Дар як сатр
» » Хиёнати Муҳиддин Кабирӣ нобахшиданист

Хиёнати Муҳиддин Кабирӣ нобахшиданист

28-01-2019, 01:12

Муҳиддин Кабирӣ кист?
Имрӯз мардуми кишвар ба ин савол ҷавоби муносиб пайдо кардаанд. Муҳиддин Кабирӣ як шахси ранҷида, иғвогари гузарост. Ягон инсони асил ватанаш, мардуми некиродаю мушкилнописандашро дар хориҷи кишвар маскун гирифта, наҳ намезанад, танқид намекунад. Барои мардуми тоҷик ватан чун ҷон азизу муқаддас аст:
Ҷон ба роҳи Ватан нисор ман
накунам, кӣ мекунад?
Тан ба раҳи Ватан фигор ман
накунам, ки мекунад?
Мансабталошони фитнагар оғози солҳои навадуми қарни XXба сари халқи ҷафокашида бадбахтии бузург оварда, мардумро ба ду қисм ҷудо намуданд, ки оқибати он ҷанги хунини бародаркушӣ гардид. Аждаҳои ҷанг беш аз 150 ҳазор нафар ҷавонмардонро ба коми худ кашида, садҳо корхонаҳо ғорат гашта, бекорӣ афзуда, мушкилоти иқтисодӣ пеш омад. Муҳиддин Кабирӣ ва ҷонибдоронаш кӯшиш доранд, ки бори дигар мамлакатро ба гирдоби нооромиҳо кашанд. Дур аз ёру диёр ва кишвари маҳбуб як гурӯҳ мухолифони ҳокимияти қонунӣ ҷамъомадҳо ташкил карда, бо факту рақамҳои дурӯғин давлат ва масъулини онро мазаммат менамояд. Рӯзноманигори дурӯғбоф Олег Панфилов ҳанӯз аз солҳои навадуми қарни гузашта ба мухолифини Ҳукумати қонунӣ хизмат мекунад. Ӯ кирдорҳои дурӯғини худро ҳоло ҳам давом дода, хоҳони парешонӣ ва носозгориҳо дар кишвари мо мебошад. Рӯзноманигори раҳгумзада Ҳумайрои Бахтиёр низ бо фактҳои беасосу дурӯғин ба сиёҳкунии роҳбарони имрӯзаи кишвар машғуласт.
Кабирӣ бо чунин шарикони туҳматофари худ алоқа дошта, мехоҳад бори дигар ҳодисаҳои даҳшатбори ибтидои солҳои навадуми қарни гузашта дар Тоҷикистон такрор ёбанд. Он замон бо шиори "Аз хоби гарон хез!” мардумро ба майдон даъват карда, боиси ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шуданд.
Дар набардҳои хунин беш аз 150 ҳазор нафар одамон ба шаҳодат расида, қариб як миллион нафар ҷои зисти худро тарк намуданд. Беш аз 34 ҳазор манзилҳои истиқоматӣ сӯхтаю валангор гашта, водии биҳиштосои Вахш ба харобазор табдил ёфт. Шоире, ки водиро дар шеъраш "Зиннати рӯи заминӣ, Вахши ман, хурраму ҷонофаринӣ, Вахши ман” номида буд, манзараҳои нохуш, вайронию валангории водиро дида, шеъре бо номи "Водии мазор” иншо намуд, ки вазъияти он даврони носозгориҳоро ифода мекунад”... Кабирӣ ва тарафдоронаш мехоҳанд дар кишвари ободу озоди мо боз чунин манзараҳои нохуш пайдо шавад.
Мардуми Тоҷикистон имрӯз ҳақиқатро дар бораи сиёсатмадори ноуҳдабаро, дурӯғофари гузаро дарк карда, ҳеҷ гоҳ бо роҳи хатарзои он қадам намегузоранд. Ин ҳама ҳаракатҳо, ҷунбишҳо дар хориҷи кишвар бебарор анҷом хоҳад ёфт. Тарафдорони Кабирӣ дар хориҷи кишвар кам шуда, эътиқоду боварӣ нисбати ӯ коста мегардад. Додоҷони Атовулло дар мақолаҳои моҳҳои охир чоп кардааш ба гуноҳи худ дар ҳодисаҳои хунини соли 1992 иқрор шуда, аз амалҳои норавояш пушаймонӣ изҳор намудааст. Вале Муҳиддин Кабирӣ аз амалҳои ғайриқонунии худ ба хулоса наомада, дар баъзе аз давлатҳои Аврупо ҷамъомадҳо ташкил карда, аз сиёҳкунии давлат ва роҳбарони имрӯзаи он даст накашидааст. Муҳиддин Кабирӣ фаромӯш кардааст, ки умри дурӯғ кӯтоҳ буда, мақсадҳои нопоки ӯ кайҳо ба мардум ошкор шудааст. Муҳиддин Кабирӣ ва ҳамтабақонаш ҳис кардаанд, ки мардуми Тоҷикистон онҳоро дастгирӣ намекунанд. То кай аз хориҷи кишвар ба сари масъулони кишвар борони танқид мерезанд? Умри туҳмат, дурӯғ кутоҳ аст, ки инро бояд Кабирӣ дарк намояд. Дар як мақоли тоҷикӣ омадааст: "Як бор ҷастӣ малахак, ду бор ҷастӣ малахак, охир ба дасти малахак”. Ҳар амал аввалу охир дорад, ки оқибати онро андеша бояд кард.
Б. САЙДАЛИЕВ,
«Хатлон»

 




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Хақ бо ҷониби шумо нест хоинони миллат

Сиёсат, БОЙМУРОД САЙДАЛИЕВ

ҲНИ омили бадбахтиҳо дар шаҳри Дортмунти Олмон

Хабарҳо

Кабирӣ ва ҳаммаслакони иғвогари ӯ чӣ мехоҳанд?

Сиёсат

Дурӯғгӯйӣ торикии имон аст!

Номаҳои Шумо

Дурӯғгӯӣ торикии имон аст

Хабарҳо