Дар як сатр
» » Кӯлоб. Сохтмону таъмири литсейҳо

Кӯлоб. Сохтмону таъмири литсейҳо

14-01-2019, 07:56

Дар Паёми навбатии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи чорум - саноаткунонии мамлакатро ба миён гузошт. Барои амалисозии ҳадафи мазкур мебояд ба сохтмону таҷдиди корхонаҳои саноатӣ шурӯъ намуда, мутахассисони соҳаро омода кард.

Дар ҳамин замина, дар литсейҳои касбӣ - техникии шаҳри Кӯлоб ҷавононро аз рӯи ихтисосҳои гуногун омода месозанд. Дар литсейи касбӣ - техникии саноати кишоварзии шаҳри Кӯлоб ба касбомӯзон беҳтарин мутахассисони соҳа омӯзиш мегузаронанд ва онҳоро барои ба истеҳсолот равона сохтан омода мекунанд.

Дар литсейи касбӣ - техникӣ бо фармоиши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони устохонаи таълимӣ-истеҳсолӣ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд оғоз гардидааст. Корҳои сохтмониро дар иншооти мазкур ҶДММ «Ёхсу» бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ идома дода, мақсад доранд дар муҳлати муайянгардида, бо сифати баланд иншоотро сохта, ба истифода диҳанд.

Ҳамин гуна корҳои таъмири асосӣ аз ҷониби ҶДММ «Ёхсу» дар устохонаи истеҳсолии литсейи касбӣ- техникии рақами 32-и шаҳри Кӯлоб ва бинои таълимию хобгоҳи касбомӯзон идома доранд. Литсейи касбӣ-техникии рақами 32-и шаҳри Кӯлоб яке аз муассисаҳои калонтарини касбомӯзӣ дар минтақаи Кӯлоб ба ҳисоб меравад ва дар ин муассиса аз рӯи 10 ихтисос ҷавонон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.

Сохтмончиён бо истифода аз техникаю таҷҳизот ва масолеҳи хушсифати сохтмонӣ кӯшиш карда истодаанд, ки корҳои сохтмонию таъмириро бо сифати баланд ба анҷом расонанд. Баъди ба анҷом расидани корҳои сохтмонию таъмирӣ устохонаҳои таълимӣ - истеҳсолӣ бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ таъмин карда мешаванд, ки дар натиҷа ҷиҳати гузаронидани корҳои амалӣ ва таҷрибаҳои истеҳсолӣ шароит фароҳам меояд.

Ширинҷон Сафарзода



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Кӯлоб: фаъолияти 44 корхонаи саноатӣ

Кӯлоб: фаъолияти 44 корхонаи саноатӣ

Ҳаёти иҷтимоӣ
Гузоштани санги асос барои бунёди муассисаи давлатии таълимии «коллеҷи оташ ...

Гузоштани санги асос барои бунёди муассисаи давлатии таълимии «коллеҷи оташ ...

Маориф ва илм
Ҷалби 900 нафар ба касбомӯзӣ

Ҷалби 900 нафар ба касбомӯзӣ

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Азми бунёди нимпайкараи Рустам Амакиев дар Восеъ

Азми бунёди нимпайкараи Рустам Амакиев дар Восеъ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Афзоиши тавлидоти саноатӣ дар Кӯлоб

Афзоиши тавлидоти саноатӣ дар Кӯлоб

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА