Дар як сатр
» » Ояндаамон нек аст

Ояндаамон нек аст

25-01-2019, 15:59

Мо-кормандони бахши кадрҳои бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятии Раёсати адлияи вилояти Хатлон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба омӯхтем ва аз худ намудем. Мусаллам аст, ки Паёми навбатии Сардори давлат барои зиндагии хуби мардуми мамлакат ва пешрафти ояндаи иқтисодиву иҷтимоии мамлакатамон нигаронида шудааст. Паёми Сардори давлат аз ҷумла ба кору фаъолияти мо низ дахли комил дорад. Зеро интизом ва ахлоқу одоби аҳолии мамлакат, заҳмати онҳо барои пешрафти ватан ба тараққиёти давлат мусоидат менамояд. Дар Паёми Президенти мамлакат омадааст: "Рушди минбаъдаи ҷомеа тақозо менамояд, ки бо мақсади танзими ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҷамъиятӣ қонунҳои амалкунанда мунтазам такмил дода шаванд. Чунин тарзи танзими ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ки мақомоти ҳокимияти иҷроия фаъолияти худро, асосан, ба идоракунии давлатӣ равона созанд.
Мо низ вазифаҳои худро ба хубӣ медонем ва мекӯшем, ки онро мувофиқи талаботи давлат иҷро намоем.  Албатта вазифаи аввалиндараҷаи мо тарбия намудани инсони комил аст. Пайдост, ки агар инсон боинтизом, хушодобу хушахлоқ бошад, аз ӯ амалиётҳои барои инсон носозгор воқеъ нахоҳад шуд. Ба андешаи мо, чунон ки аз Паёми Сардори давлат бармеояд, вазифаи   мардуми Тоҷикистон меҳнат намудан барои тараққиёти ватан мебошад.
Мутаассифона, вақтҳои охир   тоҷиконе, ки берун аз ҳудуди мамлакат кору зиндагӣ мекунанд ва шаҳрванди Тоҷикистон маҳсуб меёбанд, худро ба гурӯҳҳои ҷиноятӣ андохта, ба давлатҳои бегона рафта, ҷиноятҳо содир мекунанд. Мо вазифадорем, ки бо чунин гурӯҳҳо муборизаи беамон барем. Кӯшиш бикунем, ки то ҳадди имкон онҳоро ба роҳи рост ҳидоят созем. Бо ҳамин роҳ мо метавонем давлат ва ҷамъиятамонро ба ободӣ ва тараққиёт расонем. Ин ҳолат Сардори давлатамонро низ ба ташвишу изтироб овардааст. Зеро  ин амали онҳо монеаи пешрафти ҷомеа мебошад. 
Тавре ки дар Паёми Президенти мамлакат омадааст: "Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон инчунин, мубориза бо ҷиноят корӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад.
Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти худ қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд”. Сарвари кишварамон дар ҳар баромадашон аз вазъи ҷаҳони имрӯза изҳори ташвиши ҷиддӣ  менамоянд, зеро ба Тоҷикистон, ба ватани худ дилашон аз ҳад беш месӯзад. Ин маъниро дар Паёми навбатиашон низ изҳор намудаанд.
Чунон ки дар Паём оварда шудааст:  "Вазъияти имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа тақозо менамояд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, бахусус  ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд. Мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва дилпурем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро  чун сипар ҳимоя мекунанд”.  Аз ин рӯ, минбаъд низ кормандони соҳаи мақомоти қудратӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар роҳи иҷрои қонун содиқона хизмат намоянд.
Мо низ, кормандони соҳаи адлия, бо ҳамин роҳ равонаем ва Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода  бароямон дастурамали корӣ мебошад.
Шамсулло Гулов,
сармутахассиси бахши
бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятии
Раёсати адлияи вилояти Хатлон


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳуҷҷати навбатии тақдирсоз омода гардид

Ҳуқуқу амният
Роҳнамои зиндагӣ

Роҳнамои зиндагӣ

Ҳаёти иҷтимоӣ
ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Ҳокимияти давлатӣ
Масъалаҳои соҳаи хизмати давлатӣ дар паёми Пешвои миллат

Масъалаҳои соҳаи хизмати давлатӣ дар паёми Пешвои миллат

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ салоҳияти мост

Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ салоҳияти мост

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо