Дар як сатр
» » Вохӯрии занон дар Кӯлоб

Вохӯрии занон дар Кӯлоб

17-01-2019, 06:10

Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳамоише доир кард, ки дар он занони касбу кори гуногун ва фаъолону аъзоёни коммисияи ҷамъиятӣ иштирок намуданд.
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оила Бибинур Хушвахтова аз фаъолияти яксолаи шуъба хисобот дода, кайд намуд, ки давоми сол як катор вохӯриву суҳбатҳо, конференсияҳои илмӣ-назариявӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар масъалаҳои гуногуни байни занону ҷавондухтарон гузаронида шудааст. Дар соли сипари шуда, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида буд, дар ҷамоатҳои деҳот, маркази шаҳр ва деҳаҳо марказҳои ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуда, истеҳсоли маҳсулоти дастӣ ва касбомӯзии занону духтарони хонашин ба роҳ монда шуд. Дар натиҷа, беш аз 350 нафар занону духтарони хонашин соҳиби ҷои кори доимӣ ва шуғл гардидаанд. Инчунин, як қатор занону духтарон бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ аз курси омӯзишии «Зан сарвар» гузашта, соҳиби сертификат гардиданд ва ба захираи кадрҳои ҳукумати вилояти Хатлон ворид карда шуданд. Мутаасифона, дар ин сол ҷудошавии оилаҳо зиёд гардида, беш аз 180 нафар кӯдакон ятим мондаанд. Бино бар оморҳои расмӣ аз ҳисоби ҷудошавии оилаҳо шаҳри Кӯлоб дар вилояти Хатлон ба ҷои аввал баромадааст. Муъмина Иброҳимзода, мудири бахши САҲШ-и шаҳри Кӯлоб мегӯяд: «Дар соли 2018 дар шаҳри Кӯлоб теъдоди ҷудошавии оилаҳо ба 206 адад расид, ки нисбат ба соли 2017 ин шумора 54 адад зиёд мебошад. Мувофиқи таҳлилҳои бахши САҲШ 156 сабт бо қарори суд, 48 сабт дар асоси аризаи якҷояи шаҳрвандон ва 24 сабти дигар бошад, дар асоси ваколатномаи нотариалӣ ба расмият дароварда шудааст. Баъди бурдани корҳои таҳлилӣ маълум шуд, ки аз 24 сабти дар асоси ваколатномаи нотариалӣ бекор кардашуда, оилаҳо зиндагиашонро идома дода истодаанд ва барои омода кардани ҳуҷҷатгузорӣ ва гирифтани шаҳрвандии дигар давлатҳо ақди никоҳи давлатиро бекор кардаанд. Аз ҳисоби ҷудошавии оилаҳо дар соли 2018-ум 183 нафар кӯдакон ятим мондаанд, ки 180 нафарашон дар тарбияи модар ва 3 нафар дар тарбияи падар мебошанд».
Баҳри пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо ва ташкили оилаҳои солим аз ҷониби иштирокчиёни ҳамоиш таклифу пешниҳодҳои муфид карда шуд.Кормандони соҳаи тандурустӣ чанд ҳолатро дар арафаи тӯйи домоду арӯсӣ бо муроҷиат ҷавононро барои гузаштан аз ташхиси тиббӣ ёдрас кардаанд ва дар ин кор аз бемасъулиятии волидайн низ норозигӣ намудаанд. Фариштамоҳ Салихова, корманди соҳаи тандурустӣ, чунин иброз дошт: «... ҷавонон баъди анҷоми ҳамаи чорабиниҳои хонадоршавӣ баъдан барои аз муоинаи тиббӣ гузаштан меоянд. Дар соли 2018 ҳамин гуна ҳолатҳо як чанд маротиба рӯх доданд. Волидайн маслиҳати тӯйро карда, омодагӣ дидаанд ва ҳатто рӯзи тӯйро муъайян намуда, меҳмононро даъват кардаанд. Баъди ҳамаи ин, фарзандонро барои аз муоинаи тиббӣ гузаштан фиристоданд. Натиҷаи санҷиши хун муайаян кард, ки ин ҷуфт ба ҳам мувофиқ нестанд ва аз ин оила дар оянда тавлиди кӯдакони солим ғайриимкон аст”.
Дар ҳамоиш масъалаи худкушию худсӯзиро дар байни занону ҷавондухтарон доғи рӯз унвон карданд. Ин омил низ дар соли 2018 афзоиш ёфтааст. Новобаста ба корҳои фахмондадиҳӣ то ҳанӯз ба бар кардани либоси бегона ва фарҳангӣ, бегонапарастӣ аз байн нарафтааст.
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мақоми зан дар ҷомеа ва ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ намудани занон ибрози назар карданд, ки дар ин вохӯрӣ атрофи ин масъала иштирокчиён суханронӣ карда, миннатдории хешро ба Президенти мамлакат баён намуданд.
Бо мақсади риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон: "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ пешниҳод карда шуд, ки кори комиссияҳои ҷамъиятӣ дар ҷамоатҳо, назди корхонаю ташкилот ва комиссияи ҷамъиятии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ пурзӯр карда шавад.
Ширинҷон Сафарзода



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Озмуни вилоятӣ дар Кӯлоб

Озмуни вилоятӣ дар Кӯлоб

Ҳаёти иҷтимоӣ
З. Сафарзода: «аз ҳам пош хӯрдани оилаҳо масъалаи ташвишовар аст»

З. Сафарзода: «аз ҳам пош хӯрдани оилаҳо масъалаи ташвишовар аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА

Ҷаласаи навбатии шӯрои занон

Хабарҳо
«Оилаи солим – ҷамъияти солим»

«Оилаи солим – ҷамъияти солим»

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Қӯрғонтеппа: Ташвиш аз ҷудошавии оилаҳо ва беаҳамиятии волидон

Қӯрғонтеппа: Ташвиш аз ҷудошавии оилаҳо ва беаҳамиятии волидон

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА