Дар як сатр
» » Соли 2019 дар Кӯлоб бунёди 15 коргоҳ ва 3 корхонаи саноатӣ пешбинӣ шудааст

Соли 2019 дар Кӯлоб бунёди 15 коргоҳ ва 3 корхонаи саноатӣ пешбинӣ шудааст

18-01-2019, 06:27

Саноат яке аз соҳаи афзалиятдори иқтисодии шаҳри Кӯлоб муайян гардида, барои рушди соҳа пайваста чораҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд. Бо дарназардошти ин, аз ҷумла барои соҳибкорон ва шахсоне, ки хоҳиши бунёди корхонаҳои саноатиро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб доранд, дар муҳлати кутоҳ, яъне то 5 рӯз, тавассути «Равзанаи ягона» қитъаи замин ҷудо карда мешавад.
Аз шуъбаи иқтисод ва савдои шаҳрдории Кӯлоб хабар доданд, ки дар ин шаҳр дар майдони 6,9 га минтақаи саноатӣ таъсис дода шуда, тибқи қарорҳои дахлдори раиси шаҳр ба 7 соҳибкор дар майдони 3,8 га қитъаҳои замин ҷудо гардид ва ҳуҷҷатҳои 6 нафари дигар дар майдони 1,5 га омода шуда истодаанд.
Дар соли 2018 корхонаҳои саноатии Кӯлоб дар якҷоягӣ бо бахши хусусӣ ба маблағи 218 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба соли 2017-ум 28,2 миллион сомонӣ зиёд аст. Рушди соҳаи саноат 114,9 фоизро ташкил дода, дурнамои нишондиҳандаи соҳаи саноат дар соли 2018-ум 105 фоиз таъмин гардидааст.
Соли гузашта 14 коргоҳи саноатӣ, аз ҷумла 4 коргоҳи дӯзандагӣ, 6 коргоҳи хишти сементӣ, коргоҳҳои қаннодӣ, обҳои ташнагишикан, дару тирезаҳои пластикӣ, пахтатозакунӣ ва 2 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуда, дар ин замина 123 ҷойи нави корӣ дар соҳаи саноат таъсис ёфт.
Ҳамзамон КМ «Ресандаи Кӯлоб» баъди бекории дурудароз бо ҷалби сармояи хориҷӣ ба кор даромад ва 75 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Дар соли 2018 корхона ба маблағи 9,7 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард.
Ҳамин тавр, соли гузашта 23 корхона нисбат ба соли 2017 ҳаҷми истеҳсолро зиёд намуданд. Дар ин давра ҶСК «Сомон –Кӯлобтаҷҳизот» ҳаҷми маҳсулотро нисбат ба соли 2017 ду маротиба зиёд намуда, 27 ҷойи нави корӣ таъсис дод.
Ҳамзамон ҶДММ «Комбинати хонасозӣ» маҳсулоти сохтмонӣ, аз қабили пояҳои оҳану бетонӣ, хишти сементӣ, рег, қуми шустагӣ, обнова истеҳсол намуд. Дар корхона 25 нафар ба кор ҷалб гардида, ҳаҷми маҳсулот дар соли 2018 нисбат ба соли 2017 ду баробар зиёд карда шуд.
ҶДММ «Даврон-К» (собиқ заводи нони Кӯлоб) дар соли 2018 истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба соли гузашта афзоиш дода, дар корхона 21 нафар ба кор ҷалб гардидаанд. Роҳбарияти корхона дар моҳи декабр ба насби коргоҳи макаронбарорӣ оғоз намуда, ният дорад, ки онро дар соли 2019 ба кор дарорад ва 10 нафарро ба кор ҷалб намояд.
ҶДММ «Комбинати шир» бошад, ба маблағи 474 ҳазор сомонӣ маҳсулоти ширию қаннодӣ истеҳсол намуд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2017 118 фоизро ташкил дод. Дар ин корхона 34 нафар ба кор ҷалб шудаанд. ҶДММ «Ориён-Рустам» (комбинати гӯшт) нисбат ба соли 2017 истеҳсоли маҳсулотро 107 фоиз зиёд карда, дар корхона ягона коргоҳи забҳи чорво дар шаҳр сохта шуда, соҳибмулк таҷҳизоти замонавӣ барои коркарди гӯшт ва истеҳсоли ҳасибҳои гуногунро дар моҳҳои наздик ворид мекунад, ки дар натиҷа 15 ҷойи нави кории иловагӣ муҳайё хоҳад шуд.
ҶДММ «Пойафзоли Кӯлоб» номашро ба ҶДММ «Нидои Кӯлоб» иваз карда, 35 нафарро ба тариқи шартномавӣ барои дӯхти болишту кӯрпа ва ғайра ба кор пазируфт. Коргоҳи истеҳсоли макарон дар моҳи октябр ба кор оғоз карда, 8 нафарро ба кор ҷалб намуд. Ин коргоҳ дар соли гузашта 8 тонна макарон истеҳсол намуда, айни замон фаъолияташро идома дода истодааст.
Дар ҶДММ «Пахтаи Кӯлоб» аз тарафи соҳибмулк коргоҳҳо барои истеҳсоли мехча ва мебел таъсис ёфта, таҷҳизоти зарурӣ ворид гардидааст. Дар майдони заминҳои ҶДММ «Мармариён» (корхонаи равған) ва ҶДММ «Пахтаи Кӯлоб» шаҳрчаи саноатӣ бунёд карда мешавад. Айни замон 200 нафар ба кор ҷалб гардида, барои сохтмону барқарорсозии коргоҳҳо фаъолият доранд. Тибқи маълумоти соҳибмулки корхона, дар соли 2019-ум 5 коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода супорида мешаванд.
Соли 2018 бо истифода аз ангишт дар се корхонаи саноатӣ истеҳсоли хишти пухта ба 4 миллиону 667 ҳазор дона расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбати соли гузашта 1 миллиону 645 ҳазор дона, ё ин ки 1,5 баробар афзоиш ёфт.
Дӯхти либосҳои мактабӣ ҳамагӣ 24017 ҷуфтро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 17507 ҷуфт зиёд буда, афзоиш 3,36 маротибаро ташкил дод.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Кӯлоб барои бунёди силсилаи корхонаҳои коркарди пурраи нахи пахта ба сармоягузорони чинӣ ҷиҳати ҷудо намудани 200 га замин розигӣ дода, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол карда шуд, ки айни замон мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар мавриди сохта ба истифодадиҳии силсилаи корхонаҳои зикргардида зиёда аз 3750 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.
Дар баробари ин, дар вохӯрӣ бо намояндагони музофоти Шэнсии Ҷумҳурии мардумии Хитой ҷиҳати ҷалби соҳибкорони хитоӣ бо мақсади бунёди 15 корхонаи саноатӣ пешниҳод гардида, барои ба имзо расонидани созишномаи ҳамкорӣ маводҳо омода шуда истодаанд.
Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд. Бо назардошти ин ва барои бо иқтидорҳои пурра фаъолият намудани корхонаҳои мавҷуда, инчунин ҷиҳати бунёди коргоҳу корхонаҳои нав аз ҷониби шаҳрдории Кӯлоб нақшаи амал таҳия гардида, тибқи он дар соли 2019 бунёди 15 коргоҳ ва 3 корхонаи саноатӣ пешбинӣ шудааст. Тибқи ин дурнамо, дар соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 250 миллион сомонӣ расонида мешавад, ки нисбати соли 2018-ум 43 миллион сомонӣ ё 24 фоиз зиёд мебошад.
Тавре ки маълум аст, таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ, содироти маҳсулот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад. Аз шуъбаи иқтисод ва савдои шаҳрдории Кӯлоб хабар доданд, ки вобаста ба ин, барои дар соли 2019 таъсис додани минтақаи озоди иқтисодии саноатӣ дар майдони 309 га замин ҳуҷҷатҳои зарурӣ омода шуда, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
 
М. НОСИРҷон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

АЗМИ БУНЁДИ 232 КОРХОНАИ САНОАТӢ ДАР СЕ СОЛ

Хабарҳо
Кӯлоб: фаъолияти 44 корхонаи саноатӣ

Кӯлоб: фаъолияти 44 корхонаи саноатӣ

Ҳаёти иҷтимоӣ

Бохтар. Дастовардҳо дар соҳаи саноат

Хабарҳо

Вохӯрии раиси вилоят бо фаъолони Кӯлоб

Хабарҳо

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти пахтагӣ

Хабарҳо