Дар як сатр
» » Масъулияти касбӣ баланд мегардад

Масъулияти касбӣ баланд мегардад

25-01-2019, 09:44

Мардуми шарифи ҷумҳурӣ ҳар сол Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ, бо рӯҳияи баланди сиёсию меҳнатӣ қабул менамоянд. Зеро ки он на танҳо барои Маҷлиси Олӣ балки барои кулли мардуми кишвар нигаронида шудааст.
Дар ҳар як Паём  масъалае мавриди назар қарор гирифта, баҳри ҳалли он тадбирҳои амалӣ андешида мешавад. Дар Паёмҳои гузашта масъалаҳои мубрами рӯз-амнияти озуқавории мамлакат, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ, яъне се ҳадафи асосӣ қарор дода шуда буд. Дар Паёми навбатиашон бошад, Пешвои миллат ҳадафи чоруми миллиро эълон намуданд. Вобаста ба масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ Сардори давлат пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии бо суръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.
Вобаста ба масъалаҳои бамиёномада муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон зикр намуданд, ки низоми таҳсил ислоҳоти нав ба навро тақозо менамояд. Яке аз он, баланд бардоштани сатҳи сифати дониш буд. Бинобар ин, пеш аз ҳама  ба сатҳу сифати таҳсил бояд эътибори ҷиддитаре дода шавад. Устодону ҳайати профессорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ин таъкиди Пешвои миллатро барҳақ ва саривақтӣ медонанд. Аз ин рӯ, онҳо пуштибони ҳар нуктаи Паём буда, ислоҳоти низоми соҳаи таълиму тарбияро хуш пазируфтанд.
Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамеша ғамхору ёвари маорифчиён мебошад. Зиёд шудани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф аз моҳи сентябри соли 2018 гувоҳи ин аст. Дар Паём ин нуктаи ифтихорӣ бо унвони маорифчиён ба таври зайл қайд шудааст: «Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизмати шоиста кардаанд, идома медиҳем». Ин ҳамон суханҳое аст, ки мо- маорифчиёнро баҳри тайёр кардани кадрҳои лаёқатманд нерую қувваи дучанд мебахшад. Ҳар шаҳрванд эҳсос мекунад, ки мо кишвари ободу зебо ва Сарвари оқилу доно дорем. Аз ин лиҳоз, ватани азизамон-Тоҷикистон ояндаи дурахшон дорад.
Дар Паём омадааст: «Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва ба ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем». Ин нукта мо- устодону омӯзгоронро водор менамояд, ки пайваста маҳорату таҷрибаи кории худро баланд бардорем, дараҷаи дониши худро сайқал диҳем, то тавонем ба шогирдон донишҳои замонавиро мукаммалтару хубтар омӯзонем.
Имрӯзҳо дар ҳама коллективҳои меҳнатии ташкилоту муассисаҳо доир ба нуктаҳои ҳидоятгари ояндаи рӯшану шукуфои Паёми Парезиденти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар менамоянд. Ва дар асоси дастуру пешниҳодоти Сарвари давлатамон нақшаю чорабиниҳо омода менамоянд.
Коллективи устодону омӯзгорони ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ низ аз Паёми навбатии Пешвои миллат рӯҳияи баланди корӣ гирифтанд. Ҳайати омӯзгорони донишгоҳ баъди шунидани суханҳои пурмуҳтавои Сарвари давлат ҷамъомад доир намуданд. Барои равнақ бахшидани кори таълим ва тайёр кардани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи давру замон ибрози ақида намуда, нақшаҳои нави корӣ тартиб дода шуд.
Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб дар тӯли солҳои мавҷудияти хеш ҳазорон мутахассисони соҳаҳои хоҷагии халқро омодаву барои хизмати содиқона ба халқу ватан сафарбар намудааст.  Имрӯз бошад, талаботи замон боз ҳам афзудааст. Масъулияти сабақомӯзон аз зинаи таҳсилоти томактабӣ то донишгоҳҳои касбомӯзӣ дучанд афзудааст. Он тавре ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми хеш қайд карданд: "Дар замони муосир бояд кадрҳои ҷавобгӯй ба ҳар соҳаро дошта бошем”.
Аз ин лиҳоз,  мо- омӯзгорону ҳайати профессорон баҳри он саъю кӯшиш менамоем, ки дар бахши таълиму тарбия боз ҳам масъулият ҳис намуда, ҷавонони соҳибкасбу бомаҳоратро ба камол расонем ва дар кори пешрафту рушди кишварамон саҳми арзанда гузорем.
 
Манучеҳр САФАРЗОДА,
устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Паём - ободониву созандагиҳои фардои Тоҷикистон

Паём - ободониву созандагиҳои фардои Тоҷикистон

Ҳаёти иҷтимоӣ
ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Ҳокимияти давлатӣ
Масъалаҳои соҳаи хизмати давлатӣ дар паёми Пешвои миллат

Масъалаҳои соҳаи хизмати давлатӣ дар паёми Пешвои миллат

Ҳаёти иҷтимоӣ
Рўҳбаландӣ аз Паём

Рўҳбаландӣ аз Паём

---
Омӯзгор дар таълиму тарбияи насли ояндасози Ватан нақши арзанда дорад

Омӯзгор дар таълиму тарбияи насли ояндасози Ватан нақши арзанда дорад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ