Дар як сатр
» » «Беҳтарин тарабгоҳ устохонаи ман аст»

«Беҳтарин тарабгоҳ устохонаи ман аст»

26-01-2019, 08:28

«Беҳтарин тарабгоҳ устохонаи ман аст»,

- мегӯяд устоамаки табақтарош Бозор Сониев

 

Чӯб маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаю безарар аст. Аввалин ҷое, ки баъд аз батни модар инсон бароҳату осуда мехобад, ҷойгаҳи чӯбин, яъне гаҳвора мебошад.

Баъди шири модар болаззаттарин ва безарартарин таомро метавон дар табақи чӯбин истеъмол кард. Дар табақи чӯбин ғизо хӯрдан маззадор аст. Табақ метавонад  ба чанд насл хизмат бикунад, агар хуб истифода бурда шавад.

Аксари хӯрокҳои миллӣ бо қошуқи чӯбин омода шуда, дар табақи чӯбин бардошта  ва пешкаш мешаванд. Тамоми ғизоҳои хамирӣ низ бо ҳамин тахтаю тираки чӯбин омода мегарданд.

Шонае, ки аз чӯб сохта мешавад, ҳангоми сарро шона задан, асабро ором месозад ва зери гаҳвораи тифлон низ ҳамин шонаи чӯбинро мегузоранд.

Садое, ки аз дутору танбӯру доира ҷӯр мешавад, ба қалбҳо фараҳу шодӣ мебахшад.

Дару тирезаҳое, ки аз чӯб тайёр мешаванд, садҳо маротиб аз дару тирезаҳои пластикии ба ном замонавӣ беҳтар буда, ба хона ҳаворо дохил мекунанд ва ба саломатии инсон безарар хоҳанд буд.

Хуллас, чӯб дар ҳаёти инсон нақши бузург мебозад. Аз ин ҷост, ки имрӯз дар хориҷи кишвар ҳатто хонаҳои истиқоматиро пурра аз чӯбу тахта месозанд.

Чӯбтарошию табақсозӣ ҳам аз ҷумлаи ҳунарҳои мардумии мост, ки устоҳо аз насл ба насл ин ҳунарро ба мерос мегузоранду ҳифз мекунанд. Имрӯз ҳам маҳсули кори устоҳои табақтарош бозоргиру сермуштарист.

Зимнан, тасмим гирифтем, ки дар ин шумора дар бораи нафаре сухан бигӯем, ки умри хешро сарфи ҳунари чӯбтарошию табақсозӣ кардааст.

- Агар як рӯз ба коргоҳ наояму ба даст теша нагирам, бемор мешавам…

- Баробари чашм кушоданам ба олами ҳастӣ, устохонаро дидаам…

- Дар гӯши ман аз кӯдакӣ то ҳол тик-тики теша садо медиҳад, ки ба тапиши қалбам ҳамнавост. Бо ҳамон садо ман ба воя расидааму аз устохонаи падар мо - фарзандон нон хӯрда, соҳибҳунар гаштаем, - мегӯяд Бозор Сониев, сокини шаҳри Левакант.

Падари Бозор Сониев табақтароши моҳир буд ва бо номи усто Пираҳмад ҳамагон ӯро мешинохтанд. Ҳанӯз дар замони Шӯравӣ дар газетаи «Ҳақиқати Кӯлоб» дар бораи ҳунармандии усто Пираҳмад очерки портретӣ навишта буданд. Писари он устои номдор - Бозор Сониев меросбар ва идомадиҳандаи касби бошарафи падараш мебошад. Бозор Сониев аслан зодаи шаҳри Кӯлоб аст ва тӯли чанд сол мешавад, ки дар Ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и шаҳри Левакант умр ба сар мебарад. Марди хушмуомила ва нуронист. Зиёрати хонаи Худоро ҳамроҳи ҳамсараш ба ҷо овардааст.

Бойигарии ӯ, тавре ки худаш мегӯяд, пеш аз ҳама, даҳ фарзандаш аст. Писарони амаки Бозор - ҳар панҷашон дар шаҳри Душанбе ба тиҷорат машғуланд. Онҳо намехоҳанд, ки падар дар синни 66-солагӣ ҳам ба даст тешаю чӯб гираду табақу дигар асбобҳои рӯзгорр созад. Писарон андеша доранд, ки замони роҳат дидани падар расидааст ва айб меҳисобанд, ки касе падари онҳоро дар ин синну сол дар устохонааш бубинад. Аммо усто Бозор мегӯяд: «Ҳар вақте бо даъвати писарон ба Душанбе мераваму дар меҳмонӣ якчанд рӯз ғизоҳои вазнинро истеъмол мекунам, шояд аз камҳаракатӣ ё сабаби дигар, худамро бад ҳис мекунам. Вақте ба устохона меояму ба даст теша мегирам, ба дунёи худ бармегардам. Андеша мекунам, ки беҳтарин тарабхона бо як пиёла чой ҳамин устохонаи ман аст».

Аслан усто Бозор ниёз ба чизе надорад. «Сад шукр, писаронам ҳастанд. Ҳар сол ҳамроҳи ҳамсарам барои истироҳат ва табобат ба осоишгоҳҳои кишвар меравем, ки фикр мекунам, кифоя аст, барои дам гирифтанам», - мегӯяд ӯ.

Бозор Сониев бар ин андеша аст, ки доротарин нафар онест, ки тани солим дорад. Ба ин ҳама хушбахтӣ вай аз пушти ҳунараш расидааст. Усто қиссаеро ёдовар мешавад: «Ду марди фақиру мусофир як шаб меҳмони марди сарватманде мешаванд. Вақте сарвату дороии ӯро мебинанд, ҳайрон мемонанд ва ба мард менигаранд. Мебинанд, ки ғамгин аст. Ба тааҷҷуб афтода, аз марди сарватманд мепурсанд: «Эй мард, мо мебинем, ки аз чизе кам нестӣ. Сабаби ғамгиниат дар чист? Дар қиёс мо фақирем, мо бояд ғамгин бошем». Мард мегӯяд: «Шумо аз ман доротар ҳастед». Онҳо ҳайрон мешаванд. Марди сарватманд мегӯяд: Метавонед, саломатиатонро бо тамоми дороии ман иваз кунед?». Яъне, гоҳе инсонҳо ба дарки дороиҳо ва саодатмандии воқеии худ намерасанд. Танҳо пас аз он ки онро аз даст медиҳанд, ба қадри он дороӣ ва хушбахтӣ мерасанд».

Кор ва машғулият инсонро солим ва аз ҳар гуна андешаи ғалат дур месозад. Ҳадафи аслӣ аз усто будан барои Бозор Сониев ҷамъоварии маблағ нест. «Устоӣ ягона меросест, ки аз падар ба ману бародаронам ва ҳоло фарзандонамон мондааст. «Мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз», - гуфтаанд бузургон. Баъзан вақт чӯбе, ки харидорӣ мекунам, аз он ман зарар ҳам мебинам, зеро на аз ҳама чӯб метавон асбоб сохт. Аммо боз рӯҳафтода нашуда, корро давом медиҳам, чунки дилбохтаи ҳамин ҳунар ҳастам. Бозиҳои даврони кӯдакии ман дар ҳамон устохонаи падар паси сар шудаанд», - зикр кард усто Бозор.

Бозор Сониев се шогирд дар ҳунари табақтарошӣ ва зиёда аз 40 шогирд дар таҳияи дигар асбобҳои рӯзгор, аз ҷумла қошуқ, кафлез, думбра, шона, нонпар, ки аз чӯб тайёр мешаванд, дорад. Ба шогирдон низ ба мисли фарзандонаш муносибат мекунад. «Фикр мекунам, аз оне, ки дар хона бекор меистам, ба ҷавонон ин ҳунарро омӯзам, беҳтар аст. Худам низ рӯҳбаланд мешавам, ҳангоми кор кардан бо шогирдон. Аммо синну сол ҳам таъсиру аҳамият доштааст. Дар ҷавонӣ як табақро дар ним соат омода мекардам, ҳоло бошад, як-якуним соат тӯл мекашад», - афзуд усто.

Бозор Сониев ҳамчун устои моҳир андеша дорад, ки барои сабуку зебо шудани табақ  ва зиёд истифода бурдани асбобҳои чӯбин бояд чӯби дарахти чормағзи кӯҳистонро истифода кард, зеро дарахтоне, ки дар деҳот бузург мешаванд, ба ҳар гуна ҳаво тобовар мебошанд. Дарозумрии ҳар гуна асбоб низ ба истифодаи дурусту эҳтиёткоронаи занон - кадбонуҳо бисёр вобастагӣ дорад. Асбобҳои чӯбин, бахусус табақ, бояд дар сардии зиёд ва ё ҳарорати хеле баланд нигоҳ дошта нашаванд. Устоамак дар ин бора чунин мегӯяд: «Бибиам 40 сол қабл аз он ки камина ба дунё омадаам, вафот кардаанд. Аммо ман ҳамроҳи оилаам дар табақи ҳамон бибиам хӯрок мехӯрдем. Маълум мегардад, ки бибиам табақро хуб нигоҳ кардаанд, ки ҳатто келину фарзандони ман низ то кунун аз ҳамон табақ истифода мекунанд».

Бозор Сониев якчанд сол дар шаҳри Душанбе устохона ва дукони худро дошт. Имрӯз чандин шогирди ӯ ба дараҷаи устоҳои номӣ расидаанд. Соли 2008-ум дар яке аз чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳузур доштанд, маҳсули дастранҷи хешро дар он ба намоиш гузошта буд ва аз тарафи Пешвои миллат таҳсину офарин шунид.

«Ин беҳтарин қадрдонӣ барои ҳар як ҳунарманд аст», - мегӯяд устои моҳир.

 

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бароҳат роҳати зиндагиро аз замин дидааст

Бароҳат роҳати зиндагиро аз замин дидааст

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Деҳқон соҳиби замин шуд

Деҳқон соҳиби замин шуд

Арсаи кишоварзӣ
Ҳунар аз ганҷу мероси падар беҳ

Ҳунар аз ганҷу мероси падар беҳ

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
2018-СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

2018-СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
«Вақте шумо ҳам пир шудед…»

«Вақте шумо ҳам пир шудед…»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо