Дар як сатр
» » Сипоси қадри инсон кори нек аст

Сипоси қадри инсон кори нек аст

24-01-2019, 07:28

Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаригардида раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон аз ноҳияи Кӯшониён дидан намуд. Раиси вилоят нахуст аз хонаҳои собиқадорони меҳнати ноҳия Файзинисо Рустамова, Файзиддин Раҳматов ва Меҳрӣ Кенҷаева дидан намуда, бо ин пирони рӯзгордида, ки ҳаёти ибратбахши хешро ба нафъи халқу ватан бахшидаанд, вохӯрд. Ин меҳтарони арсаи меҳнат якедар соҳаи маориф 43 сол собиқаи омӯзгорӣ дораду дигаре дар соҳаи кишоварзӣ, саввумӣ бошад, ба ҳайси табиб 54 сол ба нафъи ҷомеа хизмат намудаанд ва имрӯз ба пиронсолии хеш нигоҳ накарда, ҳамқадами ҳаётанду аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза гирифтаанд. Дар ҳақиқат, сипоси қадри инсон кори нек аст. Ин собиқадорон имрӯз низ тарбиятгари ҷавононанд ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзанд. Аз ҷониби раиси вилоят ба ин собиқадорони меҳнат кумакҳои моддӣ расонида шуд.

Пас аз дидорбинӣ бо ин пирони равшанзамир раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон бо сокинониноҳияи Кӯшониён вохӯрда, ба арзу муроҷиати онҳо расидагӣ намуд. Раиси вилоят чорабиниро оғоз бахшида, иброз дошт, ки тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини кумитаю вазорат, вилоят, шаҳру навоҳӣ, ташкилоту муассисаҳо ҳар ҳафта рӯзи шанбе бояд қабули шаҳрвандонро ба роҳ монда, ба арзу матлаби онҳо гӯш диҳанд, баҳри рафъи мушкилоти ҷойдошта тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ҳамин тавр, Ҳакимзода Қурбон иброз, дошт, ки мақсад аз мулоқоти имрӯза қабл аз ҳама шунидани арзу матлаби шаҳрвандон, таҳлили натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Кӯшониён дар соли 2018 ва вазифагузориҳо барои соли 2019 мебошад.

Сокинони ноҳия Шералӣ Ашӯров, Раҳимбек Шамсиддинов, Кароматулло Кабиров, Анвар Раҳмонов, Адҳамҷон Маҳмадҷонов, Илҳом Қурбонов, Бибиҷон Маликова, Мирзораҳим Сайдалиев, Зайнулло Қаҳҳоров доир ба масъалаҳои вобаста ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони фермаи мурғпарварӣ, синфхонаҳои иловагӣ, майдончаҳои варзишӣ ва корхонаҳои саноатӣ, сартарошхона, ҳаммом, бунгоҳи тиббӣ, кошонаи ҳусн, замини наздиҳавлигӣ барои бунёди хонаи иқоматӣ ва ҷудо кардани саҳми замини хоҷагии деҳқонӣ муроҷиат намуданд.

Раиси вилоят ба масъулини соҳаҳои дахлдор ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои пешниҳодгардида дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Пешниҳодҳои мазкур вобаста ба бунёди муассисаҳои хизматрасонӣ корхонаҳои саноатӣ аз ҷониби роҳбари вилоят хуб арзёбӣ гардид.

Ҳамчунин, сокини Ҷамоати шаҳраки «Бохтариён» - Саодат Пирматова ба раиси вилоят арзи дил намуд, ки барои фарзанди маъюби 20-солааш аробача кумак намоянд. Ин дархости модар Саодат Пирматова худи ҳамон рӯз роҳи ҳалли хешро пайдо намуд. Ҳамин тавр, Адҳамҷон Маҳмадҷонов раиси маҳалла аз Ҷамоати деҳоти «Заргар» деҳаи Мирзо Турсунзода аз роҳбари вилоят дархост намуд, ки барои сохтмони утоқи кории раиси маҳалла 2 сотиқ замин ҷудо карда шавад. Раиси вилоят иброз дошт, ки дар ҳақиқат, ин масъала на танҳо барои Ҷамоати деҳоти «Заргар», балки барои тамоми ҷамоатҳои деҳот масъалаи рӯзмарра мебошад. Зеро раисони маҳаллаҳо бояд дорои утоқи корӣ, мизу курсӣ бошанд, то ин ки бемамониат сокинони маҳаллаҳо ба онҳо муроҷиат намоянд. Аз ин рӯ, ба масъулин дастур доданд, ки барои ҳаллу фасли масъалаи мазкур дар тамоми қаламрави ноҳия тадбир андешанд.

Толиб Касиров аз Ҷамоати шаҳраки «Бохтариён», деҳаи Дӯстӣ, доир ба ҷудо намудани техника барои соҳилмустаҳкамку-нии дарёи Вахш арзи матлаб намуд. Дар ҳақиқат, ҳамасола дар натиҷаи зиёд шудани оби дарёи Вахш аҳолии ин маҳалла зиёни ҷиддӣ мебинанд.

Ҳакимзода Қурбон ба роҳбарияти ташкилоту муассисаҳои вилоятиву ноҳиявӣ баҳри пешгирӣ аз ҳодисаҳои табиӣ ва мустаҳкамкунии соҳилҳо супоришҳои қатъӣ дод. Пас аз баррасии арзу матлаби сокинони ноҳияи Кӯшониён раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор доир ба натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар соли сипаригардида ҳисобот дод. Раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон аз рафти корҳои омодагӣ ба санаи муҳими таърихӣ - 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён изҳори нигаронӣ намуда, таъкид дошт, ки дар самти корҳои бунёдкориву ободонӣ ва рушди деҳот дар ноҳия натиҷаҳо назаррас нестанд.

Нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 19 фисад таъмин гардидааст. Ҳол он ки дар ноҳияи Кӯшониён захираву имкониятҳои зиёди истифоданашуда мавҷуданд. Масъулини ноҳия дар ин самт бояд корро ҷоннок намуда, дар ободониву бунёдкорӣ, таъмири роҳҳо, бунёди корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ саҳми назарраси хешро гузоранд. Сипас, раиси вилоят нисбати Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ сухан ронда, таъкид карданд, ки Паём дастурамали фаъолияти ҳар як фарди ватандӯст ба шумор меравад.

Зеро дар Паём нисбати ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва вусъат бахшидан ба ташкили ҷойҳои корӣ махсус таъкид рафтааст. Тавре ки роҳбари вилоят ёдовар гардид, айни замон дар мамлакат татбиқи 70 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 30 миллиард сомонӣ идома дорад. Аз ин рӯ, масъулини ноҳияи Кӯшониёнро вазифадор намуд, ки баҳри ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва муаррифии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ҳама бахшҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.

Раиси вилоят ба роҳбарият ва фаъолони ноҳияи Кӯшониён ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ нисбати рушди деҳот, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ, саноатикунонӣ таъкид намуда, барои сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои коркарди маҳсулоти ширӣ, таъмиру тармими муассиса, ташкилоту идора, хонаҳои иқоматӣ, роҳу пулҳо супоришҳои қатъӣ дод.

ВАХШОНА,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳадаф - беҳбудӣ бахшидан ба рӯзгори мардум

Ҳадаф - беҳбудӣ бахшидан ба рӯзгори мардум

Ҳокимияти давлатӣ
«Ба корҳои ободониву созандагӣ бояд диққати бештаре дод»

«Ба корҳои ободониву созандагӣ бояд диққати бештаре дод»

Ҳокимияти давлатӣ
«ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗРО БО  ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ!»

«ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗРО БО ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ!»

Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Раиси вилоят: «Ба арзу дархости мардум таваҷҷуҳи бештар мебояд»

Раиси вилоят: «Ба арзу дархости мардум таваҷҷуҳи бештар мебояд»

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Д. Гулмаҳмадзода: «Бо ҷалби соҳибкорон корхонаҳои саноатӣ бунёд намуда, ҷой ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Бо ҷалби соҳибкорон корхонаҳои саноатӣ бунёд намуда, ҷой ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА