Дар як сатр
» » Ба пуштибонии Фаридун Воҳидов (Ҷавобгунае ба палидаке бо номи Илҳом Ёқубов)

Ба пуштибонии Фаридун Воҳидов (Ҷавобгунае ба палидаке бо номи Илҳом Ёқубов)

19-01-2019, 17:23

Имрӯзҳо мардуми бошараф ва ҷавонони сулҳпарвар дар Ватан зиндагӣ намуда, халқи тоҷик хоҳони сулҳу суботанд. Давлату миллати тоҷик рӯзҳои сахту нооромиро аз сар гузаронида, намегузоранд, ки нохалафон нисбат ба ватани азизи мо фитнаангезӣ кунанд.

Ҳоло шахсони ватанфурӯш ва хоин ба мисли Илҳомҷон Ёқубов   пайдо шуданд, ки мехоҳанд тавассути фитнаандозӣ ҷавонон ва халқи сулҳпарвари тоҷикро, ки тарафдори сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи давлату миллати тоҷиканд, вайрон созанд. Баҳси атрофи ин масъла боиси нигаронӣ аст, ки зархарид, хиёнаткор ва шағоли бехона Илҳомҷон Ёқубов, ки дар куҷое фоида ба даст орад, ба ҳамон ҷо рафта  ватану миллат ва дину виҷдонашро ба як пули пучак мефурӯшад. Беҳтар он аст, ки Илҳомҷон Ёқубов сафсата ва фитнаангезиашро бас кунад. Чунки оқибати ин ҳама аъмоли сохтаи ӯ заволе ҳаст, барои ташкил кардани системае, ки дарунаш пур аз хоинони ватанфурӯш, гурезаҳои фирефташуда. Оқибати инро торикие интизор аст. Ин роҳ ба сӯи ғорест, ки ҳаргиз аз он ҷо баромада наметавон. Ту як бозичаи мувакатие ҳасти, ки душманони сарзамини тоҷик бози медароранд ҳушдор бош, ки ҳама корро анҷом интизор аст баъд аз анҷоми коре, ки вобастаат  крдаанд ту як хошоке мешави, ки аслан хошокҳоро дар хама руи замин тоза мекунанд. Фаромуш накун, ки туро Тоҷикистон ба воя расонд ва ба ин куллаҳо расиди дар охир ба ин ватан хиёнат карди аммо дар зери сояи касе боши бидон, ки онҳо туро  боварии комил намекунанд чунки ба давлати худат хиёнат карди онҳо медонанд, ки ту метавони онҳороҳам ҳар замон хиёнат куни барои ҳамин корашон бо ту Илҳомҷон Ёқубов тамом шавад ҳатман дар нимароҳ мемони ва шахси барҷомондае мешави, ки ҳеҷкас дигар қабулат намекунад. Ростиро заволе нест шахсоне, ки ту дар Тоҷикистон фиреб ва хиёнат кардӣ ҳатман ба мақсадашон мерасанд.

Асад Муслимов, таҳлилгар



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ба пуштибонии Фаридун Воҳидов (Ҷавобгунае ба палидаке бо номи Илҳом Ёқубов ...

Хабарҳо

Талаби ҳақ аз М.Садриддин писарандари дурӯғгӯён

Хабарҳо

Талаби ҳақ аз М.Садриддин писарандари дурӯғгӯён

Хабарҳо, Сиёсат

ҲНИ омили бадбахтиҳо дар шаҳри Дортмунти Олмон

Хабарҳо

Ба фарзандони гумкардароҳу хоин

Хабарҳо, Номаҳои Шумо