Дар як сатр
» » Тарғибгари чеҳраҳои номдори миллат

Тарғибгари чеҳраҳои номдори миллат

26-01-2019, 10:01

Ба наздикӣ журналисти варзида, собиқ корманди рӯзномаи вилоятии "Хатлон”, тарғибгари чеҳраҳои номдори миллат дар хориҷи кишвар Саломиддин Мирзораҳматов ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд.
Кори эҷодӣ, бахусус рӯзноманигорӣ, аз шахс дар баробари истеъдод, маҳорат, ҳамчунин масъулиятро тақозо мекунад. Журналист дар кори эҷодӣ ҳамон вақт муваффақ мешавад, ки пайваста омӯзад, донишу маҳорати эҷодиашро такмил диҳад. Солҳои ҳаштодуми қарни гузашта Саломиддин Мирзораҳматов, корманди собиқ комсомол, омӯзгори мактаби олӣ ба навиштани хабару мақола машғул шуда, ба рӯзномаи русии вилоятии "Курган-тюбинская правда” ва рӯзномаи тоҷикӣ алоқа пайдо карда, дар ин ҷода маҳорату истеъдодашро пайваста такмил медод. Орзу дошт, ки рӯзноманигори хушқалам шаваду бо навиштаҳояш дар рушди соҳаҳои гуногун саҳмгузор бошад.
Бо ҳамин нияти нек ба рӯзномаи  "Ҳақиқати Қӯрғонтеппа” ба кор даромада, аз ҳаёти кормандони соҳаҳои гуногун, ташкилотҳои ҳизбӣ хабару мақолаҳои пурмазмуну хонданбоб таҳия мекард. Кӯшиш менамуд, навиштаҳояш ба муштариёни рӯзнома писанд омада, дар пешрафти кори онҳо мусоидат намояд. Омӯзиши рӯзномаю маҷҷалаҳои ҷумҳуриявӣ ва марказии Иттиҳоди Шӯравиро давом дода, аз мутолиаи маводҳои журналистони беҳтарини давр таҷриба гирифта, дар офаридани маводҳои ибратомӯз таҷриба пайдо менамуд. Ӯ услуби хоси худро дошта, навиштаҳояш пурмазмуну шавқовар ва таъсирбахш буд. Мухлисонаш аз мутолиаи маводҳои ӯ ғизои маънавӣ гирифта, нашри маводҳои навбатии ӯро интизор мешуданд.
Рӯзноманигорӣ касби пуршараф, вале нозуку масъулиятнок буда, аз кас ҷаҳонбинии васеъ, дониши мукаммал, маҳорат  ва ҷасоратро талаб мекунад. Аҳли қалам ҳама гуна навгониҳо, муждаҳо, пешравиҳо ва мушкилоти ҷомеаро пеш аз дигарон дарк карда, барои оммавӣ гардонидани он, пешгирии мушкилот маводҳо омода намуда, дар рушди соҳаҳои гуногун саҳм мегузоранд. Навиштаҷоти Саломиддин Мирзораҳматовро устодаш журналисти соҳибтаҷриба, муҳаррири ҳамонвақтаи рӯзномаи "Ҳақиқати Қӯрғонтеппа (ҳоло "Хатлон)” Муқим Абдураҳмонов мутолиа карда, ба маҳорату истеъдоди нигорандагии ӯ баҳои арзанда медод. С. Мирзораҳматов аз кору бор, ҳаёти одамони меҳнатқарини вилоят ба рӯзномаҳои ҳамонвақтаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла рӯзномаи "Коммунист Таджикистана” хабару мақолаҳо чоп мекард. Ҳамин буд, ки ӯро ба рӯзномаи бонуфузи замон-"Коммунист Таджикистана” ба кор даъват карда, мухбири махсуси рӯзнома дар вилояти собиқ Қӯрғонтеппа таъйин намуданд.
Масъулияташ афзуда, дар бораи масъалаҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта маводҳо омода мекард. Роҳбарияти рӯзнома аз кори ӯ қаноатманд буд. Саломиддин барои ба боварӣ сазовор шудан кӯшишҳо намуда, маводҳои арзишманд омода мекард. Бозёфтҳои эҷодӣ, услуби хос, маводҳои таъсирбахш гувоҳи пешравӣ дар пешаи интихобнамудааш ҳисоб меёфт. Муҳаррир аз кори ӯ қаноатманд буду ҳамкорон ҳамчун инсони шариф, ғамхору меҳрубон эҳтиромаш менамуданд. Дар соҳаи журналистика мавқеи сазовор пайдо карда, аз ҷониби масъулин дастгирӣ ёфта, пайваста маҳораташро такмил медод.
Маълум, ки дар замони Шӯравӣ дар рӯзномаи ҷумҳуриявӣ мухбири махсус шуда кор кардан масъулияти калонро талаб менамуд. Мухбирони махсус аз суҳбати роҳбарони ҳизби гузашта ва фаъолият онҳо ҳамаҷиҳата эътибор медоданд. Маводҳои хонданбоб ба муштариён писанд омада, ҳамовозӣ пайдо мекард. Инро рӯзноманигори бомаҳорат С. Мирзораҳматов хуб медонист ва ҳаракат менамуд, ки ҳар як хабару мақола, лавҳаю очерк ва маводҳои чопкардааш ба муштариён шодию нишот оварда, дар рушди соҳае кумак намояд.
Алҳол С. Мирзораҳматов дар хориҷи кишвар дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҳаёт ба сар бурда, дар бораи шахсиятҳои маъруфи кишварамон дар матбуоти хориҷӣ ва ҷумҳурӣ мақолаҳои баландмазмун чоп карда, кишвари маҳбубамонро ба хориҷиён муаррифӣ менамояд.
Вале баъзе нотавонбинон дар хориҷи кишвар бо далелҳои беасос ҷумҳурии азизамонро роҳбарияти онро беандешона танқид карда, дигаргуниҳои азим ва фараҳбахши онро нодид мегиранд. С. Мирзораҳматов баъзе чунин нотавонбинони ғаразнокро бо далелҳои асоснок дар маводҳои таҳлилиаш танқид карда, ниятҳои нопок ва ғаразноки онҳоро фош месозад.
Журналисти соҳибистеъдод ва диловар С. Мирзораҳматов ватандори ҳақиқӣ буда, бо қалами буррои худ дастовардҳои беназири мардуми Тоҷикистонро нишон дода, ба маводҳои танқидии шахсони ғаразнок ҷавоби муносиб мегардонад. Мардуми шарафманди Тоҷикистон хизматҳои шоистаи С. Мирзораҳматовро дар тарғиби чеҳраҳои номдори кишвар ҳис карда, аз ӯ сипосгузоранд.
 
Б. САЙДАЛИЕВ,
 «Хатлон»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дӯст он бошад, ки гирад дасти дузд... Андешаҳо пас аз муаррифии китоби Сал ...

Хабарҳо
Ранҷбар дар ҷодаи эҷодҳо

Ранҷбар дар ҷодаи эҷодҳо

Чеҳранигорӣ
«Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» бароям мактаби бузург буд

«Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» бароям мактаби бузург буд

Чеҳранигорӣ
М. Абдураҳмонов: «Ба нафақа баромада бошам ҳам, қаламам ҳоло коргар аст»

М. Абдураҳмонов: «Ба нафақа баромада бошам ҳам, қаламам ҳоло коргар аст»

Хабарҳо, Мусоҳибаи мо, Чеҳранигорӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Бозгашти ҳамаи мо ба сӯйи Ӯст

Бозгашти ҳамаи мо ба сӯйи Ӯст

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА