Дар як сатр
» » Изҳорот ба Зафари Сӯфии намакношинос

Изҳорот ба Зафари Сӯфии намакношинос

29-01-2019, 17:27


Поси намак 40 сол аст, мегӯянд дар урфият. Зафари Сӯфӣ, ки бо каҷкардани лабу даҳон,лаҳҷаитеҳрониро ривоҷмедоду иронимашрабӣмекард, ғизояшро дар тарабхонаҳоипеши шаҳриДушанбе мехӯрду боз бо ин ҳамаинфиъолӣҳаваси ишқварзиҳои нокомро таҷриба мекард, вақтҳоиохир бо пуррӯӣ, ба намакношиносӣ нисбат ба миллати тоҷик даст задааст. Ёвагӯи бегонаҳо Зафари Сӯфӣ бо арзёбиҳоисатҳӣ ва ғайримунсифонаи «Хафақон» ва«Маҳалгароӣ» дар шабакаҳои иҷтимоӣ, худро ранҷида вонамуд мекунад. Дар ин «таҳлилҳо», ки бо маниши иғвогарона, иншо шудаанд, аслан маълум нест, ки барои кӣ вабо чӣмақсаде таҳиямешаванд? Агар зарба задани ҳукуматро ҳадаф қарор доданӣбошанд, ин масалро Сӯфимашраби гадоманиш дар пешониаш хуб ҳаккокӣкунад, ки «Обро бо ҳован куфтан» нашояд. Сад занад сӯзангар, якзанад оҳангар.

Як ятими бекасу кӯ, ки аз кишвари ҳамсоя бо 1 брюки дарида омада, рӯяш азтабхол пурожанг буд, дар ин хоку бум ҷойгоҳ пайдо кард, ришашро ҳаррӯз метарошидагӣшуд, соҳиби мақому мансаб ва сармуҳарриру шоир гардид. Савори Мерседеси навъи металика ва соҳиби хона дар маркази шаҳриДушанбе, дар назди «Барқитоҷик» шуд, зеро лутфи нозукаш пиёдаравӣ ва азобкаширо намеписандид.

Ана ҳамин разилфардаки шайтонмиҷоз, ки амалан ҳеҷ кас набуд ва ҳамачизро аз баракати ҳамин замину хокёфт, ёғиву осӣва исёнӣшудааст. Раҳмдилие ки мо тоҷикон бар ҳаммилатони берунмарзӣдорем, барои рушди ин гургзода созгор омад ва ҳамачиз рӯбароҳ буд, агар ин гумроҳ нафси бедорашро лаҷом намезад.

Зафари Сӯфӣ боҷабҳагириҳояш вақтҳоиохир ба обрӯи миллат иснод оварда, азрасонае, ки онро худ ба муфлисшавӣоварда расонд ва хуни журналистонро бо бемаошиву бесарнавиштӣ мебалъид, байрақи«мубориза»-и бадсириштони ифротӣ шудааст. Заъфи мудирияти худро Сӯфии қаландарбашара бар сари дигарон андохтааст. Ба ростӣ«айби худ аблаҳ надонад дар ҷаҳон». Барои равшании ин масъала мо тадқикоти сатҳиеанҷом додем.

Маълумоте ки дар дасти мо аз Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон, ниҳоди расмие, ки назорати ВАО-и хусусӣ вадавлатиро ба уҳдадорад, қарор гирифт, ҳолати воқеии агентии «Озодагон»-ро то санаи 29.01 2019с. ин тавр бозгӯӣмекунад, худ қазоват кунед:

«Ҳафтаномаи «Озодагон» аз матбааи «Аниса - 95» барои чопи нашрия ба маблаѓи 58270, 50 сомонӣ(панҷоњу њашт њазору дусаду њафтод сомониву панљоњ дирам) ќарздор мебошад. Мусаллам аст, ки дар сурати ќарздор будан аз матбаа фаъолияти дилхоҳ рӯзнома ё њафтанома, хоњ мустаќил бошад хоњ давлатӣ, чоп карда намешавад. Демократия ва озодии баён маънои онро надорад, ки касе чи иттиллое хост нашр кунаду диќќати љомеаро бо хабарњои иѓвоангезу бардурўѓ ба худ љалб намояд. Фаъолият дар чањорчўбаи ќонунњои байналмилалии озодии баён њам бояд фориѓ аз кинаву адоват адоват бошад.

Зафар Сӯфиро дар «Шарқи Озод» ҳама бадмедиданд. Шахси бемоя ва шубҳанок.Амалан ба афсари хадмоти кадом кищвари бегона моннад буд. Худиҳоромонда, почаи хориҷиҳоро гирифтааст. Аз ин хоинии бемислу монанд, таърих ёд надорад. Ақалан фаҳмида ба инкор даст мезад, мефаҳмидем, ин чӣ мавқеъирӣ аст, вале Сӯфӣтаънаи ҳамшаҳриҳоихудро дар тӯли таърих доштааст. Солҳои 90-умдар тарафдори мулло буд, имрӯзҷонибдори писарони ифотӣшудааст.

Бунмояи фардии ӯро фурӯхтани худ ва бегона ташкил мекунад. Чун ӯ як бесавод ва кутоҳандеш аст, байрақи палиди муборизаи ҷангиро бар зидди мардуми худаш боло бардоштааст. Наҳзатиҳоба ӯ богумон менигаранд, ӯро «шпион» мегӯянд. Дар Олмон танҳомегардаду рафтораш номушаххасу пинҳонист.

Овозаҳо аст,ки бо ба Ватан баргаштанӣҳасту заминаро муҳайёкардааст. Ваин изҳороташ фиреби назар ва саробе беш нест.

Бо каҷназарӣ наметавон воқеиятро дид. Қарзро то қиёмат набару пули мардумро баргардон. Муомилаи молии худро бо сиёсат мапечон. Ин оқибати хуб бату надорад.

Ин миллат чун уқёнус вусъати андеша ва дили фарох дорад ва барои тавбашиканҳоибадманиш, ки худро эътирозӣ ванорозӣ метарошанд ва фақатбарои он, кидосеи муҳоҷирони худро мукаммал кунанд, санг меандозанд, посухи сазовор дорад.

 

Номвар Қурбон,

узви журналистони Тоҷикистон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Босмачӣ ва ҲНИ

Хабарҳо

Бобоҷон Қаюмов, худфурӯхтае ки одамгарӣ дар вуҷуди ӯ қирон овардааст (Аз ...

---

Корҳои ободонӣ вусъат меёбанд

Арсаи кишоварзӣ

Оқи миллатшуда

Хабарҳо
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ