Дар як сатр
» » Аёдати собиқадорон кори савоб аст

Аёдати собиқадорон кори савоб аст

1-02-2019, 10:08

Рӯзи 30 январи соли равон раиси вилояти  Хатлон Қурбон Ҳакимзода қабл аз мулоқот бо фаъолони шаҳри Бохтар, чун анъана, аз манзили зисти собиқадорони  соҳаҳои хоҷагии халқи маркази вилоят дидан намуд. Бо меҳтарони шаҳр суҳбат орост.
Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Откин Александр Дмитриевич, истиқоматкунандаи кӯчаи Кайҳоннавардон, аз раиси вилоят ҷиҳати ғамхориҳои доимӣ изҳори миннадорӣ намуда, таъкид дошт, ки аз сиёсати оқилонаи Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузоранд. Роҳбари мамлакат пайваста аз ҳолу аҳволи меҳтарони ҷанг пурсон мегарданд ва шахсан ба онҳо кумакҳои моддӣ мерасонанд.
 Ҳамин тавр меҳтарони соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят Сатторова Зебо Мансуровна, Латофат Сироҷова, Амирхон Шамсов низ аз мулоқоти раиси вилоят изҳори сипос намуданд. Меҳтарони арсаи ҷангу меҳнат дар солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ баҳри таъмини ғалаба бар фашизми гитлерӣ, барқарорсозии оқибатҳои ҷанг, фаъолгардонии заводу фабрикаҳо, ба кор андохтани заминҳои кишоварзӣ, азхудкунии заминҳои бекорхобида, ободониву созандагӣ, таъмини амнияти мардум ва ғайра заҳмати зиёд кашидаанд, имрӯз низ зиндагиномаи онҳо авроқи рангинест барои ҷавонон. Роҳбари вилоят қабл аз мулоқот бо фаъолони шаҳри Бохтар, ҳамчунин, аз маркази ташхисиву тиббии Хатлон воқеъ дар кӯчаи С. Айнӣ дидан намуда, бо табибон суҳбат орост. Ҳамзамон аз рафти корҳои сохтмонии бинои Маркази ташхисиву табобатии Хатлон аз наздик ошно гардид. Равшан гардид, ки дар ин Маркази  ташхисиву табобатӣ 30 нафар табибон фаъолият доранд. Дар сурати ба анҷом расидани сохтмони бинои иловагии муассиса боз ҷойҳои нави корӣ муҳайё ва хизматрасонии тиббӣ беҳтару хубтар мегардад.
Сипас, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо фаъолони шаҳри Бохтар суҳбат орост. Дар мулоқоти раиси вилоят бо аҳли ҷамоатчигии шаҳри Бохтар муовинони раиси вилоят, дастгоҳ, мудирони шуъбаҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ ширкат доштанд.  Сараввал раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода оид ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ҳисобот дод. Раиси вилоят пас аз шунидани гузориши раиси шаҳри Бохтар аз масъулини соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳо нисбати камбудиҳои ҷойдошта пурсиш ба амал овард. Масъулинро барои бо корҳои ободониву бунёдкорӣ ва равшаннамоии кӯчаю гулгаштҳо, ташкилоту муассисаҳо, боғчаю мактабҳо истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳнамун сохт. Ҳамчунин, барои таъмири роҳҳои маркази вилоят, бунёди иншоотҳои ҷашнӣ супориш дод.
Роҳбари вилоят ҳамчунин аз фаъолияти сусти корхонаҳои саноатӣ ва сохтмонии ҳудуди шаҳр изҳори ташвиш намуда, таъкид дошт, ки саноатикунонии мамлакат ҳадафи чоруми Ҳукумати ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, бунёди корхонаҳои хурди истеҳсолӣ ҷиҳати рушди иқтисодӣ замина мегузорад. Роҳбари вилоят таъкид дошт, ки дар маркази вилоят, аз ҷумла дар назди мавзеъҳои таърихиву сайёҳӣ таъсиси корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзӣ, адрасу атласбофӣ ва дигар ҳунарҳо зарур аст. Зеро сайёҳон метавонанд ҳангоми боздид аз гӯшаҳои зебои диёр армуғоне аз ҳунармандони хатлонӣ харидорӣ намоянд.
Раиси вилоят ба фаъолони шаҳри Бохтар, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятиву шаҳрӣ бобати омодагӣ ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва истиқболи арзанда аз санаи муҳими таърихӣ 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳо доданд.
Пас аз мулоқот бо масъулину фаъолони шаҳри Бохтар раиси вилоят аз маҳаллаи Ғайрат дидан намуда, бо фаъолияти хоҷагидории Эргаш Султонов ва Ёқубҷон Қосимов ва аҳли хонаводаи онҳо шинос шуд. Ин деҳқонони соҳибтаҷриба аз ҳар як ваҷаб замин самаранок истифода бурда, даромади хуб ба даст меоранд. Дар гармхонаҳои шахсиашон даҳҳо навъи помидор, бодиринг, лимӯ, сабзавот парвариш меёбад. Раиси вилоят барои боз ҳам ривоҷ додани истеҳсоли сабзавоти барвақтӣ ба деҳқонон маслиҳатҳои муфид дод.
А. САФАРОВА,
«Хатлон»
Аксбардор М. СОТИЕВ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи бештар мебояд

Тандурустӣ ва экология
Сипоси қадри инсон кори нек аст

Сипоси қадри инсон кори нек аст

Ҳокимияти давлатӣ
«Ба корҳои ободониву созандагӣ бояд диққати бештаре дод»

«Ба корҳои ободониву созандагӣ бояд диққати бештаре дод»

Ҳокимияти давлатӣ
«Барои пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ аз имкониятҳои мавҷуда истифода бояд б ...

«Барои пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ аз имкониятҳои мавҷуда истифода бояд б ...

Ҳокимияти давлатӣ
Мулоқоти судманд

Мулоқоти судманд

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, АСАЛМО САФАРОВА