Дар як сатр
» » КАБИРИИ ВАТАНФУРӮШ БОЗ ЧӢ МЕХОҲАД?

КАБИРИИ ВАТАНФУРӮШ БОЗ ЧӢ МЕХОҲАД?

28-01-2019, 01:14

Шоми 18 январ аз шабакаҳои иҷтимоӣ бохабар шудам, ки роҳбари ба ном Паймони миллии Тоҷикистон ва ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ баъди қариб чор соли кишвар нахустин бор тавассути Ютуб ва Фейсбук суҳбати «рӯ ба рӯ» доир менамояд. Аммо, фаромӯш кардааст, ки мардуми Тоҷикистон хуб медонад, ки гирдиҳамойӣ ва носазогӯии онҳо муғризона ва аз рӯи ҳасад мебошад. Зеро Тоҷикистон ҳоло тинҷу ором ва мардумаш сарҷамъ буда, таҳти роҳбарии Пешвои миллат рӯз то рӯз ободтар мешавад.
Ба ҳама маълум аст, ки ҲНИ бо наздикшавии чорабиниҳои муҳими сиёсӣ пайи амалӣ намудани ҳадафҳои гуногуни нопоки хеш талош меварзад. Махсусан, роҳбарияти ҳизби мазкур бо ҳар восита мекӯшанд хешро дар ҷомеа бештар муаррифӣ намоянд. Роҳбарияти ТТЭ ҲНИ, бавижа М. Кабирӣ кӯшиши бештаре ба харҷ медиҳад, ки дар сиёҳ намудани мақомоти давлатӣ аз дигарон пештар гузарад. Онҳо хидмати холисонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки пайваста дар роҳи таъмини шаҳрвандон бо ҷои кор, рушди бемайлони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, бахусус озодиҳои эътиқодии мардуми мусалмон талош меварзанд, нодида мегиранд.
Аз гузашта маълум аст, ки як бор гирдиҳамоиҳо ташкил карда, мардумро гумроҳ карданд, бо дастгирии хоҷагонашон аз номи дин сӯиистифода карда, фитна андохта, хуни мардумро рехтанд. Ин ҳама кам буд магар, ки имрӯз дар кишварҳои хориҷ шарм надошта, барои маблағҳои ҳароми гирифтаашонро ҳалол кардан ва дар назди хоҷагонашон ҳисобот додан дар ҳаққи Тоҷикистон носазо мегӯянд. Вале мардуми Тоҷикистон баъди баромади М. Кабирӣ боз як бори дигар фаҳмид, ки ТЭТ ҲНИ худаш ҷинояткор буда, имрӯз ҷинояткоронеро, ки бо ҷурмҳои мухталиф маҳбасӣ мебошанд, дастгирӣ мекунад. Ин ҳизб бо ин кирдори худ зидди таълимоти ислом амал мекунад.
Мутаассифона, бархе аз тақводорон зери ниқоби ислом баромад карда, баҳри амалӣ кардани ниятҳои нопоки худ мафкураи ҷомеаро заҳролуд намуда, ғояҳои дини мубини исломро аз нигоҳи ғаразноки худ шарҳ медиҳанд ва мардумро ба роҳи ифротгароиву хурофотпарастӣ ҳидоят мекунанд. Ифротгароиву хурофотпарастӣ солҳои охир дар ҷомеа, махсусан дар байни насли ҷавон ба як бемории сирояткунандае табдил ёфтааст ва бояд дар табобати он тамоми равшанфикрони ҷомеа кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Аъзои ҲНИ хуб медонанд, ки фирефтани як қисми мардум осонтар аст. Зеро як қисми алоҳидаи мардум на ба амал, балки ба сухани болохонадору фиребандаи роҳбарони ҲНИ зудтар бовар мекунанд. Вале, хушбахтона, мардуми огоҳе ҳастанд, ки хуб медонанд дини мубини ислом муқобили инсонҳои худпарасту фосиқ буда, душманӣ, ҳасад ва кибру ғурурро маҳкум менамояд.
Ба андешаи мо, яке аз роҳҳои асосии эмин нигоҳ доштани насли наврас аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар рӯҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти баланди миллӣ тарбия намудану ба кору амалҳои нек ҷалб кардани онҳост.
Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ТТЭ ҲНИ ҳамчун пайрави терроризми ҷаҳонӣ

Хабарҳо

Чаро саҳа ба неруҳои бадтинат минбар медиҳад?

Сиёсат

Саҳа дидаю дониста ба нирӯҳои мухолифин минбар медиҳад

Хабарҳо
ДИИШ дар ниқоби дини ислом

ДИИШ дар ниқоби дини ислом

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Барои ризои нафси худ исломро доғдор кардан аз ойини мусалмонӣ нест

Барои ризои нафси худ исломро доғдор кардан аз ойини мусалмонӣ нест

Сиёсат, Хабарҳо, Номаҳои Шумо