Дар як сатр
» » Ҳадаф-саноатикунонии соҳаи кишоварзӣ

Ҳадаф-саноатикунонии соҳаи кишоварзӣ

1-02-2019, 11:53

Рӯзи 28 январи соли равон раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон бо намояндагони лоиҳа оид ба рушди иқтисодии деҳоти Бонки Ҷаҳонӣ таҳти роҳбари гурӯҳ Андреа Долл Олио мулоқот намуд.
Раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон нисбати фаъолияти кишоварзони вилоят сухан ронда, таъкид дошт, ки айни замон 65 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермерӣ фаъолият доранд. Дар вилояти Хатлон ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ пурра амалӣ гардида, имрӯз замин дар ихтиёри деҳқон қарор дорад. Хоҷагидорон баҳри ноил гардидан ба дастовардҳои меҳнатӣ ҷидду ҷаҳди беандоза доранд. Айни замон 50 ҳазор гектар боғҳои нав бунёд ёфтааст. Дар шаҳру навоҳии вилоят боғҳои нави интенсивӣ низ қомат афрохта, ҳосили зиёде ба бор овардаанд.
Роҳбари вилоят ёдовар гардид, ки айни замон ҷиҳати истеҳсол, коркарду содироти маҳсулоти кишоварзӣ диққати ҳамаҷониба дода мешавад. Аз ин рӯ, таъмини тухмии босифати зироатҳои кишоварзӣ дар мадди аввал қарор дорад. "Саноатикунонии кишвар яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад”, ироа дошт, раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон дар мулоқот бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ва афзуд, ки дар ин самт бояд корхонаҳои нави истеҳсолӣ сохта, баҳри ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ кӯшиш ба харҷ диҳем.
Намояндаи лоиҳа оид ба рушди иқтисодии деҳоти Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Андреа Долл Олио аз пазироии самимии раиси вилоят изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки дар ҳақиқат, рушди иқтисодӣ муҳим арзёбӣ мегардад ва дар ин самт бештар ба саноатикунонии соҳаи кишоварзӣ диққати муҳим ҷиддӣ додан аз аҳамият холӣ нест. Барои афзун гардонидани маҳсулоти кишоварзӣ, нигоҳдории меваю сабзавот, коркарду содироти он, бештар сармояи хориҷию дохилиро ҷалб кардан ба манфиати кор аст.
Бахусус, лоиҳаҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар самти кушодани нуқтаҳои қабули шир аз хоҷагидорон ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ нигаронида шудааст.
Роҳбари вилоят таъкид дошт, ки баҳри истеҳсолу нигоҳдории меваҷоту сабзавот, пеш аз ҳама, ба сифатнокии тухмии маҳсулот диққати ҷиддӣ дода мешавад. Айни замон хоҷагидорон кишту парвариши қулфинаеро ба роҳ мондаанд, ки хуб нигоҳдорӣ мешаванду сифати баланд дошта, харидорони бештарро ҷалб месозанд.
Ҳамчунин, Ҳакимзода Қурбон доир ба масъалаи рушди сайёҳӣ сухан ронда, қайд намуд, ки мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ дар ноҳияҳои Ховалинг, Балҷувон хеле зиёд аст ва бунёди инфрасохтори ин мавзеъҳо имкон фароҳам меоварад, ки бештар диққати сайёҳони ҷаҳонро ба ин мавзеъҳо ҷалб намоем. Ҷаноби Андреа Долл Олио иброз дошт, ки доир ба мавзеҳои таърихии "Тахти Сангин”, Қалъаи Ҳулбук "Чилучорчашма” маълумот дорад. Ҳамин тавр, мулоқоти раиси вилоят бо намояндагони лоиҳаи Бонки Ҷаҳонӣ дар фазои ҳамкории мутақобилаи ҷонибҳо сурат гирифт.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Сипоси қадри инсон кори нек аст

Сипоси қадри инсон кори нек аст

Ҳокимияти давлатӣ
Ҳамкориҳои судманд

Ҳамкориҳои судманд

Ҳокимияти давлатӣ

Мулоқоти С. Зиёзода бо шарикони хориҷӣ

Хабарҳо
Д. Гулмаҳмадзода: «Дар соли 2016 истеҳсоли маҳсулоти содиротиро афзун намое ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Дар соли 2016 истеҳсоли маҳсулоти содиротиро афзун намое ...

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, Тандурустӣ ва экология, АСАЛМО САФАРОВА
Ба хотири ояндаи нек

Ба хотири ояндаи нек

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ