Дар як сатр

Сада-муждаи наврӯз

18-01-2019, 10:56

Миллати тоҷик соҳиби оину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима мебошад. Суннату оинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, амсоли Наврӯз, Меҳргон ва Сада, дар таърихи тӯлонии хеш тарғибгари ахлоқу маънавиёти созанда ба шумор рафтанд. Хушбахтона, бо сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашнҳои ниёгон аз нав эҳё гардида, ботантана ҷашн гирифта мешаванд. Ин ҷашнро ба он хотир ҷашни Сада меноманд, ки аз шумораи 100 гирифта шуда аст. Воқеан, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли донишманди нуҷумшинос Абӯрайҳонӣ Берунӣ аҷдодони баруманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабонарӯзро дар бар мегирифт.
Иди Сада баъди ба итмом расидани Чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои замистон муждаи аз наздик расидани баҳор мешуд. Рӯзи 12 анвари соли равон заҳматкашони вилояти Хатлон аввалин шуда ҷашни Садаро бо омодагиҳои ҳамаҷониба ва бо базму тарабу шодиву нишот таҷлил намуданд. Саҳни театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов идгоҳро мемонд. Кишоварзон маҳсули дастранҷи хешро пешкаши ҳакамону меҳмонон намуда буданд. Сабзавоту меваҷот,  ғалладонагиҳову маҳсули дасти ҳунармандону косибон диққати ҳамагонро ба худ ҷалб намуда буданд. Оташи  афрӯхтаи марди деҳқон ба чеҳраҳо нуру ба қалбҳо сурур мебахшид.
Дар ҳақиқат, Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода менамояд ва бо тантанаҳои оташафрӯзӣ, садои дафу чанг омад-омади баҳор, муждаи Наврӯзи аҷамро ба ҳамагон мерасонад. Ин буд, ки сокинони вилоят, шаҳру навоҳӣ, хурду бузург дар ин тантана бо дастовезҳои меҳнатии хеш ҷамъ омада буданд. Масъулини вилояти Хатлон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намоиши маҳсули  дастранҷи деҳқонон ва ҳунармандон дидан намуда, баҳои баланд доданд. Дар ҳақиқат, ҷашни Сада, тавре ки дар боло зикр намудем, аз ҷашнҳои ниёгони мо, нишона буда, дар асарҳои шоирони мо- Абулқосим Фирдавсӣ ва Абӯрайҳони Берунӣ хуб маънидод шудааст.
Абулқосим Фирдавсӣ дар асари хеш "Шоҳнома” пайдоиши ҷашни Садаро ба давраи подшоҳии Ҳушанг нисбат додааст. Ҳушанг ба мардум афрӯхтани оташро омӯзонид ва ба ҷашни Сада бунёд гузошт. Ҳамчунин, Абӯрайҳони Берунӣ дар асари хеш ҷашни Садаро рамзи пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок шумурда, фарорасии адолату осоишро дар мамлакат ба оташафрӯзии оини Сада нисбат медиҳад. Ин буд, ки ҷашни Садаро дар маркази вилоят бо омодагиҳои ҳамаҷониба, дастовардҳои меҳнатӣ, рақсу бозӣ, савту наво таҷлил намуданд. Чуноне ки дар ҷамъомад таъкид рафт, баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идҳои суннатии ниёгон аз нав эҳё гардида, бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Нисбати дастовардҳои кишоварзони вилоят дар соли сипаригардида сухан ронда, таъкид доштанд, ки 822,5 тонна ғалладонагиҳо, 178,8 тонна пахта, 119, 8 ҳазор тонна сабзавот, 216,5 ҳазор тонна картошка, 512,4000 тонна полезӣ, 188,5 ҳазор  тонна мевагиҳо, 104,5 ҳазор тонна ангур истеҳсол гардидааст. Истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ афзун гардидаст. Аз ҳудуди вилоят соли 2018 96,4 ҳазор тонна, аз ҷумла 75925 тонна сабзавот ба хориҷи кишвар содирот гардидааст, ки 153,1 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Тавре ки дар ҷамъомади тантанавӣ таъкид рафт, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 12,8 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбати соли 2017-ум 318,7 миллион сомонӣ зиёд аст.
Ҳамчунин, оид ба дастовардҳои соҳаи чорводорӣ, парандапарварӣ таъкид ба миён рафт. Аз ҷумла зикр гардид, ки бо истифода аз технологияи пешқадам фабрикаҳои парандапарварӣ дар ноҳияҳои Ёвон, Данғара, Панҷ ва Левакант маҳсулоти хушсифат истеҳсол намуда, ба бозорҳои дохилии кишвар ба фурӯш баровардаанд. Натиҷаи меҳнати бурдборонаи заҳматкашони вилоят дар ҷашни Сада ҷамъбаст гардида, ба беҳтаринҳои соҳаҳои хоҷагии халқ туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супурда шуд.
Вахшона,
«Хатлон»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Хуросон. 1600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхонаҳо нигоҳдорӣ мешавад

Арсаи кишоварзӣ
Сада муждаест аз омадани баҳор ва омодагиҳо ба киштукор

Сада муждаест аз омадани баҳор ва омодагиҳо ба киштукор

Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Сада - ҷашни ниёгон

Сада - ҷашни ниёгон

Хабарҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Арсаи кишоварзӣ, НАҶОТ САФАРЗОДА
Пайки наврӯзӣ

Пайки наврӯзӣ

Фарҳанг ва адабиёт
АКС: Иди ҳосил дар вилояти Хатлон

АКС: Иди ҳосил дар вилояти Хатлон

Матолиби чандрасонаӣ