Дар як сатр
» » САДА РАМЗИ ОМОДАГӢ БА КИШТУКОРИ БАҲОРӢ ВА МУЖДАИ НАВРӮЗ АСТ

САДА РАМЗИ ОМОДАГӢ БА КИШТУКОРИ БАҲОРӢ ВА МУЖДАИ НАВРӮЗ АСТ

1-02-2019, 10:46

Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон ба сокинони
вилояти Хатлон бахшида ба таҷлили ҷашни Сада
   Ҳамдиёрони азиз!
   Сада дар баробари Наврӯз ва Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор рафта, рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид, ки он мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни рӯзи 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январ рост меояд.
Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абӯрайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро ташкил медод. Ҷашни Сада баъди ба итмом расидани чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон, муждае аз наздик расидани баҳор ва чун гиромидошти оини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.
   Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонд. Ба хотири гиромидошти он мардум, бахусус деҳқонон, гулханҳои бузург афрӯхта шодиву хушҳолӣ менамуданд. Аз ин рӯ, Садаро иди "Оташ” ҳам номгузорӣ менамоянд.
   Абулқосим Фирдавсӣ дар "Шоҳнома” пайдоиши ҷашни Садаро ба давраи шоҳигарии Ҳушанг нисбат медиҳад. Мувофиқи нигориши ӯ Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзонид ва ба хотири гиромидошт ҷашни Садаро бунёд гузошт.
Ҳамин тариқ, ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, он ҳамчун рамзи омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз пазироӣ мегардид.
   Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идҳои суннатии ниёгон аз нав эҳё гардида, алалхусус ҷашнҳои Сада ва Меҳргон, ки иди кишоварзон ба шумор меравад, бошукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешаванд. Дар чунин рӯзи фараҳбахшу бошукӯҳ ба забон овардани дастовардҳои кишоварзони вилоят, албатта, боиси болидарӯҳии кишоварзон мегардад.
   Бояд қайд намуд, ки кишоварзони вилоят соли 2018 аз ҳамаи имкониятҳо самаранок истифода бурда, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар майдони 414 ҳазор гектар кишти асосӣ ва 97230 гектар кишти такрории зироатҳо гузаронида, дурнамои пешбинишударо таъмин намуданд.
Дар баробари зиёд гардидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, содироти он низ ба хориҷи кишвар зиёд гардида, аз ҳудуди вилоят 96,4 ҳазор тонна, аз ҷумла 75925 тонна сабзавот содирот карда шуд, ки 153,1 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
   Ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладонагиҳо ба 33,5 сентнерӣ, сабзавот 275,8 сентнерӣ ва полезӣ 283,2 сентнерӣ расонида шуда, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа, хусусан сабзавоти тару тоза, беҳтар гардид. Аз ҳисоби бо нархҳои дастрас ба фурӯш баровардани пахта ва сабзавоти барвақтӣсатҳу сифати зиндагӣ ва рӯзгори кишоварзон беҳтару хубтар гардид.
   Дар маҷмӯъ, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 12,8 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбати соли 2017-ум 318,7 миллион сомонӣ зиёд буда, афзоиш 2,5 фоизро ташкил дод.
   Кишоварзони вилоят бо мақсади замина гузоштан барои ҳосили соли 2019, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза ва танзими нарх дар бозорҳо то ин давра дар майдони 15534 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузарониданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 133 гектар зиёд мебошад.
Дар соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ низ муваффақиятҳо назаррасанд. Бо вуҷуди мушкилоти зиёд дар соҳа, кормандон тавонис-танд дар мавсими обдиҳии соли сипаришуда хоҷагидоронро бо оби полезӣ таъмин намоянд.
Айни ҳол, кишоварзони вилоят тамоми имкониятҳои худро бояд ҷиҳати сари вақт ба анҷом расонидани шудгор, киштукори баҳорӣ, бунёди боғу токзорҳо, яхобмонӣ, обшӯйкунии шӯразаминҳо ва обмонии захиравӣ сафарбар намуда, дурнамои кишти зироатҳои кишоварзиро риоя ва таъмин намоянд.
   Дӯстони гиромӣ!
   Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди кишоварзон вазифаҳои бениҳоят муҳимро ба миён гузошта, чунин қайд намуданд: "Аз ҳисоби самаранок истифода бурдани замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва азхудкунии заминҳои нав, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва рушди соҳаи тухмипарварӣ, зиёд кардани масоҳати гармхонаҳои доимоамалкунанда ва шумораи сардхонаҳо барои нигоҳдории меваю сабзавот оид ба беҳтар намудани таъминоти бозори истеъмолӣбо маҳсулоти босифати кишоварзӣ ва афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти он чораҳои қатъӣ ва фаврӣ андешида шаванд”.
Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҷашни Садаро дар тамоми ҷумҳурӣ бошукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта истодаанд.
Ба ин муносибат, кулли мардуми шарафмандивилояти Хатлонро бо ин ҷашни миллӣ - Сада табрик гуфта, барояшон саодатмандиву бурдбориҳо таманно менамоям.
Саодатманду сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

 




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҷашни Наврӯзро сазовор истиқбол мегирем

Фарҳанг ва адабиёт
Сада-муждаи наврӯз

Сада-муждаи наврӯз

Фарҳанг ва адабиёт
Сада муждаест аз омадани баҳор ва омодагиҳо ба киштукор

Сада муждаест аз омадани баҳор ва омодагиҳо ба киштукор

Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Сада - ҷашни ниёгон

Сада - ҷашни ниёгон

Хабарҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Арсаи кишоварзӣ, НАҶОТ САФАРЗОДА
Пайки наврӯзӣ

Пайки наврӯзӣ

Фарҳанг ва адабиёт