Дар як сатр
» » Паём - ободониву созандагиҳои фардои Тоҷикистон

Паём - ободониву созандагиҳои фардои Тоҷикистон

26-01-2019, 14:47

«Пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ба суботу оромии ҷомеа ва таъмини салоҳияти қонун вобастагии бевосита дорад».
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷиҳати тарғибу ташвиқи моҳияти Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон вохӯрии судманд бо иштироки директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ва муовини директор Малоҳат Холиқзода баргузор гардид.
Дар он кормандони шуъбаҳо ва сардорони мақомоти омори шаҳру ноҳияҳои вилоят  иштирок доштанд. Тавре ки зикр гардид, паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардум бо ифтихори баланди ватандорӣ, шукрона аз фазои осудаву ором ва раванди бунёдкориву созандагӣ истиқбол намуданд.
 Боиси ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ, ҳамоишу конфронсҳо борҳо таваҷҷуҳи аҳли сайёраро барои истифодаи оқилонаи захираҳои гидроэнергетикӣ, беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ, истифодаи самараноки захираҳои об ҷалб кардааст.
Солҳои 2018-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шуд, ки ин ҳам як иқдоми неки Сарвари давлат ва ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
 Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Сипас, Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар назди ҷамъомадагон баромад намуда, оид ба моҳияти Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кард, ки дар Паём сиёсати иқтисодию иҷтимоии давлат, дар навбати аввал таъмини рушди устувори иқтисодӣ, сиёсати дохила ва хориҷии кишвар ва дигар паҳлуҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баён карда шудааст.
Дар Паём оид ба бартараф намудани камбудию норасоиҳои мавҷуда дастуру супоришҳо дода шуда, ҷиҳати иҷрои кодекси андози ҷумҳурӣ, сармоягузории хориҷӣ, иқтисодиёти пинҳонӣ ва коррупсия, барномаҳои давлатӣ нисбати роҳи оҳан ва соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ, тақвияти гидроэнергетика ва коммуникатсияи ҳозиразамон, тайёр кардани кадрҳои ба талаботи замон ҷавобдиҳанда, бардоштани савияи дониши кадрҳо, хизматчиёни давлатӣ ва соҳавӣ, рушди забони давлатӣ, аз худ намудани забонҳои русӣ ва англисӣ, маърифати сиёсӣ, истифодаи шароитҳои мусоид дар соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, ёрӣ ба бахши ҳифзи иҷтимоӣ ва табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, маориф, фарҳанг, илм, фароҳам овардани шароити мусоид барои тарбияи солиму бомаърифати фарзандон, риояи қонунҳо оид ба танзими расму оинҳо диққати асосӣ дода, баҳри коҳиш додани таъсири манфии буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти кишвар чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Густариши робита, ҳамоҳангсозии ҳаматарафа бо ҳамсояи ҳамсарҳад Ҷумҳурии Ӯзбекистон, пешгирии терроризм ва экстремизм, беҳтар намудани Стратегияи муқовимат бо коррупсия иқдомҳои неки Сарвари давлат ба шумор меравад.
 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём мухтасар оид ба пешрафти соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат суханронӣ намуда, даъват ба амал овард, ки барои боз ҳам баланд бардоштани иқтисодиёт, вазъи иҷтимоии мамлакат ва   амалӣ гаштани мақсади аслӣ лозим аст, ки ҳар фарди боору номус саҳми босазои худро гузорад.
Муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Малоҳат Холиқзода зимни суханронии худ оид ба мазмуну мундариҷа ва ҳадафҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси  Олии кишвар, хизматҳои Ҷаноби Олӣ ва ғамхориҳои ӯ дар тӯли 27 соли Истиқлолияти Тоҷикистон бо далелҳои муътамад ва боварибахши илмӣ баҳои ҳаққонӣ дода, қайд намуд, ки маҳз бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Ҳукумати конститутсионӣ рӯи кор омад ва миллати тоҷик сарвари арзандаи худро интихоб кард. Шохаҳои фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ аз нав барқарор ва пояҳои давлатдорӣ устувор гардид. Оид ба маъсалаҳои беҳтар намудани  вазъи муассисаҳои тиббӣ, баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ маълумот дода шуд.
 Зина ба зина баланд бардоштани музди меҳнат нишони ғамхории Сарвари давлат буда,  сол ба сол  сатҳи зиндагии  моро беҳтар менамояд. 
Мо-кормандони омор  тамоми  ҳастиямонро барои беҳбудии диёр сафарбар мекунем. Ин аст ҷавоби  мо ба Паёми Президенти кишвар.
Муовини сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Боймаҳмадов Маҳмаюсуф дар баромади худ қайд намуд, ки соҳаи омор дақиқӣ, саҳеҳӣ ва шаффофиятро талаб менамояд. Бинобар ин, ба интихоби кадр ва тайёр намудани онҳо дар Сарраёсат диққати ҷиддӣ дода шуда, барои баланд бардоштани мафкура ва савияи дониши мутахассисони ҷавон бо мақомоти дахлдори давлатӣ вохӯриҳо ва семинарҳои омӯзишӣ ба роҳ монда шудааст.
Тибқи Барномаи корҳои оморӣ раванди сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳисоботҳои оморӣ дар шакли электронӣ ба як низоми муайян роҳандозӣ карда шудааст.
Тадқиқоту ҳисоботҳо оид ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сари вақт гузаронида ва ҷамъоварӣ карда шуда истодааст. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёди ободонию созандагӣ ба нақша гирифта шудааст.
 Мо-кормандони соҳаи омор кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дастуру супоришҳои баррасигаштаро саривақт иҷро намоем.
Сарраёсат дар якҷоягӣ бо Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паём зикршуда омода намуда, онро таҳти назорат қарор медиҳад.
Истиқлолияти давлатӣ ва озодӣ барои мо неъматҳои муқаддастарин ва бузургтарин мебошанд, ки тамоми дастовардҳои мо аз онҳо вобаста мебошад. Бинобар ин, бо кӯшишу талоши аҳлонаи ҳамаи мо мушкилоти ҷомеа ва давлатамон дар ояндаи наздик бартараф гардида, Тоҷикистони маҳбубамон ба як мулки воқеан обод ва пешрафта табдил хоҳад ёфт.
Ҳифзи озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳи ин сарзамин мебошад.
Ҷамъомад дар фазои якдигарфаҳмӣ ва саволу ҷавоб дар доираи масъалаҳои дар Паёми Пешвои миллат дарҷгардида сурат гирифт.
З. Давлатзода,
сардори Сарраёсати Агентии омори
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар вилояти Хатлон


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Роҳ ба сӯи фардои дурахшон

Номаҳои Шумо

Нақшаҳои бунёдкоронаи худро сари вақт ба анҷом расонем

Маориф ва илм
Масъалаҳои соҳаи хизмати давлатӣ дар паёми Пешвои миллат

Масъалаҳои соҳаи хизмати давлатӣ дар паёми Пешвои миллат

Ҳаёти иҷтимоӣ
Роҳнамо ба сӯйи фардо

Роҳнамо ба сӯйи фардо

Номаҳои Шумо
Рўҳбаландӣ аз Паём

Рўҳбаландӣ аз Паём

---