Дар як сатр
» » Роҳнамои зиндагӣ

Роҳнамои зиндагӣ

19-01-2019, 08:02

Паёми ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, бешак, дар кору фаъолият ва зиндагии ҳама тоҷику тоҷикистониён як роҳнамои доимӣ маҳсуб меёбад.
Бидуни шубҳа, Паёмҳои Сардори давлат ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ ва ҳаёти мардуми Тоҷикистонро дар бар гирифтааст. Мо чӣ дар кор ва чӣ дар зиндагиамон ба паёмҳои халқпарваронаи Президенти мамлакат такя намуда, баҳри тараққиёт ва инкишофи ояндаи ватанамон қадамҳои устувор мегузорем. Аз ин ҷост, ки Сардори давлат дар паёмҳои ҳарсолаи худ мардумро ба ватандӯстӣ, меҳнати ҳалол баҳри гулгулшукуфоии ватан, ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстии халқҳо, ахлоқи воло раҳнамун ва ҳидоят месозад.
Тавре дар боло қайд намудем, Паёми навбатии Сардори давлат тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро мӯшикофона таҳлил намуда, барои пешрафти ояндаи мамлакат маслиҳату супоришҳои мушаххас додааст. Аз лаҳзаи сари қудрат омаданаш Эмомалӣ Раҳмон ба ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла ба солимии ҷомеа, диққати ҳамаҷониба медиҳад. Аз ин ҷост, ки бо ғамхории ҳамарӯзаи Президенти мамлакат кормандони соҳаи тиб дорои шароитҳои хуби корӣ мебошанд. Медонем ва мешунавем, ки дар ҳудуди ҷумҳуриамон қариб рӯзе нест, ки як бемористони нав, дармонгоҳи нав, маркази саломатии нав сохта ба истифода дода нашавад. Ҳамаи ин амалҳо ба фоидаи халқ, баҳри солимии ҳаёти ҷомеа нигаронида шудааст, ва ба пешрафту тараққиёти мамлакат ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
Дар Паёми навбатии  Сардори давлат аз ҷумла омадааст: "Мо ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мунтазам тавсеа ва таҳким бахшида истодаем. Ҳоло дар 19 шаҳру ноҳияҳои мамлакат "Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019” амалӣ гардида истодааст ва ин таҷриба давра ба давра тамоми кишварро фаро мегирад. Илова бар ин, дар давоми 3 соли оянда дар кишвар беш аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд карда мешаванд”.
Ин ҳама амалҳои ватандӯстона ба мо-кормандони соҳаи тандурустӣ дар оянда умедҳои наву тоза мебахшанд. Мо акнун боварии комил дорем, ки соҳаи тандурустии мамлакат сол аз сол тараққӣ намуда, дар ин бобат ба давлатҳои пешрафта баробар хоҳад шуд. Шуъбаи касалиҳои пӯсти шаҳри Бохтар яке аз марказҳои саломатии куҳнатарин ба шумор меравад. Дар он табибоне кор мекунанд, ки маҳорати баланди касбӣ ва таҷрибаи басе бой доранд. Ҳар рӯз мо даҳҳо беморонро қабул намуда, ба онҳо маслиҳатҳои муфид медиҳем ва ба саломатиашон кумак мерасонем. Ман шахсан чун сардори шуъба дар роҳу растаҳо бисёр касонро вомехӯрам, ки аз дасти кормандони шуъбаи мо табобат ёфтаанд ва аз ин ҷиҳат аз мо-табибон беҳад хурсанду миннатдоранд.
Ин мо-табибонро водор месозад, ки ҳамарӯза дар кори худ масъулияти ҷиддиро эҳсос намоем ва бо бемороне, ки муроҷиат мекунанд, муомилаамонро боз ҳам беҳтару хубтар гардонем. Мо дар ихтиёри худ як маркази саломатӣ дар шаҳри Бохтар ва яктои дигар дар ноҳияи Кӯшониён дорем. Ман ҳамчун сардори шуъба аз ҳолу аҳволи кормандон ва беморони бемористони деҳотиамон низ зуд-зуд хабар гирифта, то ҷое даст медиҳад, ба корашон ёрӣ мерасонам. Ногуфта намонад, ки шароити кори табибон дар он ҷо низ хуб буда, онҳо фаъолияти ҳамарӯзаашонро бидуни ягон душворӣ пеш бурда истодаанд.
Мо бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти кории худ бештар табибони ҷавонро қабул менамоем ва тарбия месозем. Ҳар сол аз Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва коллеҷҳои тиббии мамлакат ба маркази саломатии мо кадрҳои бисёр меоянд ва мо онҳоро бо муомилаи хуш қабул менамоем ва барояшон шароити хуби кору зиндагӣ фароҳам меорем. Ин, албатта, боиси боз ҳам пеш рафтани кори табибон ва беҳдошти сифати кори ҳаррӯзаамон мегардад.
Мо-табибон аз Паёми имсолаи Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳи тоза гирифта, мекӯшем, ки ба хотири пешрафти корамон барои худ шароити боз ҳам беҳтаре муҳайё сохта, ба ин восита хизматрасониро ба аҳолӣ ба дараҷаи баланд бардорем.
Бахтиёр Мирзоев,
сардори шуъбаи бемориҳои пӯсти шаҳри Бохтар, духтури дараҷаи олӣ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Рисолати хешро бо дарназардошти ҳидоятҳои Пешвои миллат софдилона иҷро меку ...

Тандурустӣ ва экология
Сифати кори табибонро мардум баҳо медиҳад

Сифати кори табибонро мардум баҳо медиҳад

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, Номаҳои Шумо
Роҳнамои табибон

Роҳнамои табибон

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, Номаҳои Шумо
Сарфакорӣ дар истифодаи неруи  барқ

Сарфакорӣ дар истифодаи неруи барқ

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Дар Хатлон тайи се моҳ 6 маркази саломатии деҳот ва 16 бунгоҳи тиббӣ сохта  ...

Дар Хатлон тайи се моҳ 6 маркази саломатии деҳот ва 16 бунгоҳи тиббӣ сохта ...

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА