Дар як сатр
» » Вазорати саноат ва технологияҳои нав: «СОЛИ 2018 РУШДИ САНОАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 111,9%-РО ТАШКИЛ ДОД»

Вазорати саноат ва технологияҳои нав: «СОЛИ 2018 РУШДИ САНОАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 111,9%-РО ТАШКИЛ ДОД»

28-01-2019, 08:14

 

Вазорати саноат ва технологияҳои нав:  «СОЛИ 2018 РУШДИ САНОАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 111,9%-РО ТАШКИЛ ДОД»

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 11 моҳи соли гузашта 21 миллиарду 528,9 миллион сомониро ташкил дод. Суръати афзоиш дар миқёси ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 ба 113,5%, афзоиш дар 11 моҳи соли 2018 ба 2 миллиарду 951,4 миллион сомонӣ баробар шуд.

Тавре ки аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзномаи «Хатлон» иттилоъ доданд, истифодаи самараовари захираву имкониятҳои мавҷуда ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолоти соҳаҳои саноати ҷумҳурӣ имконият фароҳам овард, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба нишондиҳандаи «Дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №348, аз 28 июли соли 2017), дар соли 2018 ба маблағи 21 миллиарду 345,7 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида буд, дар 11 моҳи соли 2018 нисбати нақша 100,8% ва ё 183,2 миллион сомонӣ пеш аз муҳлат барзиёд иҷро карда шуд.

Аз рӯйи маълумоти оморӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар саноати коркард дар 11 моҳи соли 2017 10 миллиарду 479,1 миллион сомониро дар бар мегирифт. Дар 11 моҳи соли 2018 бошад, ба маблағи 12 миллиарду 185,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки 1 миллиарду 706,7 миллион сомонӣ (113,9%) нисбати ҳамин давраи соли 2017 зиёд мебошад.

Саноати истихроҷ дар 11 моҳи соли 2017 4 миллиарду 3,6 миллион сомониро дар бар мегирифт, дар 11 моҳи соли 2018 бошад, 4 миллиарду 344,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки 250,2 миллиону сомонӣ (119,1%) нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 зиёд мебошад.

 

Содироти маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи кишвар

 

Вазорати саноат ва технологияҳои нав:  «СОЛИ 2018 РУШДИ САНОАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 111,9%-РО ТАШКИЛ ДОД»

Аз рӯйи маълумоти оморӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар 11 моҳи соли 2018 21 миллиарду 528,9 миллион сомониро ташкил дод, ки аз ин 20 миллиарду 729,4 миллион сомонии он ба фурӯш бароварда шудааст. Аз ҳаҷми маҳсулоти дар 11 моҳи соли 2018 истеҳсолшуда 96,3%-и он ба фурӯш бароварда шудааст.

Манбаъ ҳамчунин хабар дод, ки дар 11 моҳи соли 2018 ҳаҷми маҳсулоти содиротшуда дар ҷумҳурӣ зиёда аз 9 миллиарду 337,1 миллион сомонӣ (991,2 миллион доллари ИМА) ва дар корхонаҳои саноатии соҳавии вазорат 8 миллиарду 209,5 миллион сомонӣ (871,5 миллион доллари ИМА) яъне 87,9%-и маҳсулоти содиротшударо соҳаи саноат ташкил медиҳад.

Дар корхонаҳои саноати маъдани кӯҳӣ ба маблағи 3 миллиарду 510 миллион сомонӣ, саноати мошинсозӣ 1 миллиарду 679,6 миллион сомонӣ, корхонаҳои пахтатозакунӣ 1 миллиарду 412,1 миллион сомонӣ, саноати масолеҳи сохтмон 558,7 миллион сомонӣ, саноати сабук ба маблағи 534,2 миллион сомонӣ, саноати хӯрокворӣ 33,4 миллион сомонӣ, саноати ангишт 9,1 миллион сомонӣ ва дигар соҳаҳои саноат 472,4 миллион сомонӣ аз маҳсулоти истеҳсолгардида ба хориҷи кишвар содирот намуданд.

Истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот

Вазорати саноат ва технологияҳои нав:  «СОЛИ 2018 РУШДИ САНОАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 111,9%-РО ТАШКИЛ ДОД»


Бо истифода аз технологияҳои муосир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот зиёд шуда, талаботи бозор бо маҳсулоти саноатии ватанӣ таъмин гардида истодааст.

Дар 11 моҳи соли 2018 маҳсулоти нави саноатии ивазкунандаи воридот, ба монанди халта 106,7 миллион дона, риштаи полипропиленӣ 636 тонна, ротбанд 263,2 тонна, хишти сабук 12,6 ҳ.м3, гаҷкартон 2319,6 ҳазор дона, маҳсулоти нарми бомпуши (тол) 10,0 ҳ.м2, сурмаи металӣ 3623,5 тонна, металли нави №2 99,9 тонна, хокаи нуқра ва мис 177,0 тонна, фториди алюминий 3366,8 тонна, криолит 482,4 тонна, эмулсия 19,7 тонна, каогулянт 1441,6 тонна, бозичаҳои кӯдакона 186,5 ҳазор дона, мошинҳои кишоварзӣ (трактор) 131 адад, ядак (прицеп) 45 адад, автобусҳо 119 адад, фойтунчаҳои кӯдакона 7265 адад, аробачаҳои кӯдакона 12055 адад, пахтаи тиббӣ 100 ҳазор дона, гирдакҳои пахтагин 40 ҳазор дона ва чӯбчаҳои пахтагини нафис 5,4 ҳазор дона истеҳсол карда шудааст.

Дар 11 моҳи соли 2018 рушди саноат дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ таъмин гардида, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд 108,5%, вилояти Хатлон 111,9%, ВМКБ 108,3%, шаҳри Душанбе 118,9% ва НТҶ 127,6%-ро ташкил дод.

 

ҲАМАДОНӢ. БОНКҲО 24 МИЛЛИОН СОМОНӢ ҚАРЗ ДОДААНД

Соли 2018 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба 517 миллиону 490,7 ҳазор сомонӣ расонида шуд. Афзоиш нисбати ҳамин давраи як соли пеш 103,4 фоиз, ё ин ки 17 миллиону 105 ҳазор сомониро ташкил дод.

Тавре ки аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба рӯзномаи «Хатлон» иттилоъ доданд, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бошад, дар ноҳия ба 82 миллиону 289,5 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109,9 фоизро ташкил медиҳад.

Давоми соли 2018 дар ноҳияи Ҳамадонӣ 1027,4 тонна гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, 13447,3 тонна орд, 258,82 тонна равған, 12311,2 тонна намак, 650,5 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 766,77 ҳазор дона хишти сементӣ, 20259,65 метри мукааб сангреза ва 16266,9 метри мукааб рег истеҳсол карда шудааст.

Аз тарафи бонкҳои ноҳия дар соли 2018 ба соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия 24 миллиону 101 ҳазор сомонӣ қарзҳои бонкӣ, аз ҷумла 9 миллиону 269,3 ҳазор сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ, 4 миллиону 126,5 ҳазор сомонӣ ба соҳаи тиҷорат, 1 миллиону 142,2 ҳазор сомонӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ, 9 миллиону 253,3 ҳазор сомонӣ ба зарурияти иҷтимоӣ ва истеъмолӣ ва 310,1 ҳазор сомонӣ ба дигар хизматрасониҳо ироа карда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Дар ин давра ба воситаи бонкҳо ба ноҳия дар ҳаҷми 739,5 ҳазор доллари амрикоӣ ва 1 миллиарду 826 миллиону 507,1 ҳазор рубли русӣ дохил шудааст, ки ин бо асъори миллӣ 268 миллиону 597,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Н. МАЪМУРЗОДА,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Хуросон. 1600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхонаҳо нигоҳдорӣ мешавад

Арсаи кишоварзӣ

Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар вилоят афзуд

Арсаи кишоварзӣ

Н. Хусрав: ммд - 101,2 миллион сомонӣ

Хабарҳо

Бохтар. Дастовардҳо дар соҳаи саноат

Хабарҳо

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти пахтагӣ

Хабарҳо