Дар як сатр
» » Нақши чакани Фархор

Нақши чакани Фархор

15-01-2019, 06:53

Нақши чаканро соли 1973 ҳангоми кофтуковҳои бостоншиносӣ аз ҳудуди ноҳияи Фархор дарёфт кардаанд, ки ба асри сеи пеш аз мелод рост меояд. Ҳанӯз дар ҳамон солҳо аз таърихию қадима будани ин ҳунари мардумӣ ҳарф мезаданд. Фақат баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва ҷаҳду талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пажӯҳишҳо аз ҷониби олимон оид ба чакан ба роҳ монда шуданд ва дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» чакан ба феҳристи фарҳанги ғайримодии ЮНЕСКО ворид гардид.
Дар осорхонаи ноҳияи Фархор сокинону меҳмонон пайваста ба тамошои гӯшаи чакан меоянд ва аз он завқ мебаранд. Ҳабибулло Ғаффоров, ходими илмии осорхонаи ноҳияи Фархор мегӯяд, ки дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» шумораи сайёҳон ба ин ноҳия афзоиш ёфтааст.
«Ин аст, ки ба осорхона пайваста сокинону меҳмонон меоянд ва таваҷҷуҳи бештар ба нусхаи чакане, ки аз яке қабристонҳо болои сари духтараки тақрибан 11-сола ёфт шудааст, бештар дидан мекарданд. Ин бозёфт дар осорхонаи ҷумҳуриявӣ гузошта шудааст ва нусхаи он дар осорхонаи мо мебошад», - афзуд Ҳабибулло Ғаффоров.
Дар баробари ин, вобаста ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ноҳияи Фархор дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот, деҳаҳо ва маркази ноҳия хонаи ҳунармандон ташкил намуданд, то ки ҷавононро ба касбомӯзӣ фаро гиранд. Бино ба иттилои Гулсунбӣ Баҳтирова, корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор, давоми як сол беш аз 500 нафар ҷавонон аз курсҳои касбомӯзӣ гузашта, соҳиби сертификат шудаанд.
Бо баргузор намудани як ҳамоиш дар маркази ноҳия аз «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» натиҷагирӣ карданд. Дар ин чорабинӣ бонувони ҳунарманд, ки дар рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳми арзанда гузошта, ҷавонони зиёдро соҳибкасб намудаанд, бо сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор сарфароз гардонида шуданд. Қайд карда шуд, ки дар «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  байни ҳунармандон озмун гузаронида шуда, грантҳои раиси ноҳия низ таъсис дода мешаванд.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Чакандӯзӣ ваҳдатро қавӣ мегардонад

Чакандӯзӣ ваҳдатро қавӣ мегардонад

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

«Сад ранги чакан» дар Муъминобод

Хабарҳо

Дар ҳар ноҳия ду ширкати сайёҳӣ таъсис меёбад

Хабарҳо
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ
«Ҳунарҳои мардумӣ - рукни муҳимтарини фарҳанги миллӣ»

«Ҳунарҳои мардумӣ - рукни муҳимтарини фарҳанги миллӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ