Дар як сатр
» » Ҳадяи либосҳои зимистона ба ятимони кулл

Ҳадяи либосҳои зимистона ба ятимони кулл

25-01-2019, 09:53

Ба беш аз 50 ятими кулл аз ноҳияи Кӯшониён пироҳанҳои зимистона ва дигар ҳадяҳо тақдим карда шуд.
Ин маросим 14 январи соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён бо иштироки Тоҳир Ҷобирзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат ва Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барпо гардид.
- Имрӯзҳо соҳибкорону ашхоси саховатманди ҷумҳурӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ба бепарасторону ятимон дасти кумак дароз мекунанд, - зикр намуд муовини раиси ноҳияи Кӯшониён Д. Шукруллозода. - Ин иқдоми наҷиби Пешвои муаззами миллатро вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Ҷобирзода Тоҳир Гул сармашқи кори худ қарор дода, аз ҳисоби буҷети оилавиаш ба беш аз 50 ятими кулли ноҳия сарулибоси зимистона тақдим кард.
Ҷобирзода Тоҳир Гул зимни тақдими ҳадяҳо зикр кард, ки ҳар яки мо бояд шукронаи ободӣ ва сулҳу суботи диёри биҳиштосоямонро намоем, зеро аз тарафи Ҳукумати мамлакат барои ятимон ва бепарасторон мунтазам ғамхориҳо зоҳир гардида, барои рӯзгор ва таҳсили онҳо маблағи муайян ҷудо карда мешавад.
- Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Роҳбари давлатамон дар ҳар як сафари кории худ бо ятимону бепарасторон вохӯрда, сари онҳоро падарвор сила мекунад ва таъкид месозад, ки ҳеҷ гоҳ ятимону бепарасторон худро бояд яккаву танҳо ҳис накунанд, чунки Ҳукумату давлат ҳамеша саробони онҳост, - афзуд Т. Ҷобирзода.
Ҷавонону наврасоне, ки аз ин иқдоми хайрхоҳона бархӯрдор гардиданд, бо изҳори сипосу миннатдорӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҳаққи ятимону бепарасторон ғамхории доимӣ зоҳир менамоянд ва ба вакили парлумони кишвар Т. Ҷобирзода, ваъда доданд, ки муассисаи таълимиро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, шомили мактабҳои олӣ мешаванд ва дар оянда ба халқу давлат содиқона хизмат мекунанд.
Н. Мустафо,
«Хатлон»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ташаббуси соҳибкорони Кӯшониён

Хабарҳо

Амалҳои инсондӯстона дар шаҳри Бохтар

Хабарҳо
Идомаи вохӯриҳои вакилони парлумон бо интихобкунандагон дар Хатлон

Идомаи вохӯриҳои вакилони парлумон бо интихобкунандагон дар Хатлон

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Мулоқоти вакилони парлумон бо интихобкунандаҳо

Мулоқоти вакилони парлумон бо интихобкунандаҳо

Сиёсат, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ҳизбҳо номзадҳояшонро ба вакилии парлумон пешбарӣ мекунанд

Ҳизбҳо номзадҳояшонро ба вакилии парлумон пешбарӣ мекунанд

Сиёсат, Хабарҳо