Дар як сатр
» » ОМӮЗИШИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ОМӮЗИШИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

17-01-2019, 06:09

Дар толори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон мулоқот бо иштироки мудирону кормандони дастгоҳи раёсат, кормандони муассисаҳои тайёрии варзишӣ дар маркази вилоятбуда, муассисаи варзишии шаҳри Бохтар ва волонтёрон бо мақсади омӯзиши Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баргузор карда шуд.
Зимни чорабинӣ мудири Бахши кор бо ҷавонони дасгоҳи раёсат Р. Насриддинзода вобаста ба самтҳои мухталифи Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Наврасону ҷавонон доимо дар мадди назари Роҳбарияти кишвар қарор доранд ва ин матлаб зимни ироаи навбатии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ собит гардид. Аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамарӯза баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат корҳои амалиро ба сомон расонанд.
Ҳамчунин, мудири Бахши варзиши дастгоҳи раёсат А. Гулов суханронӣ намуда, ҷиҳати дар сатҳу сифати баланд баргузор намудани чорабиниҳои варзишӣ, истифодаи самараноки иншооти варзишӣ ба масъулин таъкидҳо намуд.
Чунин чорабиниҳо минбаъд аз ҷониби Раёсат роҳандозӣ карда мешаванд.
Б. Бобоев,
сармутахассиси Бахши варзиши дастгоҳи раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Вахш. Таваҷҷуҳ ба рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ

Ҷавонон ва варзиш

«ОИЛАИ СОЛИМ - ҶОМЕАИ СОЛИМ»

Хабарҳо

«ОИЛАИ СОЛИМ - ҶОМЕАИ СОЛИМ»

Хабарҳо
Амалиёти ихтиёриён ба муносибати ҷашни байналмилалии «Наврўз-2018»

Амалиёти ихтиёриён ба муносибати ҷашни байналмилалии «Наврўз-2018»

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Оғози ироаи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ

Оғози ироаи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ

Хабарҳо