Дар як сатр
» » ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ МАҲБУБИ ҲАМАИ МО» ДАР ХАТЛОН

ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ МАҲБУБИ ҲАМАИ МО» ДАР ХАТЛОН

14-01-2019, 06:04

Дар Театри мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар  Фестивали санъат ва фарҳанги ақаллиятҳои миллии вилояти Хатлон   доир шуд. Дар он тамоми халқиятҳои гуногуни шаҳру навоҳии вилояти Хатлон фаъолона иштирок намуданд.
Дар оғоз, раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба сухан баромада, изҳор дошт, ки   Конс титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф намуда,  бо ин васила заминаи устуворро баҳри зиндагии озоду осуда ва бобарор барои тамоми халқи Тоҷикистон муҳайё намудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд: «Мо дар назди худ ҳадафҳои ҳаётан муҳими ҳифзу таҳким бахшидани давлатдорӣ, густариши худшиносию ватандорӣ, муттаҳид шудан дар атрофи ғояи «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – ватани маҳбуби ҳамаи мо» - ро гузошта, баҳри амалӣ кардани он якдилу якмаром муттаҳид гашта, тамоми маҳорату истеъдод ва неруи зеҳнии худро равона месозем».
Яке аз омилҳои муҳими устувории ваҳдати миллӣ кафолати қонунии баробарии ҳама, новобас-та аз миллату нажод ва мансубияти динию мазҳабӣ мебошад.
Ақаллиятҳои миллӣ ҳамчун гурӯҳҳои иҷтимоӣ барои густариши саҳми худ дар инкишофи иқтисодию фарҳангии кишвар имконоти мусоидро дар даст доранд.
Онҳо бо меҳнати содиқона ва созандаи худ дар заминаи муносибати эҳтирому фарҳанги баланди инсонӣ ва таҳаммулпазирӣ, барои сулҳу субот ва тараққии тамоми  соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят мусоидат менамоянд.
Эҳсоси ватандорӣ, талоши бурдборона баҳри зиндагии арзанда, саҳмгузорӣ баҳри таҳкими сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ нишондиҳандаҳое ҳастанд, ки имрӯз дар ҷомеаи мо тамоми мардумро, новобаста ба миллату нажод ва мансубияти иҷтимоӣ, муттаҳид намудааст.
Итминон дорам, ки аз Фестивали имрӯза таҳти унвони «Тоҷикистон - ватани маҳбуби ҳамаи мо» иштирокчиён як ҷаҳон маънӣ  бардошта, бори дигар собит месозанд, ки зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми Тоҷикистон новобаста аз миллат ва нажод баҳри таҳкими сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва рушди устувори ҷомеа ва давлат кӯшиш хоҳанд намуд.
Дар интиҳои фестивал аз ҷониби ҳунармандони халқиятҳои гуногун суруду таронаҳои дилошӯб пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд.        
 
Далер Шарифов


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо

Ҳаёти иҷтимоӣ
Санади тақдирсоз

Санади тақдирсоз

Номаҳои Шумо
Таҷлили рӯзи ваҳдати миллӣ дар маркази Хатлон

Таҷлили рӯзи ваҳдати миллӣ дар маркази Хатлон

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР

Нақши Пешвои миллат дар устувории ваҳдату ягонагӣ

Номаҳои Шумо
Тоҷикистон – Ватани маҳбуби ҳамаи мо

Тоҷикистон – Ватани маҳбуби ҳамаи мо

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР