Дар як сатр
» » Марди 54 - соларо аз ғарқшавӣ наҷот доданд

Марди 54 - соларо аз ғарқшавӣ наҷот доданд

14-01-2019, 06:02

Кормандони дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон як сокини ноҳияи Хуросонро наҷот доданд.

Дар ин бора Муродҷон Муҳиддинов, сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, иттилоъ дода афзуд, ки Пиров Иброҳим, соли таваллудаш 1965, истиқоматкунандаи деҳаи Бандари Ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон бо мақсади моҳигирӣ аз дарёи Вахш аз хона баромада, бедарак мешавад.

"Баъди гирифтани хабари телефонӣ наҷотдиҳандагони гурӯҳи 3-юми  дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсат бо роҳбарии сардори гурӯҳ А. Толибзода ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида шаҳрванд Иброҳим Пировро аз дохили дарёи Вахш наҷот доданд”, - афзуд М. Муҳиддинов.

- Вақте ки қаиқи резиниамро об бурд, дигар аз таъсири оби хунук ва ҷараёни тези оби дарё қувваамро аз даст додам, - зикр кард Иброҳим Пиров. – Дар ҳамин лаҳза як ҳамдеҳаам бо номи Шариф бо ҳамроҳии кормандони дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ба наздам ҳозир шуда, маро аз дохили оби дарё ба хушкӣ бароварданд. Ва то манзили истиқоматиам бурда расониданд.

Иброҳим Пиров ба кормандони дастаи махсуси зудамали  наҷотдиҳии Раёсат изҳори сипос менамояд, ки вазъи саломатиаш хуб аст.

Комрони БАХТИЁР,

 «Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Машқи махсуси тактикӣ дар КВД «Пойгоҳи боркашӣ»

Машқи махсуси тактикӣ дар КВД «Пойгоҳи боркашӣ»

Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ду кӯдакро наҷот доданд

Ду кӯдакро наҷот доданд

Ҳаёти иҷтимоӣ
Кӯдаки 8-соларо аз ғарқшавӣ наҷот доданд

Кӯдаки 8-соларо аз ғарқшавӣ наҷот доданд

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ

Зарари боришоти зиёд ва сел ба Фархор

Хабарҳо
Наҷоти ду ҷавон аз хавфи ғарқшавӣ

Наҷоти ду ҷавон аз хавфи ғарқшавӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш