Дар як сатр
» » Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт

Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт

17-01-2019, 06:21

(масъалаҳои назариявӣ)

(Идома аз шумораи №2 (3187),

Бисёре аз эҷодкорони замони муосир мактаби ҳаётеро паси сар карданд, ки дар замони шӯравӣ ин имкони таърихӣ вуҷуд надошт. Сухан дар бораи муборизаҳои хунин ва ҷонбозиҳои сангин барои сохтан ва ҳифз кардани давлати миллии тоҷикон меравад. Бе муболиға, се даҳсолаи муборизаҳо ба ҳазорсола набарди миллати тоҷик барои истиқлолият баробар мебошад. Агар «ҳаёт ва назм як чиз аст» гуфтани шоир Жуковский ҳақиқат бошад, ба назар чунин мерасад, ки дар адабиёти мо мебоист, аллакай, асарҳои баробарарзиш бо «Шоҳнома»-ҳо ва «Маснавӣ»-ҳо пайдо мешуданд. Тавассути сюжет, қаҳрамонҳо, персонажҳои асари бадеӣ ҳувияти миллии мардуми моро ҳифз мекарданд. Дар сатҳи воло нигоҳ медоштанд. Баъди гузаштани даҳсолаҳо ин қабил асарҳоро, дар маҷмӯъ, адабиёти классикӣ меномиданд. Ва онҳо ифтихори миллии наслҳои оянда мешуданд. Ва «адибони классик ҳамсафари доимии инсоният» мегаштанд (Мережковский Д.С.).

 

ГЕНЕЗИС ВА АДАБИЁТИ МУОСИР

Дар олами рӯшан кам адабиёте пайдо мешавад, ки мисли адабиёти муосири тоҷик «сарманзили фароғат» ва «раҳи карон» дошта бошад.

Дар ҳоле ки сарнавишти миллат сарчашмаи адабиёт аст. Он таърихи зиёда аз панҷ ҳазорсола дорад.

Аз аввалин катибаи Абӯҳафси Суғдӣ, ки то замони мо расидааст ва он ғами чигунагии аҳволи оҳуи кӯҳиро дар биёбон ба риштаи тасвир мекашад:

Оҳуи кӯҳӣ дар дашт чӣ гуна давадо?

Ӯ надорад ёр, бе ёр чӣ гуна бувадо?

муддати зиёда аз ҳазор сол гузашта, вале то имрӯз бо «муаммо»-и парвози хаёлаш ҳамчун «гавҳаре аз сад ҳазор садаф» ва ҳусни худододи ороиши сухан хотири шефтагони адабиётро навозиш мекунад. Ҳамчунон, таъкиди устод Турсунзода, ки зарурати дар баландиҳо гузоштани фикри дурандешро то ҳанӯз ҳатмӣ мешуморад. Ин нигоштаҳо – аз биёбон то «баландиҳои кӯҳи сарзамини мо» фазои васеъ ва мусоиду густардае барои фикр, тахайюли бадеӣ ва амал фароҳам меоранд.

Вақт, фазо ва муҳтавое, ки саргузашти миллиро дар тӯли асрҳо фаро гирифтааст, аз ҷониби таърихшиносон, шоирон ва адибон бо сабк, усул ва жанрҳои гуногун тафсир шудааст.

Масъалаи аз лиҳози генезис омӯхтани пайдоиши асари бадеӣ, вобастагии сабабии таълиф ва натиҷаи иҷтимоиву ақидатии он аз муҳимтарин масъалаҳои адабиётшиносӣ мебошад. Асарҳои оламшумуле, ки дар тақдири миллат муассир будаанд, сарчашмаи ҳастӣ доранд. Ҳолати воқеии таърихӣ ва вазъи муосири як миллатро таҳти омӯзиши эстетикӣ қарор дода, онро тавассути дидгоҳи бадеӣ рӯйи коғаз овардаанд. Дар мисоли адабиёти тоҷик ҳам гуфтан мумкин аст, ки «асари бадеӣ на аз парвози одии хаёли муаллиф, балки аз таҷрибаи зиндагӣ (ҳамчун ҳолати рӯҳиву идеологии гурӯҳи иҷтимоӣ) сарчашма гирифтааст. Барои ҳамин лозим аст, ки муҳаққиқон макони таваллуди иҷтимоии факти адабиро дарёфт намоянд» (Переверзев В.Ф. Гоголь. Достоевский. Исследования. –М.: Советский писатель. 1982, –С. 45).

Маълум аст, ки бо дарёфти далели қобили таваҷҷуҳи махсус, муаллиф онро дар озмоишгоҳи бадеии худ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор медиҳад. Дар ин замина, дидгоҳи маънавӣ ва самтгирии идеологии адиб аз муҳимтарин омилҳоест, ки «мундариҷа, сифат ва муҳлати хизмат»-и асари бадеиро муайян месозад.

Муҳаққиқони каломи бадеӣ ҷанбаи иҷтимоии адабиётро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдори онанд, ки адибон баёнгари ақидаи ҷамъи муташаккил, ҳамфикр, ҳаммаром, ҳамақида ҳастанд ва маҳсули фикрашон манфиати ҷомеаро таҷассум менамояд, ё ин ки бояд таҷассум кунад. Нигоҳ доштани созмоне таҳти номи Иттифоқи нависандагон то ҳол, шояд пайгирии ҳамин маънӣ бошад. Ва чунин ташкилот ҳатман принсипҳои асосии кории худро дорад, ё ин ки ҳадди ақал бояд дошта бошад.

Дар ҳафт даҳсолаи асри ХХ принсипҳои асосии фаъолияти адабӣ – партиявият, синфият ва халқият эълом гашта буд. Иқрор бояд гашт, ин талабот хизмати шоёнеро барои он замон ва фазо ба субут расонд. Баъзе аз асарҳои офаридаи ҳамон давр чун мояи ифтихори классикаи адабиёти ҷаҳонӣ эътироф гардидаанд. Ба мисли повести «Марги судхӯр» ва «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ, манзумаи «Садои Осиё»-и Мирзо Турсунзода, романи «Фирдавсӣ»-и Сотим Улуғзода. Дар байни шаш қаҳрамони миллии мо ду абармард намояндаи амалкарди ҳамин принсипҳои адабиёти бадеӣ мебошанд. Халқи тоҷик бо онҳо ифтихори бузург дорад. Шоҳкориҳои адабиёти давр («дар шашяки рӯйи замин»), сарфи назар аз баъзе нокомиҳо, ки як чизи табиӣ аст, марбут ба принсипнокӣ (1. асос, бунёд, шарт, 2. эътиқод, ақида, нуқтаи назар, қоидаи ахлоқ, Луғати русӣ – тоҷикӣ, –М.: Русский язык. 1985. –С. 854) ва мақсадгузорӣ дар ҷараёни фаъолияти адабӣ мебошад.

Муаллифи ин сатрҳо бар он аст, вақте сухан дар бораи эҷодиёти бадеӣ меравад, дар баробари генезис, бояд ҳатман принсипи эҷодии муайян мадди назар гирифта шавад. Худи сарчашмаи (генезиси) эҷодиёт мансуб ба принсип аст. Ва раванди эҷодиёти бадеии замони мо ҳам, дар маҷмӯъ, аз худ нишонаҳои чунин тамоюл доштанро гоҳо ба намоиш мегузорад.

Тавре хотирнишон намудем, моҳияти ҳақиқии адабиёт ва фарҳанги асил тараннум ва ҳимояи манфиатҳои миллат аст. Адабиёти тоҷик – дар тӯли асрҳо комилан адабиёти майдони мубориза буд. Ҳатто дар асарҳои лирикии он оҳанги иҷтимоии озодандешӣ, хирадгароӣ, ақлсолорӣ, хурофотситезӣ, мазаммати шадиди тавбафармоёни дурӯяи хилватамал бо қотеият садо медод. Хусусияти озодманишии ин адабиёт тавонист принсипи миллии тоҷикиятро дар ниҳоди мардум ҷой кунад, ба воя расонад, ҳифз намояд. Муносибати аслии мардумиро ба тарзи ҷаҳонбиние, ки нафаси андешаро дар қафас ҳам гулӯгир мекунад, муайян кард. Дар гаҳвора нигоҳ доштани девонҳои Ҳофиз, Бедил, «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Румӣ ҳамчун китобҳои муқаддас – умеди нигаҳдорӣ ва тарбияи ҷигарбанди одамӣ бо тарзи тафаккури озодагӣ, маърифатпарварӣ ва адолатхоҳӣ аз анъанаҳои воқеии иҷтимоии ин адабиёт буд. Идеяи ҳақиқатнигорӣ ва тафсири сабабии зуҳуроти олам, ки дар он ба қавли Носири Хусрав:

Тан ба ҷон зинда аст, ҷон зинда ба илм,

Дониш андар кони ҷонат гавҳар аст,

дар тӯли ҳаёти адабии миллати тоҷик ҳамчун чароғи ҳидоят зинда монд. Даст ба даст то ба устод Айнӣ расид. Ва ӯ бо ин парчами барафрошта, бо ҳазор бурҳону далел мардонавор, рӯшод барои ҳаққи миллатро аз замон ситонидан вориди майдон гашт.

Воқеан, боиси таассуф аст, ки бо вуҷуди таҳқиқоту омӯзиш ва мактаби айнишиносӣ, хизмати адабии ӯ – яке аз бузургтарин шахсиятҳои тамаддуни ҷаҳонӣ, то ҳадде, ки замони имрӯз ниёз дорад, ба оммаи мардум, махсусан ҷавонон расонида нашудааст. Ақаллан, ба хотири он, ки дар солҳои навадуми асри гузашта, назария ва амалияи босмачигарӣ, ки такя бар сиёсисозии эътиқодоти мардум дошта, бо тамоми ҳастӣ бо тоҷикият, мустақилияти фарҳанг, афкори миллӣ ва худшиносии мардум мухолиф аст, зуҳур намеёфт. Ва дар рӯзҳои мо ин ақидаи шармовар ва нангинро иддае аз гурӯҳакҳо – боқимондаҳои он замони ғарқи фоҷеа, аз минбарҳои аҷнабиён озодона тарғиб ва расонаӣ намекарданд.

Эҷодиёти устод Айнӣ, барҳақ, таҷассумгари як навъ давраи гузариш аз ҳаёти ҳазорсолаи истибдодӣ, ғуломӣ, «одинагӣ», ҷаллодии ғарқи хуни хурофотӣ ва тафаккури ниҳоят қафомондаи асримиёнагӣ ба замони худшиносии миллӣ мебошад. Ӯ Дохундаи кӯҳистонии ятим, мазлум, зору низор, бесавод, аммо дар ботин ҷавҳари ҷавонмардидоштаро аз ҳазор азоб, машаққат, хазониҳо гузаронида, ба ватанпарасти ғаюру далер, саводнок, мубориз, қаҳрамон ва бунёдгари зиндагии орому осудаи сарзамини тоҷикон тарбия карда расонд.

Ширкати бевоситаи Ёдгор дар нобуд сохтани дастаи босмачиён – «ҳомиёни дину имон» – аҷнабии иғвогар, пуштибони ҷонсупори сулолаи Манғитиён – Анварпошшо ифодакунандаи мантиқи ниҳоят бузург ва баёнгари самтгирии маънавии ин нобиғаи классикаи адабиёти ҷаҳон мебошад: «гирдогирди шаҳрро тахминан панҷ ҳазор нафар босмачӣ, бо яроқҳои нав мусаллаҳшуда, ҳалқавор фаро гирифта буданд ва болои онҳо Анварпошшо бо унвон ва имзои «амири лашкари ислом, домоди халифаи муслимин ва ноиби амири Бухоро» фармондеҳӣ мекард» (С.Айнӣ. Дохунда. –Душанбе: Ирфон. 1984. –С.318).

Донистани ин мантиқ ва маънии геополитикӣ то замоне ки дунё бунёд аст, пардаро аз рӯйи душманони давлати миллии тоҷикон мебардорад. Ниқобро аз лиқои сарварони ашхосе, ки аз ҷаҳл, нодонӣ, гумроҳӣ ё дар натиҷаи роҳнамоии бошууронаи кироягирони аҷнабӣ, ки босмачигарӣ – ҳаракати сиёсии ҷаҳолати асримиёнагӣ ва роҳзаниву ғоратгариро ҳамчун ҳаракати милливу озодихоҳӣ қаламдод карданӣ мешаванд, берун месозад.

Вақте баъзе соҳибқаламон аз баррасиву инъикоси мавзӯъҳои ниҳоят муҳимми рӯзмарраи зиндагии пур аз мубориза ва қаҳрамониву диловариҳои имрӯза бо сад баҳона худдорӣ мекунанд, ё худро нодида мегиранд ва мехоҳанд як навъ мушоҳидачии соҳибмансаби протоколии «дур аз муҳокима» (таъбири С. Айнӣ) бошанд, адабиёт, замон ва хонанда мантиқи муносибати маънавиро бо воқеият батадриҷ аз даст медиҳад. Дар ҳалли масъалаҳои муҳимми мубориза барои манфиатҳои миллӣ ҷойи онҳо дар минбар ва манзалати сухандону сухангӯ холӣ мемонад. Ва дигарҳо бо қаноатмандии том ин мавқеъро ишғол мекунанд.

Генезиси тамоми асарҳои устод Айнӣ ҳолат, воқеият ва ниёзҳои иҷтимоии мардум, ба замми он сифатҳои олии шахсӣ – мардонагӣ, ҷасорат ва матонати қаҳрамони миллии тоҷикон буд. Эшон маҳз аз масъулият, завқи сохтан ва пойдор гардонидани зиндагии навин, бунёди давлате, ки баъд аз ҳазор сол дар қаламрави зист, бо номи миллати ӯ имконпазир гардид, ҳамзамон аз як жанр ба жанри дигари адабӣ рӯ оварда, воқеиятро тавре ки худи ӯ тасаввур мекард, ба омма фаҳмониданӣ мешуд.

Ба назар муҳим мерасад, ки адабиётшиносии даврони истиқлол бояд тадқиқот ва баррасии муқоисавии офаридаҳои каломи бадеии муосирро ҳадди ақал ба идеянокии давраҳои ниҳоят муҳимми ҳаёти миллати тоҷик, махсусан, аз асри Х то солҳои сиюми асри гузашта ва албатта минбаъд ҳам, давра ба давра амалӣ созад. Ҳарф сари талаботи иҷтимоии ин лаҳзаҳо, вобаста ба зарурати равшан намудани зеҳни мардум, тараннуми замони созандагӣ, мубориза ба муқобили хурофоту ҷаҳолат, нодонӣ, ифротгароӣ, тақдирпарастӣ ва тақлидкорӣ меравад. Оё адабиёти имрӯза ҷавобгӯи нисбии ниёзҳои аслӣ, ки асоси онро мубориза барои хештаншиносӣ, ба муқобили ҷаҳолат, бегонапарастӣ, ифротгароӣ ташкил мекунад, ҳаст? Оё адабиёти муосир батамом сифоти нишонрасиро вобаста ба вазъи воқеии афкор ва маънавиёт дар ҷаҳони кӯдакону наврасон ва ҷавонону миёнсолон дорад? Оё омилҳое, ки ҳамакнун ҷомеаро сахт ба ташвиш овардаанд, аз қабили ифротгароӣ, терроризм, ҳисси бегонапарастӣ, фосила гирифтан аз одамият, инсонгароӣ, ватандорӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ аз нигоҳи фарҳангӣ, адабӣ тафсир шудаанд? Нависандагон, шоирон, драмманависон, филмсозон дар ин ҷода чӣ хизмат кардаанд? Заҳмати онон чӣ самарае ба бор овардааст? Агар вазифаи асосии адабиёт тақвият, пойдорӣ, бардавомӣ бахшидан ва раванди бебозгашти эҳтиром гузоштан ба ҷаҳонбинӣ, маънавиёт, арзишҳои миллӣ бошад, пас имрӯз адабиёт дар муқоиса ба воқеият дар кадом сатҳ қарор дорад? Таносуби ҷаҳонбинии миллӣ нисбат ба дигар зуҳуроти маънавиёти ҷомеа, фақат дар вобастагӣ ба каломи бадеӣ, дар кадом сатҳ аст? Сюжет, рақобат ва конфликти бадеӣ дар тасвири ҷаҳонбиниҳо ва майдони мубориза барои мафкурасозии ҷомеа чӣ воқеият дорад? Тазоди афкори ҷомеа бо раванди эҷодиёти бадеӣ ва воқеияти ҷамъиятӣ дар кадом сатҳ аст? Умуман, мафҳуми герменевтикаи иҷтимоии адабиёт ва адабиётшиносии муосири тоҷик дар чӣ гуна шароити миқдорӣ ва сифатӣ, сабабӣ ва натиҷаи эҷодӣ қарор дорад?

Тавре хотиррасон гардид, эҷодиёти бадеӣ вобаста ба замон ва вазъи ҷамъиятиву сиёсӣ генезиси марбут ба онҳоро дорад. Ба вуҷуд омадани «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ супоришӣ набуд. Он натиҷаи дониш, таҳқиқ, омӯзиш, хулосабарорӣ ва тасмими «бузургустоди сеҳрофарин ва рӯинтан» (Ҳусейни Шаҳривар) буд. Рустам қаҳрамони ормонии наҷотбахши миллӣ буд. Қаҳрамони афсонавӣ буд. Воқеан, дар ҳаёт, дар зиндагӣ – ҳамчун тақозои муҳити иҷтимоиву сиёсӣ Рустам худи Фирдавсӣ буд. Ва ӯ – донишманди бузурги таърихи халқи тамаддунофар, бонангу номусаш, ки бо хатои ҷудоиафкании чанде аз фарзандони хоин, дурӯя, аҷнабипарасташ сарзаминашро аз даст дода буд, хост таърих, манзалат ва то ҳанӯз мубориз будани ин миллатро тараннум намояд. Аҷамро бедор ва зинда созад. Рӯҳи озодипарастии онро ҷовидон гардонад. Машъали маънавии нурафшон барафрӯзад. Рӯҳе офарад бегазанд, абадӣ, поянда, бардавом. Ҳамзамон, рӯҳияи иғвогарӣ, маккорӣ, дурӯягӣ ва бозигарии душманони миллатро, ки аз содадилии ин мардум истифода карда, бо дасти падар фарзандони таҳамтан, ҳимоятгари Ватан ва оқибат миллати хешро мекушад, ошкор намояд. Эҷоди «Шоҳнома», аз ҷумла, нишони масъулияти як нафар аз миллионҳо дар назди миллати хеш аст.

Адибони бузург барои он гузаштаро тасвир мекунанд, ки вазъи имрӯзро (замони худро) ба мардум фаҳмонанд. Ояндаро пешгӯӣ кунанд. Ҳушдор ба наслҳо диҳанд, то аз саҳву хатоҳое, ки ба фоҷиаи умумимиллӣ хоҳанд расонид, ҳушёр бошанд. Аз онҳо худро эмин гардонанд. Воқеаҳои солҳои навадуми асри гузашта ва фитнаву найрангҳои аҳримании гурӯҳакҳои махсус, имрӯз ва дар оянда ҳам зарурати ба инобат гирифтани воқеот ва идеяҳои «Шоҳнома»-и безаволро дорад.

Фазо ва вақт аз муҳимтарин омилҳои генезиси адабӣ ҳастанд. Адабиёти солҳои «замони ҳафтодсола», бидуни шубҳа, дар ҳамин замина ва танҳо дар ҳамин замина ба мардуми мо хизмати босазо карда буд.

Дар илми адабиётшиносӣ мафҳуми «адабиёти вақт» вуҷуд дорад. Он таҳаввулоти бузурги иҷтимоии як миллатро дар давраи муайяни таърихӣ тасвир мекунад. Эътиқоди муаллифи ин сатрҳо бар он аст, агар адабиёт лаҳзаҳои муҳимми баробар ба воқеиятро тасаввур карда тавонад, манфиатҳои миллиро мадди назар дошта бошад, бидуни шак, дар чаҳорчӯби ҷараёни бузурги анъанаҳои адабии миллат қарор мегирад.

Агар воқеияти ҳаёти имрӯзаи миллатро ҳамчун генезиси адабӣ ба назар бигирем, возеҳан мебинем, ки барои офаридани бузургтарин образи бадеӣ ва корномаи қаҳрамонӣ барои жанрҳои адабии мавриди назар асос ва мояи бесобиқаи таърихӣ дорем. Ҷоннисорӣ ва ҷавонмардии Қаҳрамони халқи тоҷик, заҳмати шабонарӯзӣ ва барои миллат ҳар замон ҷабҳаи созандагӣ офаридан ва дар онҳо пирӯз гаштан, сарчашмаи абадии адабиёти бадеӣ хоҳад буд.

Ба назар муҳим мерасад, ки чунин воқеият бо тазоду мушкилот, таҳдидҳои воқеӣ, хатарҳои ҷонкоҳ, буриданҳо, шикастанҳо, басту бандҳо, муқобили масири шадиди равандҳо ҳаракат карданҳо, пирӯз гаштанҳо, яъне ифодаи ягонаи воқеияти замон тасвир гардад. Он бояд образ ва баёнгари воқеияти зиндагие бошад, ки ҳазорсолаҳо барои миллат ҳамчун намунаи қаҳрамонӣ, шуҷоат, далерӣ, ватандӯстӣ, ватанпарварӣ, миллатофаринӣ, давлатсозӣ ва мардумсолорӣ хизмат кунад. Саъйи нависанда дар кӯшиши ҳаққонии ба намоиш гузоштани тавоноии бадеие бошад, ки на танҳо ба ҷаҳонбинӣ ва тарзи амали ҳамасрон, балки ояндагон низ таъсир расонида тавонад. Чунин нақш, чунин намуна ҳаст. Адиб ҳамасри Ӯст. Ва Ӯ барҳақ тавонист меҳвари мардуми заҳматкаш ва ҷафодида бошад.

Дар таърихи чандҳазорсола ин қавитарин рӯҳ дар ниҳоди миллат ҳаст. Ва хоҳад монд. Ва адабиёт масъул аст, ки ин корнамоиҳоро бо абзори бадеии замон то ба наслҳои дур расонад.

Ҳамин тариқ, генезиси фаъолияти адабӣ зуҳурот, падида, воқеияте аст, ки барои нависанда ҳамчун ангеза нисбат ба эҷодиёти, пеш аз ҳама, аҳаммияти иҷтимоидошта хизмат мекунад. Он ба таҷриба,дониш, самтгирии маънавӣ, маданияти сиёсӣ, тавони дарки воқеият ва инчунин имконоти зеҳнии фаҳм ва экстраполятсияи воқеаҳо, ҳамчунин, аз масъулияти ӯ дар назди ҷомеа вобастагӣ дорад. Асари нависанда симо ва сирати нависанда, моҳияти конститутсионалии шахсияти ӯ аст.

 

НАВИСАНДА ВА ХОНАНДА

Ҷойи шубҳа нест, вақте ки ангеза, далел барои эҷоди асари бадеӣ пайдо мешавад, нависанда дар умқи зеҳнаш тавассути ин идея «вориди гуфтугӯ, маслиҳат» бо хонандааш мегардад. Ҷаҳонбинии мухотаб, материяи олии табиат – майнаи инсон ҳадафи таъсири мақсадноки ӯ интихоб мешавад. Иқрор бояд шуд: «ҳар як асари бадеӣ мансуб ба замони худ, халқи худ ва муҳити худ аст, аз ҷаҳонбинии таърихӣ ва дигар тасаввуроти ӯ вобастагӣ дорад…» (Г.В.Ф. Гегель. Эстетика. В четырех томах. –М.: Искусство. 1968. –С. 21).

Маҳз ба хотири мақсаднокии эҷодӣ ва таъмин намудани ниёзҳои иҷтимоӣ дифферентсиатсияи самтҳои адабиёт – барои бачагон, наврасон, ҷавонон, яъне қишрҳои гуногуни ҷамъият муайян шудааст.

Пойдории асари бадеӣ, умри он аз бисёр омилҳо, аз ҷумла, донишҳои илмӣ, ҷаҳонбинӣ, тавоноии касбии адиб барои тасхир намудан, «рабудани дилу дин»-и хонанда (бинанда, шунаванда) вобаста аст.

Ба фоҷеаи зеҳнӣ мувоҷеҳ кардани қисмате аз ҷавонон тавассути ашхоси муайян ва васоити ахбори электронӣ, адабиётро ногузир ба омӯзиши масъулонаи муҳимтарин қонуният ва категорияҳои диалектикӣ водор месозад. Ва борҳо, гаштаву баргашта муроҷиат кардан ба мафҳумҳои «зуҳурот ва моҳият», «сабаб ва оқибат», «табдили мушаххасоти миқдорӣ ба сифатӣ», «инкори беасл ва бозгашт ба гузаштаи нофарҷом», огаҳии илмӣ аз тағйири сабк, усул ва воситаҳои таъсиррасонии навин ба тафаккур ва аз он ба воқеиятро тақозо мекунад. Вобаста ба мантиқи ифода, «бояд се масъала баррасӣ гардад: сараввал дарёфт намудани сарчашмаи муътақидгардонӣ, дуюм интихоби сабк ва сеюм чӣ гуна ҷо ба ҷо кардани ҳиссаҳои нутқ» (Аристотель. Риторика. Поэтика. –М.: Лабиринт. 2000. –С.113). Яъне сухан дар бораи роҳҳои бовар кунонидан, муътақид сохтан меравад.

Ба назар чунин мерасад, ки замони муосир ва воқеияти имрӯз, қабл аз ҳама, зарурати ҳарчи тезтар, самараноктар ба даст гирифтани шаклгирии тарзи тафаккури наврасон ва ҷавононро дорад. Дар зеҳни онон ворид кардани мафҳумҳои «Ватан», «миллат», «илм», «маърифат», «ҳуқуқбунёдии муносиботи ҷамъиятӣ», алифбои донишҳои дунявӣ, равшангароӣ, шинохти воқеияти олам аст. «Натиҷаи аз нигоҳи манфиатҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ шакл додани ҷаҳонбинии шаҳрванд он аст, ки ӯ аз мавқеи тиҷорати сиёсӣ, аз дудилагӣ худдорӣ мекунад. Ва бидуни калавандагии сиёсӣ оид ба муҳимтарин масъалаҳо худаш тасмими дуруст мегирад» (Е.Б. Шестопал. Политическая психология. –М.: 2002. –С.139).

Наслҳо батадриҷ иваз мешаванд. Наслҳои солҳои 50-ум, 60-ум ва қисмати 70-уми асри гузашта бо ҳазор азобу машаққат, ҷонбозиҳо давлати миллиро асос гузоштанд. Сохтанд. Ҳифз карданд. Ба ҷаҳониён намунаи беҳтарини онро муаррифӣ карданд. Аммо барои нигоҳ доштан ва боз ҳам мустаҳкам гардонидани он маҷмӯи тасаввуроти мутаносиб ба воқеияти ҷамъиятӣ ва тафаккур ҳаётан зарур аст. Пойдории сохти давлатдорӣ – аз устувории сохти ҷаҳонбинии аъзои ҷомеа дар вобастагӣ ба инъикоси воқеият ва манфиатҳои миллӣ қарор дорад.

Бо назардошти раванди ташаккулёбии афкор ва маданияти сиёсӣ, самти ҳаракат ва тақдири ояндаи ҷомеаро пешбинӣ кардан мумкин аст. Адибони асил ҳамчун табақаи интеллектуалии махсуси ҷомеа, ки касби онҳоро намешавад бо хондан аз худ кард (таъбири Л.Н. Толстой – «Научиться писать стихи нельзя»), ҳолати рӯҳии ҷомеаро мисли тамоми ҳамкасбони таърихии худ хубтар дарк мекунанд, масъулияти хешро дар назди ҷомеа бештар эҳсос менамоянд. Офарандагони рӯҳи миллианд. Вазъи маънавии ҷомеаро хубтар мефаҳманд. Самтҳои заъф ва осебпазири онро дарк менамоянд. Хулоса, бояд чу меъмор «пайи таъмири вайронаҳо» гарданд (Бедил).

Ҷаҳонбинии ҷомеаи имрӯза, ғайр аз ҷузъиёти мусбате, ки дорад, наметавонад ба пуррагӣ аз ҷаҳонбинӣ ва тарзи тафаккури фалсафӣ-таърихии замони ҳадди ақал сад сол пеш фосилаи зиёд дошта бошад.

Ҳодисаҳои солҳои навадуми асри гузашта, тамоюлҳои бегонапарастии солҳои охир афзоишёбанда ва воқеоти қисман дар ин замина ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи мамлакат рухдодаистода, имкон надорад, ки адибро нороҳат накунанд. Ақаллан, ба ин хотир, ки адабиёт нусхаи образноку бадеии зиндагӣ аст.

Рӯзгор, субъект, объект ва маҳсули ин муносибат – раванди ҳаёт, самтгирӣ ва натиҷаи чунин алоқамандию таъсиррасонӣ мебошад. Ҳаводисе, ки дар асари бадеӣ мавриди баҳс қарор доранд, тақрибан ҳамин тавр тақсимбандӣ мешаванд.

Ҷараёни адабӣ ҳам дар байни се иштироккунанда сурат мегирад: муаллиф, каҳрамон – персонажҳои асари бадеӣ ва хонанда. Ду қисмати аввал ниҳоят фаъоланд. Аммо зарур аст, хонандае, ки асосан, нависандаро намешиносад, дар аввал бетараф аст, ҳарчи зудтар вориди муҳтавои масъала гардад. Батадриҷ ҳамфикри нависанда шавад. Ҳангоми мутолиаи асари бадеӣ қаҳрамони марказии асар қудрати аз китоб «берун омадан»-ро дошта бошад. Аз «вақт»-и хонанда пештар равад (В. Катаев). Бо ӯ ҳамроҳ шавад. Ба хонанда маслиҳат диҳад. Дар чорсӯи зиндагӣ дасти ӯро бигирад. Ӯро роҳнамоӣ кунад. Ҳамфикру ҳамсафу ҳамраҳу ёвари худ гардонад. Бо роҳу воситаҳои тасвири бадеӣ хонанда фаҳмад, зиндагӣ ва ҳаёти имрӯза чунон орому осуда ва беғубор нест, ки ба назар менамояд. Роҳҳо сохта, нақбҳо кушода, НОБ-ҳо бунёд мегарданд. Дар боғу гулгаштҳои навсохти биҳиштосо садои суруду мусиқӣ хотирҳоро навозиш мекунад. Кӯдакону модарон, хоҳарону бародарон, ҳамшаҳриёну меҳмонон бо хотири ҷамъ ва шодиву сурур сайру гашт менамоянд. Вазиши боди форами шаршараҳои нуқрафом ва чаҳ - чаҳи парандагон ҳамраҳ, ҳамдам ва ҳамсози осудагиву фараҳи ҳамватани мост.

Диалектикаи зиндагӣ танҳо ин нест. Ин зуҳуроти ниҳоят одӣ ва моҳияти рӯйдодҳои гоҳ аёну гоҳ ноаён – натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ, пурмашаққат, ҷонбозиҳои, пеш аз ҳама, Қаҳрамони миллии мост, қудрати раҳнамоӣ, навиди заҳмат, бедорхобӣ ва ғамхории доимӣ, паёми санъати олии касбият ва сабки раҳбарии асосгузори давлати миллии мост.

Дар байни чунин зуҳуроти некуаҳволии ҳамватанон то сабабҳои аслии рӯзгори осуда, яъне моҳияти масъала, фосилаи дуру дароз, мураккаб ва мушкил вуҷуд дорад. Вазифаи адабиёт он аст, ки тавонад ҳамин алоқамандии системавии вобастагӣ ва фосиларо, арзишмандии ин аҳволро, сабабу оқибатҳоро тавассути образҳо ва дигар имконоти бадеӣ – сода, одӣ, равшан ба одамон расонад. То оммаи мардум, махсусан, ҷавонон ба қадри он расида тавонанд. Онро пос доранд. Ҳимоят намоянд. Қудрати маънавӣ ва ҷисмонии ҳифз кардани манфиати Ватанро на танҳо дар шакли суруд, шиорпардозиҳои расмӣ, дар саҳна, минбар, зоҳиран, балки ба тарзи воқеӣ дар ниҳоди худ дошта бошанд.

Чун замон мураккаб ва бозори хариди ақлҳо дар авҷи аълост, моил кунонидани ақли хонанда барои ҳифзи манфиати миллати худ ва дар хизмати бегонагон набудан кори чандон осон нест.

Гегел дар асари машҳураш «Эстетика», ки ба назарияи каломи бадеӣ мансуб аст, бо иқтибос аз Платон ба шеъре, ки ба Астер ном наздикаш бахшидааст, ишора мекунад:

Ба ситора менигарӣ, ситораи ман, мехостам осмон бошам,

Нигарам бар ту бо ҳазорон чашм, ошиқона!

Ва тафсир менамояд: «санъат ҳар эҷоди худро ҳазорчашм месозад … барои он ки мо тавонем дар ҳар нуқтаи ин эҷод рӯҳи дохилӣ ва маънавиётро дарк кунем. Санъат чашмро на танҳо хосияти ҷисмонӣ медиҳад … ҷаҳони беинтиҳои ботинӣ дар он чашм мавриди дарки беохир қарор мегирад» (Г.В.Ф Гегель. Эстетика. В четырех томах. –М.: Искусство. 1968. –С.163).

Бо эҷоди рӯякӣ, репортажмонанд, дампоӣ, муддатҳо дар манзалати эҷодии «санҷиши қалам» амал кардан масъалаҳои мушкили ҷомеаро наметавон вориди ҷаҳонбиниҳо кард. «Асари бадеӣ бояд … шакли муроҷиат ба хонандаро дошта бошад. Агар он бо услуби ҷиддӣ ба масъалаҳои дохилии худи асар нигаронида шуда бошад, майли таъсир ба хонандаро надошта бошад, шахсе, ки ба асар муроҷиат мекунад, дилхунук мешавад …. Ҳар кас бояд донад, нависанда чӣ мехоҳад, чӣ тавр зиракона, устодона нияту мақсади худро баён карда тавонистааст» (Г.В.Ф. Гегель. Система отдельных искусств. –М.: 1971. –С.13).

Адиб (адиби воқеӣ, албатта) чун фарзанди огоҳи замони худ дарди ҷомеа ва сарчашмаҳои онро хуб, бо тамоми назокат тасаввур менамояд. Дарк мекунад. Аз вазъи рӯҳиву равонии хонандае, ки ҷаҳонбинии ӯро нишон гирифтааст, огоҳ аст. Самтгирии идеявӣ, ки асоси маънавиёти миллиро ташкил мекунад, имрӯз ва ояндаи ҷомеа аз ӯ вобаста аст, барояш муҳим аст. Аз ин ки тасаллути кадом ақида ба худи хонанда, авлод, миллат ва ватани ӯ хатари ҳаётиро ба дунбол дорад, огоҳ мебошад. Нависандаи нуктадон аз алоқамандии зуҳуроти манфӣ, ки ба фикр, ақида, ҷаҳонбинии муқобил тааллуқ дорад, ба ташаккули рӯҳияи хештаншиносӣ ва меҳанпарастии ӯ таъсири манфӣ мерасонад, хабар дорад. Хонандаро аз фатализми ақидатӣ ва тақдирписандӣ зина ба зина халос мекунад, берун мебарад. Детерминизм ҳамчун категорияи диалектикӣ ҳамин маъниро тақозо дорад.

Асари бадеӣ танҳо падидае нест, ки хонанда онро бо ҳиссиёт мутолиа кунад. Қудрати қалами нависанда бояд ба фаҳм, дарки эстетикии хонандае, ки ҷаҳонбинии ӯро мақсади таъсиррасонӣ интихоб кардааст, мувофиқ афтад. Андеша карданро омӯзонад. Маҷбур созад, ки аз ақидаҳои бегона, шахшуда, схоластикӣ, ки оқибат шахс ва ҷомеаро ба бадбахтӣ рӯ ба рӯ месозанд, канораҷӯӣ намояд. Ақли инсонро дар ҷойи аввал гузорад. Дар ӯ ҳисси ҳоким будан ба ҷаҳонбинии аз таҷрибаи рӯзгор андухташуда тасаллут пайдо кунад. «Маҳаки арзишмандии бадеияти асар … дараҷаи самаранокии он аз рӯйи андозаи таъсири маҳсули эҷодӣ ба идроки хонанда баҳогузорӣ карда мешавад» (Л.И. Шевцова. Теория литературы. –ВГУ.: 2011. –С.96).

Таъсири асарҳое, ки ба диди хонанда роҳ меёбанд, дили ӯро тасхир мекунанд, тавассути қаҳрамонони асар сурат мегирад. Ҳарчанд ки тасвири ин ҷараён аз нигоҳи илм барои муқоиса ва тафсир душвор менамояд, аммо аз нигоҳи мантиқи диалектикӣ он нависандае бар «муҳтавои мақсади худ комрон мегардад» (Ҳофиз), ки тавони шакли ҳаракати фикрро бо абзори бадеӣ ба воқеияти зиндагӣ, яъне воқеиятиобъективӣ наздик карданро дошта бошад. Падидаҳое, ки тавассути имконоти адиб ба риштаи тасвир кашида мешаванд, на дар ҳоли шахшуда, балки аз ҳаёти воқеӣ гирифташуда бошанд. Имконоти рушду такомулро дошта бошанд. Маънии ҳаётро дар худ ифода кунанд. Созанда бошанд.

 

АДАБИЁТ ВА ПРИНСИПИ ТАЪРИХИЯТ

Адабиёт бо қудрате, ки ба он мансуб медиҳанд, дар баробари дигар сифатҳои олӣ, имконоти бузурги бунёдкорӣ дорад. Гарчанде маълум аст, ки ин сифатро ба илмҳои дақиқ нисбат медиҳанд.

Мазмун, маънӣ ва мантиқи созандае, ки дар асари бадеӣ маҳфуз аст, фард, гурӯҳ, табақаҳои иҷтимоӣ, ҷомеаро барои ташаккул ва нишон додани характер – рафтори моҳияти фарқкунанда, фавқулодадошта сафарбар мекунад.

Адабиёт, ки аслан аз мифология сарчашма гирифтааст, дар шаклгирии ҷаҳонбинӣ, маънавиёт, маданият, урфу одат ва воқеияти иҷтимоӣ, вазъи рӯҳӣ, тарзи тафаккур, мундариҷаи ҳиссиёти халқу миллатҳо таъсир гузоштааст. Мардум тавассути образҳои бадеӣ хислатҳои ботинӣ, рафтору амали иҷтимоӣ ва ҳаёти рӯзмарраашро муаррифӣ кардааст.

Сухани бадеӣ бо таърих, воқеаҳои таърихӣ ва вазъи сиёсии давр дар вобастагии пурраи диалектикӣ қарор дорад. Ҳамзамон бо ин, далелҳои муътамад шоҳиди онанд, ки мантиқи бадеӣ низ тавонистааст ба равандҳои сиёсӣ, шаклгирии мундариҷа, ҷаҳонбинӣ, шуур, рафторҳо, тасмимгириҳоисиёсӣ ва иҷтимоӣ таъсири бевосита гузорад.

Омӯхтани таърихи халқ бе донистани таърихи адабиёт, ёдгориҳо ва равандҳои адабӣ ғайриимкон, ҳадди ақал номукаммал аст. Адабиёт худ таърих, тафсири ҳаёти фикрӣ ва ҷамъиятии миллат аст. Дар он воқеияти таърихӣ, шакл ва тарзи тафаккури миллат бо ифодаи образҳо ва тасвирҳои бадеӣ сурат мегирад. Маҳз ба ҳамин хотир, таърихшиносон ва тадқиқотчиёни методи таърихӣ, ҳамчун методи диалектикӣ омӯхтани ҷараёнҳои адабӣ, субъект ва объекти тасвири бадеиро шарти муҳимми таҳқиқоти илмӣ меҳисобанд. Онро ҳамчун падидаи самарабахши шинохти қонунмандиҳои зуҳур, рушд ва такмили тафаккур дар давраҳои муайяни таърихӣ, ҷиддан мадди назар мегиранд.Чунин талабот дар назди адиб ва умуман адабиёт масъулияти бузурги таърихиро мегузорад.

Воқеияти таърихӣ дар аксари вақтҳо, дар шароите сурат мегирад, ки ба хоҳиши қисмате аз ҷомеа – қувваи пешбарандаи ҷамъият вобастагӣ надорад. Моҳиятан ин шароит давом ва натиҷаи таҷрибаи таърихист. Эҷодиёти бадеӣ маҳз бо истифода аз он имконот, шароит ва захираҳо амал мекунад. Ҳодисаҳое, ки дар олам ва минтақа рух додаанд ва рух медиҳанд, гарчанде маҳсули амали мақсадноки инсонанд, дар муносибат бо нависанда хусусияти объективӣ доранд. Берун аз майл ва хоҳиши ӯ ба вуқӯъ пайвастаанд. Дар тӯли таърих чунин равандҳо бо шиор ва баҳонаҳои гуногун рӯпӯш карда мешаванд. Аммо онҳо решаи заминии мушаххас доранд. Зодаи манфиати инсонанд. Ин ҷо муаммои дигар нест. Сарфи назар кардани қонуниятҳои шаклгирии ғаразҳои геополитикӣ, дар таносуб бо манфиатҳои миллӣ сабаби номуайян, норавшан ва бетаъсир мондани имконоти эҷодӣ мегардад.

Нармтар гӯем, боиси савоб аст, агар ба адабиёти асримиёнагӣ то даҳаи дуюми асри ХХ, то замони шикасти вопасин амири сулолаи Манғитиён ҳамчун сабақи зиндаву таърихӣ, гаштаву баргашта муроҷиат кунем. Равшан хоҳем дид, ки адабиёти тоҷик оинаи таърихи миллати муборизи тоҷик аст.

Вақте дар натиҷаи муборизаҳои қаҳрамононаи халқи тоҷик дар Хуросон ва Мовароуннаҳр дар нимаи дуюми асри IХ салтанати аҷнабиён шикаст хӯрд, дар асри Х ҷараёни давлатсозии миллати тоҷик, ки тавассути ғасби ин сарзамин қатъ гашта буд, ҷамъбасти раванди дуру дарози он ба вуқӯъ пайваст. Адабиёти тоҷик бо тамоми неру барои пойдорӣ ва бардавомии ин давлат кӯшишҳои бесобиқа кард. Ба майдони адабӣ Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Шаҳиди Балхӣ, Дақиқӣ, Абӯшакури Балхӣ, Хусравонӣ, Абулмуайяди Балхӣ, Кисоии Марвазӣ, Робиаи Балхӣ ва даҳҳо нафари дигар ворид гаштанд. Хизмати бузурги ин шахсиятҳо аз он иборат буд, ки ҳарчи зудтар забони ноби тоҷикиро бо тамоми имконоте, ки дар тӯли асрҳо захира карда буд, барқарор созанд. Ба он қувват бахшанд. Онро аз истилоҳоти бегона пок намоянд. Қудрати суханеро, ки миллатро ба истиқлолият ва давлатдории мустақил расонид, ба намоиш гузоранд. Забони шевои тоҷикиро дар тамоми гӯшаву канор, дар миёни худиву бегона танинандоз кунанд.

Дар адабиёти тоҷик, дар кулли давраҳои таърихӣ назм бар наср бартарӣ дошт. Ин навъи бадеӣ арсаи ҳақиқии нишон додани тавонмандии дарк, эҳсоси паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ ва қудрати тасвири он буд.

Бидуни дарки воқеияти объективӣ, тафсири зуҳуроти аёнӣ ва ботинии олами ҳастӣ тавассути лафзи бадеии гуҳарбор, мантиқи қавӣ ва маънии баланд, ки дилу дида ва хотирҳоро шефта мегардонд, ҳифз кардан ва рушди ин забон дар зеҳни ҳамватанон ва гузашта аз ин бегонагон, имкон надошт. Асарҳои бузурге, ки ҳам дар жанри достонӣ ва ҳам дар жанри лирикӣ суруда шуданд, потенсиали қавӣ доштанд. Неруи маънавии онҳо ҳамчун нури сафобахше дар зулмоти ҳазорсола дили соҳибзабононро равшан мекард. Ба оянда умед мебахшид. Забони тоҷикӣ мояи ифтихори миллати тоҷик ва воситаи ҳамдилии мардуми минтақа гашт. Оқибат аз муҳимтарин омили ба истиқлолият расонидани соҳибзабонон шуд.

Дар алоқамандӣ бо предмети баҳс нуқтаи аз нигоҳи муаллиф ҳаётан муҳим он буд, ки бо вуҷуди адами мустақилияти сиёсӣ, давлатдорӣ, аз даст ба даст гузаштани ҳокимияти давлатӣ, ҷаҳолат, шароити тираву тори истибдоду хурофот, рӯҳи озодипарасти адабиёт як лаҳза ҳам сукут накард. Рӯдакӣ дар офаридаҳои худ қотеона илм, дониш ва фарҳангро беҳтарин (дараҷаи олии сифат) ганҷ, «чароғи равшан» ва бар тани одамӣ ҷавшан номид. То ҳадди тавон «рӯй бар ин ганҷ» ниҳоданро талқин намуд. На ҷаҳонбинии дигарро. «Соҳибқирони шоирон» илмро ҳамчун тафаккури назариявӣ барои дар амал истифода намудан ва осон кардани зиндагии одии инсон дар мадди назар дошт. Ҳамзамон бо ин, таҷрибаи амалиро («гузашти рӯзгор»-ро) маҳаки озмоиши ҳадди охири сифатнокии рушди шахс қаламдод кард. Чунин назарияи эмпиризм – зарурияти дарки воқеият, алоқамандии донишҳо, эҳсоси муҳити атроф бо таҷрибаи зиндагӣ дар тӯли таърих барои адабиёт ва мардуми бофарҳанг ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат кард.

Фирдавсӣ бо дасти Коваи оҳангар, ҳукми Заҳҳок – тимсоли бадиву бадбахтиро дар дунё «хотима» бахшид. Фаридунро сари қудрат овард. Адолатро пойдор сохт. Инкори бадӣ, бадали он ба рӯзгори нек ҳамчун мафҳуми диалектикии инкор, ки хоси рушд ва такомули табиат, ҷамъият ва тафаккури инсонӣ аст, қонунмандии муборизаи халқро барои рӯзгори шоиста, ворастан аз ҷаҳолат ва тақдирписандӣ раҳнамун сохт.

Тавонмандии илмӣ ва бадеии Абӯалӣ ибни Сино, ҷуръати озодандешии Носири Хусрав, зарофат ва шуҷоати бузурги Убайди Зоконӣ дар тафсири дониш, хирад, мазаммати ҷаҳолат ва хурофот барои адабиёти имрӯза намунаҳои олии пайравӣ ва сарчашмаи рушду навоварӣ барои қудрати зеҳнӣ мебошад.

Бо худдорӣ аз тафсири диалектикии масъала як нуктаро хотиррасон бояд кард: хизмати саромадони бузурги адабиёти тоҷик иборат аз он аст, ки ҷараёни тафаккури онҳо аз сода ба мураккаб, тавассути таҳлили бошууронаи таҷриба, воқеияти зиндагӣ сурат мегирад. Илҳом, ташаббус ва моҳияти эҷодиёти онон ба воқеияти объективӣ марбут аст. Тавассути санъати волои бадеӣ тасвир кардани паҳлуҳои ниҳоят ҳассоси зиндагии даврон асоси пойдорӣ ва шуҳрати ҷаҳонӣ касб кардани ин адабиёт мебошад.

Ин нобиғаҳои миллати тоҷик тафаккури бадеиро ҳамчун шакли олии фаъолияти инсонӣ пазируфтаанд. Тавассути забон қудрати фикрронии хешро оид ба тараннуми воқеияти ҳаёт, дунявият – зебоӣ ва зебоипарастӣ нишон дода, дар муқобили ҷаҳолат, нодонӣ, гумроҳӣ, касодии маънавӣ, тафаккури ғуломӣ ва бегонапарастӣ бурро, қотеона садо баланд кардаанд. Аз бетарафӣ ва фурсатҷӯӣ канор рафтаанд. Дар «қаҳти ҷуд» обрӯи хеш нафурӯхтаанд. «Бодаву гул ба баҳои хирқа харидаанд» (Ҳофиз). Тавассути афкори бадеӣ ҳақиқати зиндагиро ба мардум, ки суханони он бузургонро аз даҳон ба даҳон мебурд, «амиқтар, дурусттар ва мукаммалтар» фаҳмонидаанд. Нагузоштаанд, ки одамон аз андеша, тарзи тафаккур, рафтор ва гуфтори ориёӣ – ҳувияти асили тоҷикият зиёд фосила бигиранд. Бо намоиши зеҳният ва неруи офарандаи сухан бар торикӣ пирӯз гаштаанд. Аз ҷумла, эътирофи Садриддин Айнӣ нисбат ба таҳаввулоти фикрие, ки ӯ баъди мутолиаи «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмад Махдуми Дониш бардоштааст, ӯро чун «ситораи дурахшоне дар осмони Бухоро» ном бурдааст, шаҳодати ин гуфтаҳост.

 

ХУЛОСА

Ҷаҳонбинӣ аз муҳимтарин сифатҳои тавонмандии шахсият аст. Ҳамзамон, бо ин таъкид бояд кард, ки маҷмӯъ ё системаи тасаввурот ва тарзи тафаккур наметавонад хусусияти ирсӣ дошта бошад. Шаклгирии он маҳсули ҷараёни мураккаб ва мақсадноки ҳаёти ҷамъиятӣ аст.

Олимони бузурги нимаи дуюми асри ХIХ дар таълифи асари Фейербах – «Противоположность материалистического и иделистического воззрения» таъкид кардаанд: «Бар дӯши «рӯҳ», сароғоз, вазни сабилмондаи материя, ки шакли дар ҳаракатбудаи қабатҳои ҳавои овозҳо – калимаҳо мебошад, ҳамчун забон бор аст». Осебпазир будани тафаккури инсонӣ аз дидаҳо, шунидаҳо, хондаҳо шояд маҳз дар доираи мантиқи имрӯзинаи «сабилмонда» таъкид шуда бошад.

Ҷаҳонбинӣ маҳсули фаъолияти ҷамъиятӣ аст. Адабиёт дар он нақши ҳаётан муҳимро иҷро мекунад. «Ҳама гуна давлат бояд аз рӯйи шумораи миқдорӣ ва сифатӣ баррасӣ карда шавад. Аз лиҳози сифат гуфта, ман озодӣ ва … маърифатнокиро дар назар дорам. Аз ҷиҳати миқдор, шумораи умумии аҳолӣ дар назар дошта мешавад. Имкон дорад, ки як қисми одамон дар мамлакат аз ҷиҳати шумора афзалияти сифатӣ ва қисми дигар афзалияти миқдорӣ дошта бошад. Аммо бояд дар назар гирифт, ки миқдор бар сифат набояд бартарӣ дошта бошад» (Аристотель. Политика. –М.: 2010. –С.297).

Боиси таҳсин аст, ки ҳанӯз дар асрҳои пеш аз милод Арасту бо такя ба яке аз се қонуни асосии диалектика «гузаштани тағйироти миқдорӣ ба сифатӣ»-ро ҳамчун пояи аслии методологияи дарки воқеият истифода намудааст. Итминони комил доштааст, ки тамоюли зиёд шудани шумораи манфӣ дар мисоли одамони ба ҷаҳолату хурофот пойбанд, оқибат омили шикасти ҷомеа хоҳад гашт.

Адабиёти миллӣ вориси аслии маънавиёти давлати миллӣ мебошад. Бо такя ба имконоти Академияи илмҳо ва дигар муассисаҳои тадқиқотӣ метавонад аз лиҳози ҳифзи маърифат ва маънавиёти миллӣ бештар аз пайи дарёфти генезиси бадеие бошад, ки омили илмсолориро дар ҷомеа неруи тоза бахшад.

Дар даврони созандагӣ мавқеъ ва манзалати адабиётро дар ҷабҳаи таъмини воқеии манфиатҳои миллӣ зинда ва барқарор бояд кард. Муассирӣ ва рӯҳбахшии онро ба мисли даврони С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода ва ҳаммонанди ин бузургон ба намоиш гузошт. Ба хотири он, ки образофаринӣ зиндагиофаринӣ аст.

Адиб оне нест, ки рӯзи ҷанг (мубориза, талош, арсаи созандагӣ, рӯ ба рӯ гаштан бо душмани ғаддор, ватанфурӯш, дурӯя, бегонапараст) пушт гардонад. Адиб он аст, ки дар миёни ин набардҳо ё дар лобалои онҳо симо, маънавиёт, тарзи тафаккури созандаи хешро дар жанрҳои мувофиқ бо амал – образҳои бадеии ба воқеият ҳ

Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт

Сиёсат, Фарҳанг ва адабиёт
Иммануил Кант ва ташаккули субъекти сиёсӣ

Иммануил Кант ва ташаккули субъекти сиёсӣ

Сиёсат
Ёди нек аз Аброри Зоҳир

Ёди нек аз Аброри Зоҳир

Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Бузургон дар ситоиши матбуот

Бузургон дар ситоиши матбуот

Хабарҳо, Номаҳои Шумо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ёде аз Аброр Зоҳир

Ёде аз Аброр Зоҳир

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, Номаҳои Шумо