Дар як сатр
» » Даҳ зани ҳунарманд дар як хонавода

Даҳ зани ҳунарманд дар як хонавода

19-01-2019, 06:27

Хонаводае, ки ҳар нафараш соҳибҳунар аст, хонаводаи шинохтаву обрӯманд мебошад…
Хонаводае, ки ҳар узваш вақтро сарфакорона истифода мебарад, файзу баракатро Худованд дар он хонадон арзонӣ медорад…
Хонаводае, ки аз субҳ то шом ба заҳмату меҳнат машғул аст, воқеан ҳам, хонаводаи аҳлу ором аст ва дар ин гуна хонаводаҳо муноқишаву нофаҳмиҳо кам ба назар мерасанд. Беҳуда нагуфтаанд «ҷое, ки баҳс аст, наҳсӣ меорад”, ва "хонае, ки аҳл аст, кор саҳл аст».
Афзалбӣ Шарифова, модари ҳафт фарзанд ва чандин набера, 61-сола, сокини ҷамоати "Бохтариён”-и ноҳияи Кӯшониён ҳамин гуна хонаводаро дорад. Хонаводае, ки 19 нафар сари як дастархон ҷамъ меоянд ва орому осуда ҳастанд. Зеро Афзалбӣ Шарифова ҳар ҳунаре, ки ба зан хос аст ва ҳар кореро, ки ҳар як соҳибхона бояд иҷро кунад, дар хонадон ӯ аз уҳдааш мебарояд. Ҳамин ҷасорату ғайрат ӯро тавонистааст ҳамчун зани ҷавону чолоку солим нигоҳ бидорад.
Қиссаи ҳунарманд шудани апаи Афзалбӣ хеле аҷиб аст. Дар ин ҷода касе устодаш нест. Танҳо номусу виҷдон маҷбураш карда, ки ба қавле «зан бояд ба дасти худ нигарад ва пеши касе сар хам накунад”. Ӯ ҳамагӣ 12-13 сол дошт, вақте ин ҳодиса рух медиҳад. Пеши як зани қаламкаш куртаашро мебарад ва он зан "сафедӣ”-и дасташро мепурсад. Афзалбӣ Шарифова вақте дастмузди он занро мебарад, ӯ изҳори норизогӣ мекунад, гарчанде ба қурби ҳамон замон маблағи кам набудааст. «Ҳамон рӯз, - мегӯяд апаи Афзалбӣ, - ман ба худ қарор додам, ки бояд аз касе хоҳиш накунам. Гарчанде хурд будам, ман айб шуморидам беҳунар буданро ва аз он зан то имрӯз миннатдорам, ки маро як сухани ӯ тавонист тағйир диҳад. Аввалин нақшҳои кашидаи ман чандон хуб набуданд, аммо ман мекашидаму медӯхтам барои худ, то замоне ки ба пуррагӣ аз худ накардам, ба қафо барнагаштам ва дилмонда ҳам нашудам. Ҳамин гуна пайроҳаи ҳунарии ман оғоз ёфт».
- Аввал барои худ ва баъдан барои дигарон медӯхтам, - идома дод ин бонуи ҳунар. - Дар баробари ин, қуроқдӯзию ҷомадӯзӣ, патдӯзию ҷӯробдӯзӣ, шероздӯзию рӯймолдӯзӣ, кулчапазию ҳалвопазӣ ва ҳар ҳунаре, ки ба зан хос аст, сад шукр, ки аз уҳдааш мебароям. Ман ҳар ҳунареро, ки аз худ кардан мехоҳам, бо як нигоҳ кардан меояму дар хона такрор мекунам ва ба зудӣ аз худ ҳам мекунам. Хотираам, сад шукр, қавист ва нақшҳоро низ баъзан аз рӯйи тахайюли худам рӯйи матоъ мекашам. Яъне устоди ҳар ҳунари омӯхтаи ман шавқу рағбатам аст ва то имрӯз ман ҳамеша талош мекунам барои аз худ кардани ҳар коре. Ман ҳар ҳунареро, ки дорам, танҳо дар худ нигоҳ надоштам. Келину духтарҳоямро низ шавқманд сохтам, то дар оянда пеши касе сар хам насозанд. Ҳатто набераҳоям ба мо ба ҳавас менигаранду сӯзану ришта ба даст мегиранд ва нақши кашидаашонро мустақилона медӯзанд ва баъди чанде мебинам, ки гулдӯзи моҳир шудаанд. Ба ғайр аз он духтаронам, ки оилаи худашонро доранду соҳибҳунаранд, боз мо дар хона ҳамроҳи келину набераҳо ва духтаронам 10 нафарро ташкил медиҳем. Хурдтарин ҳунарманди хонаводаи мо ҳамагӣ 8 сол дорад. Ман вақтро сарфакорона истифода мебарам. Ба тӯю маъракаҳо кам меравам, ҳушу ёдам танҳо дар хонадон ва кор аст. Агар равам ҳам, вақти камро он ҷо мегузаронам. Дар баробари қаламкашию чакандӯзӣ, болиштҳои патдӯзӣ ва кӯрпаҳои қуроқӣ барои наварӯсон омода мекунем. Ман кӯрпаю кӯрпачаҳои қуроқӣ ҳам медӯзам ва сӯзании дӯхтаи ман аллакай соли гузашта ба хориҷи кишвар бурда шуд. Чанд рӯз пеш бо хоҳиши як зани соҳибкор аз Душанбе сӯзанию кӯрпаи чакани дигарамро дӯхтам. Бояд изҳори минатдорӣ аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кунам, ки бо эълон гардидани Соли ҳунарҳои мардумӣ ва боз се соли дигар идома ёфтани он, мо - ҳунармандон низ бекор намемонем. Ду соли қабли нисбат ба дигар солҳо фармоишгарони мо хеле зиёд буданду ҳастанд. Бонувон бештар нақшу нигори қадимиро фармоиш медиҳанд, ки ин нишонаи хуб аст. Мо нақшу нигорро бештар шабона мекашему медӯзем. Рӯзона машғулиятҳои дигар дорем. Келинҳо кӯдакони хурдсол доранд ва ба таълиму тарбияи онҳо машғуланд. Кору бори хонаро низ якҷоя мекунем, то ба як нафар мушкилот эҷод нашавад. Дар мактаби №21-и ҷамоатамон фаррошӣ мекунам, ҳамроҳи духтарон панҷ гектар замини пахтаро чобуқ мекунем ва ҳосилашро мечинем.
Афзалбӣ Шарифова мегӯяд, ки то имрӯз дар таъмини хонаводаи хеш саҳмгузор ҳаст, аммо ниёзманд ба фарзандон нашудааст, зеро бекор нест ва ба қавле ҷайбаш холӣ ҳам намемонад. «Ҳарчанд шавҳарам мегӯяд, ки синну солат ба ҷое расидааст, роҳатро кай мебинӣ? Вале ман заҳмат кашидану касеро аз дари хонаам хурсанду ризо гусел карданро роҳати зиндагӣ меҳисобам. Баъзан духтаронам мегӯянд, ки аз фармоишгарон маблағи ночизро мегиред ва ин заҳмату ҳунаратонро беқадр мекунед. Ман онҳоро ҳамеша таъкид мекунам, ки дасте, ки ҳунар дорад, он даст ҳеҷ гоҳ бебаракат нест ва беқадр ҳам намемонад. Заҳмати ҳунарманд ба ҳар тавре набошад, қадр мешавад ва эҳтироми шахси ҳунарманд байни дигарон фарқкунанда аст», - изҳор медошт ҳамсуҳбати мо.
Бале, афзалият доштани апаи Афзалбӣ нисбат ба дигарон дар ҳунармандиаш зоҳир мегардад. Ба ростӣ, ба ҳар хонаводаи шахсони ҳунарманде, ки рафтам, муҳити он хонаводаро ҳамеша ҳамин гуна орому осуда дарёфтам. Келинҳо хушҳол, кӯдакон сари як дастархон гирди як табақ бо муҳаббат ғизо мехӯранд, ки ин нишонаи оилаи хушбахту осуда аст. Дар ин хонаводаҳо, ба қавли худашон, вақти сархорӣ нест. Ҳар нафар бо ҳавас нақшдӯзӣ мекунад ва вақти баҳсу муноқиша намеёбанд, зеро ҳунар онҳоро ба дунёи зебоиофарӣ ворид сохтааст.
Афзалбӣ Шарифова нақшаву орзуҳои зиёд дорад. Бо дастгирии ягон соҳибкор мехоҳад сехи ресандагиву дӯзандагии худашро дошта бошад ва ин ҳунарҳоеро, ки ӯ дорад, на фақат ба фарзандонаш, балки ба садҳо бонувону занони ҳамдеҳааш мехоҳад омӯзонад ва ба ҷойи кори доимӣ таъмин намояд. Зеро ӯ ба худ ва ба ҷасорату ҳунари хеш бовар дорад. Мо дар пайроҳаи ҳунару зебоиофарӣ барои апаи Афзалбӣ, ки тавонистааст як идеали хуб, намунаи шоистаи ибрат барои дигар занҳо бошад, барору комёбӣ мехоҳем.
Ҳангомаи ИСМАТ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бароҳат роҳати зиндагиро аз замин дидааст

Бароҳат роҳати зиндагиро аз замин дидааст

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Ҷуфти ҳамдилу ҳамандеш

Ҷуфти ҳамдилу ҳамандеш

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, Мусоҳибаи мо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Чакандӯзе аз диёри чакан

Чакандӯзе аз диёри чакан

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Шаш нақши муҳими зан

Шаш нақши муҳими зан

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт
Зан – «шеф»-и хона!

Зан – «шеф»-и хона!

Ҳаёти иҷтимоӣ, Таҳқиқи журналистӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА