Дар як сатр
» » Вохӯрии вакил бо интихобкунандагон

Вохӯрии вакил бо интихобкунандагон

17-01-2019, 06:31

Вакилони Маҷлиси намояндагон ба мақсади шарҳи пурраи Паёми Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мулоқотудидорбинии инихобкунандагони худ дар шаҳру навоҳии вилоят сафари корӣ доранд. Дар ҳамин доира, вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии №28, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Сафаралӣ Раҷабов бо сокинони шаҳраку деҳот, кормандону хизматчиёни ташкилоту муассиса, идораҳои ноҳия вохӯрии судманд гузаронд.
Дар вохӯриҳо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Сафаралӣ Раҷабов мардумро ба мазмун ва муҳтавои Паём шинос намуда, ҳамзамон таъкид кард, ки ҳадафҳои асосии ин ҳуҷҷати раҳнамо аз сиёсати сулҳдӯстонаи давлату Ҳукумат, таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат дар роҳи ба як давлати мутараққию пешрафта расидани кишвари азиз, ободонии сартосарии диёр, таъмини зиндагии шоистаи миллати соҳибтамаддуну сарбаланд мужда медиҳад.
Батадриҷ расидан ба мақсадҳои стратегӣ, бунёди иншоотҳои муҳими давр, зебову хуррам гардидани маҳали зист, сол аз сол баланд гардидани музди маоши кормандон, фатҳи қуллаҳои нав ба нави илму маърифат, фарҳанг, варзиш, рушди сайёҳӣ бозгӯйи ҳамин маънианд. Ба масъалаи рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бори дигар рӯ овардани Пешвои миллат ва бо замми рушди деҳот ин равандро то соли 2021 давом додан, дар ҳақиқат, заминаи воқеӣ дорад. Зеро қисми зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон сокинони деҳотанд ва ба ободию хуррамии маҳалли зист бештар ниёз доранд. Дар ин маврид, шароитҳои инфрасохтори деҳот, бунёд ва таҷдиди роҳҳо мувофиқи талаботи байналмилалӣ, ба истифода додани муассисаҳои замонавии таълимию тиббӣ,фарҳангӣ, бунёди иншооти маишӣ, марказҳои истироҳатӣ-фароғатӣ, савдо ва ғайраро муҳайё кардан лозим аст. Танҳо бо ҳамин роҳ метавон пешрафту шукуфоии деҳоти мамлакат ва зиндагии шоистаи сокинон таъмин бошад.
-Бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам, баъзе масъалаҳои ташвишовар, ки ҷаҳонро фаро гирифтааст, боқӣ мондаанд. Ҳамин буд, ки Пешвои миллат ба масъалаи номатлуби зуҳури коррупсия, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои манфиатҷӯйи ифротӣ, паҳн гардидани нашъамандию нашъаҷаллобӣ, риоя нагардидани талаботи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», носозгории оилаҳои ҷавон, даст ба ҷиноят задани занону ноболиғон, худкушӣ, ки давлату миллати моро аз азал хос набуд, махсус қайд намуда, дастур доданд, ба мақсади пешгирӣ варешакан кардани чунин зуҳуроти номатлуб, ки мутаассифона, ҷой доранд, муборизаи дастҷамъона мебояд, то ҳадафҳои пешгирифтаи давлату Ҳукумат - расидан ба зиндагии шоистаи мардум таъмин гардад,-гуфт дар муҳтавои суханрониашСафаралӣ Раҷабов ва бо боварӣ афзуд, ки интихобкунандагон дар роҳи амалӣ гардидани дастурҳои Пешвои миллат, бешак, саҳмгузорӣ хоҳанд намуд.
И. Ҳасанов




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ба саноатишавии кишварамон боварӣ дорем

Иқтисоду тиҷорат
Бигзор соли нави 2019 соли татбиқи ҳадафҳои созанда гардад

Бигзор соли нави 2019 соли татбиқи ҳадафҳои созанда гардад

Ҳокимияти давлатӣ
Вакилон Паёмро шарҳ медиҳанд

Вакилон Паёмро шарҳ медиҳанд

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ
Идомаи вохӯриҳои вакилони парлумон бо интихобкунандагон дар Хатлон

Идомаи вохӯриҳои вакилони парлумон бо интихобкунандагон дар Хатлон

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Вохӯрии депутати парламент бо мардум

Вохӯрии депутати парламент бо мардум

Сиёсат, Хабарҳо, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ