Дар як сатр
» » ШАҲРИТӮС: СОХТМОНИ 363 ИНШООТИ ҶАШНӢ

ШАҲРИТӮС: СОХТМОНИ 363 ИНШООТИ ҶАШНӢ

15-01-2019, 06:57

Тибқи дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар сатҳи баланди омодагӣ пешвоз гирифтани  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон густариши корҳои ободонию созандагӣ дар саросари  кишвар вусъат ёфта истодааст.

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритӯс сохтмони 363 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Дар муҳлати муқарраршуда ба истифода додани онҳо имкон медиҳад, ки вазъи иҷтимоию иқтисодии сокинони ноҳия рӯ ба беҳбудӣ оварда, садҳо нафар бо ҷойҳои кории мавсимию доимӣ таъмин гарданд ва сатҳи зиндагии худро боло бардоранд.  Инчунин, дар ноҳия аз моҳи декабри соли ҷорӣ то моҳи сентябри соли 2021 бо маблағгузории давлатӣ ва ҷалби сармояҳои хориҷӣ як бинои шуъбаи маориф ва 11 муассисаҳои таълимӣ сохта ба истифода дода мешавад.

Соҳибкорони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти "Шаҳритӯс”, "Обшорон”, "Пахтаобод” дар сохтмони иншоотҳои таъйиноти гуногуни ба зимма гирифтаашон бо камоли масъулиятшиносӣ заҳмат кашида, бо эҳсоси баланди ватандӯстона барои истиқболи сазовори ҷашни бузурги 30-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста талош меварзанд.

Нуриддин Саид, намояндаи Дастгоҳи  иҷроияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми назорати корҳои  сохтмонӣ дар ноҳияи Шаҳритӯс гуфт, ки корҳои тайёрӣ ба ҷашни дарпешистода  ба талаби рӯз ҷавобгӯ нест. Чунончӣ, дар Ҷамоати деҳоти "Обшорон” аз 34 иншооти ҷашнӣ ҳамагӣ 9-тои он  иҷро шудааст. Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Х. Холматов бошад, аз 71 иншооти ҷашнии ба нақша гирифташуда 21-тоаш мавриди истифода қарор дода шудаасту халос.

Комрони БАХТИЁР,

"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Данғара. 19 иншоот дар арафаи соли нав кушода шуд

Данғара. 19 иншоот дар арафаи соли нав кушода шуд

Ҳаёти иҷтимоӣ

Темурмалик:Бунёдкорӣ вусъат меёбад

Ҳаёти иҷтимоӣ

Корҳои ободонӣ вусъат меёбанд

Арсаи кишоварзӣ

Дар Вахш бунёди 17 иншоот пешбинӣ мешавад

Хабарҳо

Омодагӣ ба ҷашн

Хабарҳо