Дар як сатр
» » Азми бунёди беш аз 1100 га боғу токзори нав

Азми бунёди беш аз 1100 га боғу токзори нав

25-01-2019, 11:16

Соли 2018 дар ҳудуди вилояти Хатлон 935 гектар боғу 36 гектар токзори нав бунёд гардидааст. Тибқи нақша, соли 2019 дар майдони 1010 гектар боғ ва 97 гектар токзори нав бунёд хоҳад ёфт.

Ба иттилои масъулони раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, то даҳаи якуми моҳи январ дар вилоят 237 ҳазор гулу бутта шинонда шуд. Аз инҳо беш аз 100 ҳазор ба минтақаи Бохтар ва қариб 137 ҳазор ададаш ба минтақаи Кӯлоб рост меояд. Соли 2019 дар шаҳру навоҳии вилоят шинондани беш аз 5,5 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола ва 476 ҳазор ниҳоли дарахтони сояафкан, ҳамешасабз ва ороишӣ ба нақша гирифта шудааст. То ҳол қариб 100 ҳазор бех ниҳоли дарахт шинонда шудаааст. Дар кӯчаю хиёбонҳо, ҳудуди боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва шаҳраку маҳаллаҳои вилоят зиёда аз 7 ҳазор гули лола, 85 ҳазор садбарг, 145 ҳазор дона гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола шинонда шуда, дар баробари ин, дар масоҳати 2602 метри мураббаъ майсазори ҳамешасабз бунёд гардид.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Вусъати корҳои ободонӣ дар Кӯлоб

Хабарҳо

Вусъати корҳои ободонӣ дар Кӯлоб

Хабарҳо

Вусъати корҳои ободонӣ дар Кӯлоб

Хабарҳо

ДУРНАМОИ БУНЁДИ БОҒУ ТОКЗОР 98% ИҶРО ШУД

Хабарҳо
Парвариши 6 навъи лолаҳои ҳолландӣ дар Қӯрғонтеппа

Парвариши 6 навъи лолаҳои ҳолландӣ дар Қӯрғонтеппа

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА