Дар як сатр
» » Дар Ховалинг 330 иншоот бунёду навсозӣ мешавад

Дар Ховалинг 330 иншоот бунёду навсозӣ мешавад

25-01-2019, 10:27

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг барномаи корҳои ободониву бунёдкорӣ барои солҳои 2018-2021 таҳия гардидааст.

Ин барнома сохтмон, барқарорнамоӣ ва таъмиру навсозии зиёда аз 330 бинову иншооти ҳаётан муҳими таъйиноти гуногуни хоҷагии халқи ноҳияро пешбинӣ мекунад. Аз ин шумора аллакай сохтмону навсозии 112 бинову иншоот аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории ватанӣ оғоз шудааст. Тибқи барномаи рушди корҳои ободиву бунёдкорӣ дар доираи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2018, то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг сохта ба истифода додани боз 25 муассисаи таълимию синфхонаи иловагӣ, 14 маркази саломатӣ, 12 бунгоҳи тиббӣ, 13 китобхона, 7 клуб, 26 майдончаи варзишӣ, 11 коргоҳи дӯзандагӣ, 8 маркази хизматрасонӣ, 3 коргоҳи коркарди шир ва истеҳсоли макарон, 14 сартарошхона, 11 ҳаммом, 6 меҳмонхонаи замонавӣ барои меҳмонону сайёҳон, филиали бонкҳо, кашидани хатҳои интиқоли неруи барқ барои 8 деҳа, навсозӣ ва таъмири роҳҳо дар 28 деҳа, кашидани 30 хати интернету телефон ва бунёди иншооти дигари истеҳсолию иҷтимоӣ дар назар аст.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ДӮСТӢ. ОМОДАГӢ БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Хабарҳо

Ҷ.Балхӣ: Баистифодадиҳии 153 иншоот

Ҳаёти иҷтимоӣ

Н. ХУСРАВ: ОМОДАГӢ БА ҶАШН

Ҳаёти иҷтимоӣ

Ш.Шоҳин:Сохтмони 148 иншоот дар се сол

Ҳаёти иҷтимоӣ

АЗМИ БУНЁДИ 860 ИНШООТ ДАР КӮЛОБ

Хабарҳо