Дар як сатр
» » «Тоҷикфилм» - ғолиби озмун

«Тоҷикфилм» - ғолиби озмун

25-01-2019, 10:34

Шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 озмуни вилоятии «Беҳтарин роликҳо ва наворҳои видеоии таблиғотӣ»-ро дар самти таблиғу тарғиб ва ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ба мавзеъҳои дилфиреби сайёҳии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон эълон намуда буд. Ин озмун дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷамъбаст гардид. 

Дар озмуни мазкур Раёсати муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар вилояти Хатлон сазовори ҷойи аввал шуд ва соҳиби шаҳодатномаи ғолибияти озмун ва Ҷоми раиси вилоят  гардид.

Инчунин, Сипосномаи раиси вилоят барои   саҳми арзанда дар рушди соҳаи  сайёҳии вилояти Хатлон, бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ба  Пирхонов Муҳаммадалӣ, сардори Раёсати муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар вилоят, аз ҷониби муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар  супурда шуд.

Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019- 2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. 

Дар Паём  таъкид шуд, ки  чанде пеш бо Қарори Ассамблеяи генералии ЮНЕСКО боз яке аз намудҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумии мо - чакан ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримодии  башарӣ шомил гардид. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад.

Раёсати муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар вилояти Хатлон ҷонибдорӣ аз  нуктаҳои Паёми Пешвои муаззам намуда, тасмим гирифтааст, ки лавҳаи зебои  чаканро таҳти унвони «Сад тасвири ранги чакан»  бо рангубори бадеӣ зебоиҳои чакан, рангҳои дилорои ватан таҳия намуда, пешкаши   ҳамватанон гардонад.

Далер Шарифов



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Нақши чакани Фархор

Нақши чакани Фархор

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

«Сад ранги чакан» дар Муъминобод

Хабарҳо
Дарёфти чеҳраҳои нав

Дарёфти чеҳраҳои нав

Фарҳанг ва адабиёт
Занону духтаронро ба касбомӯзӣ ҷалб бояд кард

Занону духтаронро ба касбомӯзӣ ҷалб бояд кард

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, АСАЛМО САФАРОВА
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ