Дар як сатр
» » Вусъати корҳои ободонӣ дар Кӯлоб

Вусъати корҳои ободонӣ дар Кӯлоб

25-01-2019, 14:19

Дар доираи нақшаи тасдиқгардидаи шаҳрдории Кӯлоб оид ба сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳру деҳоти Кӯлоб маъракаи ниҳолшинонӣ муташаккилона ба роҳ монда шуда, ҳашарҳои дастаҷамъона доир гардида истодааст.

Аз  бахши матбуотӣ-бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба рӯзномаи «Хатлон» иттилоъ доданд, ки то ҳол дар шаҳру деҳот 14,2 ҳазор бех ниҳолҳои ороишӣ, ҳамешасабз, сояафкан ва 52 ҳазор гулҳои гуногун шинонида шуд. Ҳамчунин, 17 январи соли 2019 дар назди даромадгоҳи шаҳр аз тарафи КФД «Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ»-и Кӯлоб 52 бех дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шуд. Дар назди майдони «Парчами давлатӣ» дарахтони ороишӣ, аз қабили арчаи санавбар, юкос, гули палма, тохокопус, дар маҷмӯъ, 8 намуди дарахт ва гулҳо шинонида шуданд. «Дар корхонаи мазкур айни замон 70 ҳазор бех қаламчаи гули садбарг, 40 ҳазор гулҳои гуногун парвариш карда шуда истодаанд», - зикр кард манбаъ.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Вусъати корҳои ободонӣ дар Кӯлоб

Хабарҳо

Вусъати корҳои ободонӣ дар Кӯлоб

Хабарҳо

Вусъати корҳои ободонӣ дар Кӯлоб

Хабарҳо

Вусъати корҳои ободонӣ дар Кӯлоб

Хабарҳо

Вусъати корҳои ободонӣ дар Кӯлоб

Хабарҳо