Дар як сатр
» » Ҳуҷҷати навбатии тақдирсоз омода гардид

Ҳуҷҷати навбатии тақдирсоз омода гардид

24-01-2019, 11:42

Мусаллам аст, ки ҳар як Паёми Сарвари давлат бо баррасии мавзӯъҳои мубрам хусусиятҳои хос дорад.   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин навбат низ дар Паёмашон ҳама масоили рӯзро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, аз ҷумла марбут ба фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чунин иброз доштанд: «Рушди минбаъдаи ҷомеа тақозо менамояд, ки бо мақсади танзими ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҷамъиятӣ қонунҳои амалкунанда мунтазам такмил дода шаванд». Интизор меравад, ки бо гузашти вақт  ҳар як қонуни такмилёфта мувофиқ ба фазои зиндагии мардуми кишвар тарҳрезӣ мегардад. Муҳимтар аз ҳама волоияти тамоми қонунҳои амалкунанда бояд ҳамаҷониба пазируфта ва риоя карда шавад.
Ҳамзамон, Пешвои миллат тавсия додаанд, ки кормандони ниҳодҳои қудратиро мебояд сатҳи донишу маҳорати корбарии худро сайқал диҳанд ва таъкид намуданд: «Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои  низомиро зарур аст, бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ,  инчунин бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти  ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд. Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм,  шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад.
Сарвари мамлакат  бо назардошти раванди босуръати ҷаҳонишавии давлатҳо  ҳамеша ба оромиву пешрафти ватани азизамон таваҷҷуҳ намуда, марбут ба тамоми самтҳо; чӣ ба мақомот ва, чӣ ба ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ, ҳамеша назари хоса доранд. Дар заминаи  чунин дастуру пешниҳодҳои судманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, байни кормандони прокуратураи шаҳри Бохтар баргузории мулоқотҳои самарабахш бо сокинони шаҳр идома дошта, муҳтавои Паём ҳамеша мавриди омӯзиш ва дастгирӣ қарор мегирад.
 
Иброҳим Нусратзода,
прокурори шаҳри  Бохтар,
мушовири адлияи дараҷаи 1


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ояндаамон нек аст

Ҳуқуқу амният

Ҳадафҳои паём-раҳнамои зиндагии шоиста

Арсаи кишоварзӣ

Паём пайғоми нек аст

Ҳаёти иҷтимоӣ
Таҷассумгари сиёсат ва симои давлат

Таҷассумгари сиёсат ва симои давлат

Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ салоҳияти мост

Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ салоҳияти мост

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо