Дар як сатр
» » Паём моро ба зиндагии осоишта роҳнамоӣ менамояд

Паём моро ба зиндагии осоишта роҳнамоӣ менамояд

17-01-2019, 06:08

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун солҳои пешин дар ҳудуди кишвар ва берун аз он, дар байни мардум таваҷҷуҳи хоса пайдо кард. Чунки дар он масъалаҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, ки бунёди ояндаи некуаҳволӣ ва рушди усувори иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин месозад, ироа гардид.
Ҳамчунин Паём дар даврае ироа гардид, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Пешвои миллат баробари таҳлили амиқи кулли соҳаҳои хоҷагиҳои халқи мамлакат таъкид намуданд, ки ҳадафи аслии мо ҳифз кардан ва таҳким бахшидани давлатдории миллӣ мебошад.
Бояд қайд намуд, ки маҳз бо талошҳои Роҳбари давлат, миллати тоҷик ба ҳам омада ва ин дастовардҳо боиси он гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ кишварамонро ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявию ягона эътироф намуд. Ҳамин сулҳу салоҳи беназири мо буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ пазируфта шуда, ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳоду садоҳои моро ба инобат гирифта пазироӣ менамояд.
Масъалаи ҳифзи ин дастоварди бузург, яъне ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ва таҳкими аркону пояҳои он хусусан дар шароити пуртазоду печидаи солҳои охир рӯз аз рӯз мураккаб гардидани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобат ба бархурди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ аҳамияти то рафт ҷиддӣ, ҳаётӣ пайдо мекунад.
Аз ин рӯ вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар кадоми мост, ки ҳатто як лаҳза ҳам масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро фаромуш насозем.
Ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву ватандорӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолӣ, бахусус наврасону ҷавонон ҳадафи асосии ҳар яки мо маҳсуб меёбад.
Зеро ҳар яки мо солҳои охир шоҳиди ҳодисаҳое мебошем, ки баъзе доираҳои муайян тавассути расонаҳои иттилоотӣ ва бо истифодаи моҳирона аз ноогоҳиву бехабарии қисмате аз ҷомеа, махсусан гуруҳҳои алоҳидаи ҷавонон, авзои сиёсию иҷтимоии як қатор кишварҳои ҷаҳонро ноором ва давлатҳои ободро ба харобазор табдил медиҳанд.
Бояд мардум дар ин раванд моҳияти самтҳои асосии дохилӣ ва хориҷӣ, мақсади неруҳои ғаразноки берунӣ ва ҳадафҳои нақшаву барномаҳои давлатии худро мустақилона дарк карда тавонанд.
Халқи тоҷик сулҳу ҳамдигарфаҳмиро бар ивази азияту заҳмати сахту сангин ва қиматтар аз ҳама, ба баҳои ҷони даҳҳо ҳазор қурбониёни ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст овард ва имрӯз шукргузор аст, ки дар фазои неъмати бузурги суботи сиёсӣ ва оромии ҷомеа кору зиндагонӣ доранд.
Бинобар ин мо вазифадорем, ки ба хотири тарбияи насли наврас ва ҷавонони имрӯза дар рӯҳияи ватандӯстиву сулҳҷӯӣ ва ободкориву созандагӣ, инчунин ба мерос гузоштани ин дастоварди муқадаси нодир, фарҳанги сулҳро ҳамчун ҷузъи доимии фарҳанги зиндагии мардум густариш бахшем.
Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд ба раванду рӯйдодҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ баҳои дуруст дода, барои пешгирии ҷавонон, аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъшуда ва узвият дар ниҳодҳои низомии бо ном исломӣ минбаъд низ чораҳои мушаххас ва муассирро амалӣ намоем.
Дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фарогири натиҷаҳои фаъолият ва самтҳои асосии корбарии минбаъдаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар аст, таъкид гардидааст, ки ҳадафи аслии мо расидан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ, шароити мусоиди иҷтимоӣ, барои ҳар фарди ҷомеа мебошад.
Бинобар ин барои амалӣ гардидани ҳадафҳои аслии стратегии давлат, мукаммал гардидани низоми қонунгузорӣ, густариши минбаъдаи ғояҳои ватандӯстӣ ва худшиносиву ваҳдати миллӣ бояд, ҳар як фарди баору номуси миллат саҳми арзишманди хешро гузорад.
Шамсиддин ФАЙЗУЛЛОЕВ,
ноҳияи Данғара




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллат

Истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллат

Хабарҳо
Сарчашмаи бахту саодати тоҷикон

Сарчашмаи бахту саодати тоҷикон

Ҳаёти иҷтимоӣ
Роҳнамо ба сӯйи фардо

Роҳнамо ба сӯйи фардо

Номаҳои Шумо
Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ салоҳияти мост

Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ салоҳияти мост

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Артиши миллӣ-сипари боэътимоди Ватан

Артиши миллӣ-сипари боэътимоди Ватан

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ