Дар як сатр
» » Қубодиён. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ

Қубодиён. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ

17-01-2019, 06:29

Дар натиҷаи амалӣ намудани тадбирҳои иловагӣ дар самти татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва истифодаи самарабахши маблағҳои буҷетӣ пешрафти минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоӣ дар ноҳияи Қубодиён таъмин карда шуд, ки он, пеш аз ҳама, дар афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, нақлиёт, савдо, хизматрасонӣ, баландшавии музди миёнаи меҳнат ва маблағгузориҳо зоҳир гардид.

Тавре ки аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён ба рӯзномаи «Хатлон» иттилоъ доданд, дар ёздаҳ моҳи соли 2018 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 947 миллион сомонӣ расида, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 ба қадри 5%, ё ин ки 45 миллион сомонӣ зиёд буда, афзоиш ба соҳаи кишоварзӣ 2,1 фоиз, ба соҳаи саноат 9,3 фоиз ва дигар соҳаҳо 22 фоиз рост меояд.

Иҷрои нақшаи андозҳои маҳаллӣ 100,3%, андози иҷтимоии буҷетӣ 101,6% ва ғайрибуҷетӣ 100,6% таъмин гардидааст.

Новобаста ба ин дастоварҳо, инчунин мушкилоти ҳалталаб низ дар миён буда, ба ҳолати 1 декабри соли 2018 6,6 миллион сомонӣ бақияпулиҳои андозҳо боқӣ монда, бақияпулиҳо нисбати аввали соли 2018 ба андозаи 179 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, бақияпулиҳои андоз 558 ҳазор сомонӣ кам шуда бошад ҳам, бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ 737 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби филиалҳои бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳӣ дар ноҳияи Қубодиён ба соҳаҳои хоҷагии халқ 36,3 миллион сомонӣ қарз пешниҳод карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 4,1 миллион сомонӣ зиёд аст.

Саноат яке аз соҳаҳои афзалиятндор буда, истифодаи васеи технологияҳои пешқадам ва баланд бардоштани сатҳи техникии истеҳсолот омили рақобатпазир гардидани маҳсулот ба ҳисоб меравад.

Корхонаҳои саноатӣ дар якҷоягӣ бо бахши хусусӣ дар ёздаҳ моҳи соли 2018 ба маблағи 88,4 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 бо нархҳои муқоисавӣ 109,7 фоизро ташкил дода, 7,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Мавриди зикр аст, ки бинобар сабаби бемасъулиятии масъулини соҳа дар давраи ҳисоботӣ корхонаҳои «Бибӣ Ҳалима», «Бахтулло» «Маъруфхон» ва кооперативи истеҳсолии «Султони Азиз» аз фаъолият бозмонда, корхонаҳои «Ориёно», «Ҳафизӣ», «Нашманхон», «Ёсин-2013», «Ҳоҷӣ Додарбек», «Зариф-1», «Истеҳсолот» ва «Ороиши Диёр» ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 кам кардаанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти тағйирёбии вазъу талаботи бозори ҷаҳонӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, тараққӣ додани соҳаи саноат ва коркарди маҳсулоти он то ҳадди ниҳоӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин мебошад. Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён дар ҳамкорӣ бо сохтору мақомоти дахлдор бо дарназардошти истифодаи васеи имконияту захираҳои мавҷуда, ҷиҳати беҳтар намудани шароити мусоид барои дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ, амалӣ намудани дархосту пешниҳодҳои соҳибкорон чораҳои мушаххасро татбиқ мекунад.

Дар соли 2018 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи 15,5 млн. сомонӣ сармояи асосӣ ҷалб карда шуда, корҳои сохтмону васлкорӣ 14,7 млн. сомонӣ, фондҳои асосӣ ба маблағи 8 млн. сомонӣ иҷро шуда, хонаҳои истиқоматӣ 7200 метри мураббаъ ба истифода дода шудааст, ки ин аз 133 то 215 фоизро нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 ташкил менамояд.

Дар баробари ин, бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №1059, қарори раиси ноҳияи Қубодиён аз 5 июни соли 2018, №772 ба тасвиб расида, гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати пешбурди корҳо оид ба ободонӣ ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия таъсис дода шуда, нақшаи чорабиниҳо бо фарогирии 128 банд бо теъдоди сохтмони 111 иншоот тасдиқ карда шудааст.

Тибқи нақша, дар ноҳияи Қубодиён то имрӯз сохтмони 31 адад иншоот, аз ҷумла 1 муассисаи таълимӣ, 1 адад нуқтаи хатнасур, 2 адад дорухона, 1 майдончаи варзишӣ, 1 меҳмонхона, 2 сартарошхона, 1 ҳаммом, 1 маркази савдо, 1 маркази хизматрасонӣ, 2 коргоҳи дӯзандагӣ, 7 адад пул мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, 650 метри мураббаъ роҳи пиёдагард бо хишти роҳрав пӯшонида шуд. Инчунин, 13,5 км заҳбуру заҳкашҳо тоза гардида, 3,7 км шағалпӯш, 4 км таъмири асосӣ ва 14 км таъмири чуқуричаҳо бо омехтаи сиёҳ корҳо ба итмом расонида шуда, корҳои сохтмонӣ дар 30 иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, марказҳои савдою хизматрасонии маишӣ ба аҳолӣ ва биноҳои маъмурии ташкилоту муассисаҳои ноҳия бомаром идома доранд.

Дар ин давра коргоҳи дӯзандагию қаннодии «Мастура», бинои нави оҷонсии филиали №52 Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» дар Ҷамоати деҳоти Навобод ба истифода дода шуда, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия толорҳои шуъбаи фарҳанг, намоишгоҳи осорхонаи ноҳия ҷиҳати амалӣ гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз таъмири косметикӣ бароварда шуд.

Инчунин, корҳои сохтмони бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав, бинои бисёрошёнагии истиқоматии 48-ҳуҷрадор барои хизматчиёни давлатӣ дар Ҷамоати шаҳраки «Қубодиён» аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, корҳои ободонию бунёдкорӣ, сохтмони марказҳои хизматрасонию савдо, мактаб-парваришгоҳ, бинои маъмурии шуъбаи маориф, муассисаи таълимии №44 ва дар асоси созишномаи байнидавлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон сохтмони беморхонаи марказӣ бо маром идома дорад.

Аз тарафи Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ ва корҳои таъмирӣ»-и Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникӣ» дар деҳаи Равшанободи Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав барои 200 ҷойи хониш, хобгоҳ барои 100 ҷойи хоб оғоз гардид.

Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён барои солҳои 2016-2020» дар ҳамкорӣ бо вазорату ташкилотҳои ҷумҳуриявии масъул 21 лоиҳа ба маблағи 8,6 млн. сомонӣ амалӣ гардида, дар 28 лоиҳаи дигар корҳо ҷараён дошта, дар маҷмӯъ, маблағи умумии он 22,9 млн. сомонӣ, ё ин ки 21 фоиз аз арзиши умумии Барномаро ташкил менамояд.

Аз ҷониби соҳибкорони ноҳи-яи Қубодиён сохтмони биноҳои маркази савдою хизматрасонӣ, клиникаи хусусӣ, толори варзишӣ, ҳаммом, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва гази моеъ ҷараён дошта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар доираи имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати рушди устувори ноҳия ва иҷрои лоиҳаҳои Барнома тадбирҳои иловагӣ меандешад.

Дар Барнома тибқи лоиҳа сохтмони 30 адад иншооти маъмурии ташкилоту муассисаҳои ноҳия пешбинӣ гардида, аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба андешидани тадбирҳои зарурӣ барои иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №797 «Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён барои солҳои 2016-2020» ба вазорату ташкилотҳои ҷумҳуриявии масъул то 1 феврали соли 2019 муҳлат дода шудааст.

Н. Маъмурзода,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТУРИ АМАЛИ МОСТ

Иқтисоду тиҷорат, Номаҳои Шумо

Иҷрои 20 лоиҳа бо харҷи 5,9 миллион сомонӣ

Хабарҳо

Ҳаҷми сармоягузорӣ дар Хатлон афзуд

Иқтисоду тиҷорат, КОМРОНИ БАХТИЁР

Н. Хусрав: ммд - 101,2 миллион сомонӣ

Хабарҳо
Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар семоҳаи якуми соли 2017

Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар семоҳаи якуми соли 2017

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА