Дар як сатр
» » Ба саноатишавии кишварамон боварӣ дорем

Ба саноатишавии кишварамон боварӣ дорем

17-01-2019, 06:11

«…бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад».
Аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
Дар ҳақиқат, ин суханони рӯҳбаландкунанда ҳар соҳибкори ватаниро баҳри бунёди рушди соҳа боғайрат месозад ва баҳри бунёди корхонаҳои хурду калони саноатӣ ва ташкили ҷойҳои нави кор дучанд меафзояд. Дар ноҳияи Ёвон ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ корхонаҳои саноатӣ ангуштшумор бошанд ҳам, фаъолият доштанд. Вале мушкилоти аввали солҳои даврони гузариш фаъолияти онҳоро қатъ намуд. Ҳазорон нафар коргар, ки аз ҳисоби сокинони маҳал буданд, бе ҷойи кор монданд. Муҳоҷирати иҷбории сокинон баҳри дарёфти қути лоямут, ба кишварҳои хориҷ сол аз сол меафзуд. Бо ҳамин минвол солҳо сипарӣ мешуданд. Сафи сокинони бе ҷойи кормондамеафзуд. Хушбахтона, таваҷҷуҳу дастгириҳои пайиҳамии Сарвари давлат дар роҳи рушди соҳа ва ботадриҷ гузаштан аз давлати аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ имкон фарҳам овард, ки роҳи кушоду имтиёзҳо ба соҳибкорони маҳаллӣ васеъ гарданд. Дар натиҷа, дар ин самт, дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар, қадамҳои устувор гузошта шуд ва ба ҳадафҳои дурбинонаи Ҳукуматназдик омадан, соҳибкорони моро низ водор сохт, ки ҷиҳати саҳмгузорӣ дар масъалаи гузаштан аз мамлакати агарарӣ-саноатӣ ба саноатӣ- аграрӣ саҳмгузор бошанд. Пеш аз ҳама, саъй бар он кардем, ки вобаста ба имконоти маҳал, мавҷуд будани ашёи хоми кӯҳсори атроф корхонаҳои хурду калони саноатӣ созем. Ҳамин тариқ, аввалин корхонаҳо дар заминаи иншоотҳои пешина сохта шуданд. Инак, батадриҷ соҳа рушд ёфт. Ҳамакнун дар ноҳия ҳудуди 20 корхонаҳои саноатӣ, аз қабили коркарди пахта, сементбарорӣ, бофандагӣ, ордистеҳсолкунӣ, ҷӯроббофӣ, истеҳсоли халтаҳои полиэтилинӣ, риштарангкунӣ, креолит, қубурҳо, гаҷкартон ва даҳҳо коргоҳу иншооти хизматрасонии маданӣ-маишӣ фаъолият доранд, ки пайи амалигардии ин мақсади наҷиби давлату Ҳукумат равона шудааст. Дар ин баробар, боз ҳастанд соҳибкорони инфиродӣ, ки то дараҷае дар рушди соҳаи саоноатикунонии маҳал бо кору пайкори худ саҳмгузоранд.
Батадриҷ васеъ гардидани доираи фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ба он мусоидат намудааст, ки ашёи хоми маҳаллӣ дар ноҳия коркард шавад ва истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ афзун гардад. Ин раванд имкон медиҳад, то воридоти технологияи иноватсионӣ бештар гардида, ба рақобатпазирии маҳсулот дар бозори хориҷ мусоидат намояд. Сол аз сол зиёд гардидани содироти маҳсулоти саноатии корхонаҳои ноҳия ба хориҷ ба ин гувоҳӣ медиҳад. Дар ин самт корхонаҳои саноатии муқтадири «Ғаюр индустриал», «Ҷунгстай Моҳир семент», «Моҳир пластик» «Хима текстил», «Ваҳдат», «Криолит», «Хуан Фантсюй Синю сохтмон», «Намаки Ёвон» нақши босазо доранд.
Боиси қайд аст, ки рушди соҳаи саноат, аз як тараф, истеҳсоли маҳсулоти худиро боло бардорад, аз ҷониби дигар, боиси коҳиш ёфтани муҳоҷирати меҳнатӣ мегардад. Бо ин васила, ҳазорон нафар мардуми таҳҷойӣ бо баланд намудани ихтисос, ба худ ҷойи кори доимӣ меёбанд ва бо маоши хуб таъмин мегарданд. Бешубҳа, ҳамин аст нақшаву мароми давлату Ҳукумат ва сиёсату ҳадафҳои дурбинонаву раъиятпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷмӯъ ба таъмини зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст то ҳамаи мо аз ин ҳадафҳои наҷиб дастгирии амиқ ба амал орем.
Қ. Раҳмонов,
мудири бахши саноат ва сохтмони
МИҲД ноҳияи Ёвон




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Сафари кории Сарвари давлат ба ноҳияи Ёвон

Сафари кории Сарвари давлат ба ноҳияи Ёвон

Ҳокимияти давлатӣ

Вохӯрии раиси вилоят бо фаъолони Кӯлоб

Хабарҳо
Оғози бунёди корхонаи нави саноатӣ ва шиносоӣ бо сохтмону азнавсозии роҳҳои ...

Оғози бунёди корхонаи нави саноатӣ ва шиносоӣ бо сохтмону азнавсозии роҳҳои ...

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат
Шиносоии Сарвазир аз рафти корҳои сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Д ...

Шиносоии Сарвазир аз рафти корҳои сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Д ...

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Корхонаҳои саноатӣ дар деҳот ва ноҳияҳои дурдаст низ бунёд мешаванд

Корхонаҳои саноатӣ дар деҳот ва ноҳияҳои дурдаст низ бунёд мешаванд

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА