Дар як сатр
» » ДӮСТӢ. ОМОДАГӢ БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

ДӮСТӢ. ОМОДАГӢ БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

18-01-2019, 06:47

Дар ноҳияи Дӯстӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 117 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Алҳол бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ корҳои сохтмонӣ дар 40 иншоот бомаром давом доранд. Ҳоло дар ноҳия 5 китобхона сохта шуда истодааст. Ҳамчунин, дар доираи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» бунёди 19 биною синфхонаҳои иловагӣ дар назар дошта шудааст. Танҳо дар соли 2018-ум 28 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва теъдоде аз сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Бо харҷи 1 миллиону 150 ҳазор сомонӣ дар даромадгоҳи ноҳия дарвоза ва ҷой барои қабули меҳмонон бунёд шуда истодааст. Дар ин мавзеъ дидбонгоҳи замонавӣ барои кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ низ сохта хоҳад шуд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ШАҲРИТӮС: СОХТМОНИ 363 ИНШООТИ ҶАШНӢ

Ҳаёти иҷтимоӣ

АЗМИ БУНЁДИ 860 ИНШООТ ДАР КӮЛОБ

Хабарҳо

Данғара: азми бунёди 190 иншоот дар се сол

Хабарҳо

Ҳамадонӣ. Бунёди иншооти ҷашнӣ

Хабарҳо

Дар Вахш бунёди 17 иншоот пешбинӣ мешавад

Хабарҳо