Дар як сатр
» » КАБИРӢ ЧӢ ҶАВОБ МЕДОДА БОШАД?

КАБИРӢ ЧӢ ҶАВОБ МЕДОДА БОШАД?

19-01-2019, 07:07

Саҳифаи интернетро мекушоям. Баъди чанде радубадал шудани мавзуъҳо назарам ба эълоне меафтад.  Раиси ПМТ (Паймони миллии Тоҷикистон) Муҳиддин кабирӣ ба саволҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷавоб медиҳад. Ва дар шафати он сурати дар зоҳир намуди хирадмандонаю орифонадоштаи Муҳиддин Кабирӣ.

Чаро раиси ҲНИ нею раиси ПМТ. Дарҳол ба ёдам омад ин ҳамон ташкилоти таъсисдодаи Кабирӣ ва думравонаш аст, ки чанде пеш рӯи кор омада буд ва аз тарафи Додоҷон Атоуллоев зери интиқоди сахт қарор ёфтаву онро ҳамчун масхарабозӣ номид. Ва роҳи дигари дарёфти маблағҳои ҳангуфтро дар таъсиси он шуморид.

Хуб, бигузор ҳамин тавр бошад, вале дар пахши зиндааш Муҳиддин Кабирии ба қавли пайравонаш олиму сиёсатшинос ба саволҳои шаҳрвандони Тоҷикистон  чӣ ҷавобе мегуфта бошад. Шояд ба рӯи худ пӯсти хубон кашида, аз онҳо фирор кунад ва ё мардумро чапғалат дода, ба сари дигар рафиқонаш вогузор намуда, худро мусичаи бегуноҳ, моҳи беайб тарошад.

Банда намедонам, ки Кабирӣ давоми дар сафи ҲНИ хамчун аъзо ва роҳбар буданаш барои Тоҷикистону мардуми он чӣ хизмате карда бошад? Некиашро надидеам вале ташкили куштору хунрезиҳояш аз ҳад зиёданд. Дуруст аст, ки худаш не балки бо амри ӯ ва ҳизбаш ҲНИ бо дастони дигарон амалӣ гардидааст. Кабирӣ худаш ба ин фурсат намеёфт, чаро ки аз пайи сарвату молҷамъкунӣ овора буд. Молу сарватғундорӣ ва боло бурдани маишату зиндагӣ хоббии ӯ буд.

Инро амалу рафторҳои Кабирӣ шаҳодат медиҳанд.  Қабл аз шикастхӯрии дастаи хуношоми ӯ бо роҳбарии генерали хоин Назарзода худ ба назди хоҷагони берунмарзиаш фирор кард. Вале имкон наёфт, ки миллионҳо доллару сомониҳои дар дафтараш барои нӯкарон ва зиндагии худ пинҳонкардаашро барад.

Ман суоли зиёд не як суол дорам. Кабирӣ, ту назди ашки модарон, занони бесаробонмонда, гиряи ҷонсӯзи тифлон ва кӯдакони ятиммонда ва он харобиҳое, ки аз тарафи силоҳбадастонатон, аниқтараш террористони шумо рӯи кор омадаанд, чӣ ҷавоб мегӯед? Ва дар ҳамин ҳол мехоҳӣ мардумро боз гул зада, аз оби лойолуд хушк бароӣ. Не, дигар чунин нахоҳад шуд. Оне ки ба шумо савол хоҳад дод ё пайрави шумо аст ва ё ақрабои шумо. Дигар ҳеҷ. 

 

Рустам СОЛЕҲОВ,

омӯзгор 



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Босмачӣ ва ҲНИ

Хабарҳо

Мухиддин Кабири кист ?

Хабарҳо

Ветеранҳо Кабирӣ ва думравонашро маҳкум мекунанд

Номаҳои Шумо

ҲНИ омили бадбахтиҳо дар шаҳри Дортмунти Олмон

Хабарҳо

Хоҷаи худро "падар" гуфтани Кабирӣ

Номаҳои Шумо