода ва баёни озода тафсир ёфтаанд. Мақсадҳои олии Пешвои муаззами миллат бо далелҳои муътамад, бо лафзи кушодани «гиреҳ аз кори ҷаҳон» ифода шудаанд.
Тавре хотирнишон гардид, зина ба зина амалӣ гаштани се ҳадафи иқтисодӣ ба марҳалаи ниҳоят душвори вазъи давлатдории мо  рост омад ва кишварро аз вартаи нобудӣ раҳо дод. Ҳамакнун, Сарвари давлат эътиқодмандона ва боварибахш иброз доштанд: «Дар робита ба ин ва бо дарназардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад» (Саҳ. 8-9).
Вобаста ба ин, Сарвари давлат зарурияти то соли 2030 дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонидани ҳиссаи саноатро амри зарурӣ донистанд.
Аз Паём бармеояд, ки барои Ҳукумати Тоҷикистон роҳ ва усулҳои саноатикунонӣ возеҳ ва равшан аст. Асоси он — таҳти назорати қатъӣ гирифтани барномаҳои соҳавии қабулгардида, назорати тахассусмандона аз болои роҳандозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, таъмини самаранокӣ ва сифати натиҷаи ин корҳо номбар шудааст. Ҳамчунон, дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар сатҳи роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ба тарзи мушаххас вазифаҳои муҳимми ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, ташкили ҷойҳои нави корӣ гузошта шуд. Барои назорати қатъӣ, эҳсоси ҷавобгарӣ ва масъулият дар иҷрои самараноки самти фаъолият, ба роҳбарони аввали мақомоти номбурда муҳлати аниқ ҷиҳати пешниҳод кардани ҳисобот муайян гардид.
Яке аз масъалаҳои муҳим – давра ба давра таъмин кардани ниёзҳои мардум, талаботи соҳаҳои  саноат, хоҷагии қишлоқ ба молу маводи ватанӣ, ҳамчунон кам кардани ҳаҷми воридот маҳсуб мегардад.
Дар Паём таъкид карда шудааст, ки яке аз масъалаҳои калидии  рушди иқтисоди миллӣ – ҳавасмандгардонӣ ба хотири истеҳсолоти ивазкунандаи воридот мебошад. Маҳз дар натиҷаи амалӣ кардани чорабиниҳои мушаххас аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муяссар гардид, ки«аҳолӣ аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ бо молҳои асосии хӯрокворӣ, асбобҳои рӯзгор ва масолеҳи сохтмон таъмин гардида, ҳаҷми воридоти маводи ғизоӣ аз хориҷи кишвар дар давоми се соли охир қариб се миллиард сомонӣ ё 31 фоиз коҳиш дода шавад» (Саҳ. 9-10).
Дар натиҷаи кӯшиш ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат, амалӣ кардани роҳ, усул ва методҳои асили дипломатияи сатҳи олӣ, омода кардани фазои эътимод дар дохили кишвар, институтҳои молиявии минтақавӣ ва ҷаҳон «дар 10 соли охир ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 33 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидааст» (Саҳ. 11). Вобаста ба муҳиммият, системаофаринӣ ва пешбаранда будан «қисми зиёди он ба рушди соҳаҳои энергетика, алоқа, сохтмон, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок ва бунёди инфрасохтор равона шудааст» (Саҳ. 11).
Моратория ба дахолат дар фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ барои солҳои 2019-2020
Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Паём моро ба зиндагии осоишта роҳнамоӣ менамояд

Номаҳои Шумо

Роҳ ба сӯи фардои дурахшон

Номаҳои Шумо
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ...

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ...

Хабарҳо
Омили дастовардҳои нав

Омили дастовардҳои нав

Сиёсат
Роҳнамо ба сӯйи фардо

Роҳнамо ба сӯйи фардо

Номаҳои Шумо