Дар як сатр
» » Хӯроки чорво яке аз омилҳои тараққиёти соҳаи чорводорӣ

Хӯроки чорво яке аз омилҳои тараққиёти соҳаи чорводорӣ

17-01-2019, 06:33

Чорводорӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини хоҷагиҳои ҷумҳурӣ мебошад. Зеро он барои аҳолӣ манбаи маҳсулоти пурарзиши озуқаворӣ, аз қабили гӯшт, шир, тухм ва барои саноат манбаи ашёи хом- пашм, пӯст ва ғайраҳо мебошад.
Роҳҳои асосии зиёд намудани саршумор, маҳсулнокӣ ва наслнокии чорво, беҳтар намудани сифатҳои зотӣ, чорвои зотҳои мавҷудбуда ва ба вуҷуд овардани зотҳо ва типҳои нави чорво, амнияти озуқавории инсонро ба назар гирифта, доимо ташхисҳои тиббӣ - бойториро гузаронида, инчунин, дар асоси дастовардҳои илм ва таҷрибаи пешқадам барпо намудани базаи мустаҳками хӯрока мебошад. Бояд зикр намуд, ки самаранокии иқтисодӣ, чорводорӣ аз таъмин кардани хӯрокҳои хушсифат, самаранок истифодабарии онҳо ва мувофиқи талаботи хӯронидан вобастагии асосӣ дорад.
Чунки аз хароҷоте, ки барои истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ сарф мешавад, қисми зиёди он ба хӯрока рост меояд. Хӯрокҳо дар таркиби арзиши аслии шир 50-55%, гӯшт 60-65% ташкил медиҳад. Яке аз омилҳои тараққӣ намудани соҳаи чорводорӣ, дар муҳлати муайян кишт ва тайёр намудани хӯроки чорво аст. Пеш аз кишт намудани зироатҳои барои хӯроки чорво донистани намуд ва саршумори чорво шарт ва зарур аст.
Дар шароити ҳозира, маҳз ба туфайли технологияи пешқадам, кишти навъҳои серҳосили зироат, ба роҳ мондани кишти байни қаторӣ, такрорӣ ва омехтаи зироатҳои хӯроки чорво, беҳтар гардонидани сифату зиёд кардани ҳаҷми хӯрока, истеҳсоли маҳсулоти чорводориро зиёд кардан мумкин аст.
Серҳосилии зироатҳои хӯроки чорво аз истифодаи нуриҳои маҳаллӣ ва минералӣ вобастагии калон дорад. Мутаассифона, ҳоло деҳқонон ва чорводорони заминдор дар заминҳо кишти зироатҳои хӯроки чорворо хеле кам истифода мебаранд.
Беҳтарсозии ҳолат ва дар самтҳои зарурӣ истифода бурдани заминҳои кишти хӯроки чорво барои мустаҳкамии базаи хӯрока ва баланд бардоштани маҳсулнокии чорво, зиёд кардани саршумор, истеҳсоли гӯшту шир ва пашму пӯст дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ, таъмини талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, саноат бо ашёи хом ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аҳамияти калон дошта, андешидани тадбирҳои ҳалталабро тақозо менамояд.
Ҷамол Ҷумъаев,
декани факултети техникӣ-кишоварзии коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар, номзади илмҳои кишоварзӣ,
Маҳмасодиқ Абдурозиқов,
 мудири кафедраи тиббӣ-бойтории коллеҷи мазкур


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дӯстӣ: Содироти 2594 тонна маҳсулот ба хориҷи кишвар

Арсаи кишоварзӣ
Таъмини амнияти озуқаворӣ ба соҳаи кишоварзӣ вобастагӣ дорад

Таъмини амнияти озуқаворӣ ба соҳаи кишоварзӣ вобастагӣ дорад

Арсаи кишоварзӣ
Таъсиси 750 ҷойи нави корӣ

Таъсиси 750 ҷойи нави корӣ

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Захираи хӯроки чорво 60% иҷро шуд

Захираи хӯроки чорво 60% иҷро шуд

Арсаи кишоварзӣ

Афзоиши саршумори чорво дар Хатлон

Хабарҳо