Дар як сатр
» » Эҳёгари асбобҳои мусиқӣ

Эҳёгари асбобҳои мусиқӣ

15-01-2019, 07:51

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солона-ашон ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид доштанд, ки дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр барои солҳои 2018-2022» фаъолияти муассисаҳои таълимии санъату ҳунар, театрҳо ва марказҳои фарҳангиро баланд бардошта, маънавиёту маърифати ҷавонону наврасонро баҳри рушду нумӯи фарҳанги миллӣ боз ҳам ҷоннок созем.
Чорӣ Аминов пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба омӯзишгоҳи мусиқӣ ва санъати шаҳри Душанбе супорида, пас аз хатми он ба Донишгоҳи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода дохил шуд. Соли 1973 факултаи асбобҳои миллӣ-мусиқиро хатм намуд. Сипас, ӯ фаъолияташро аз муаллими фанни мусиқии мактаби санъати шаҳри Бохтар  (собиқ Қӯрғонтеппа) оғоз намуда, баъдан ба вазифаи муовини директори мактаби санъат ва солҳои баъдӣ сардори шуъбаи фарҳанги шаҳри Бохтар шуда, фаъолияти густурда намудааст. Айни ҳол ӯ устои асбобҳои миллӣ-мусиқии Театри вилоятии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи А. Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар мебошад.
Бо ҳамин мақсад тасмим гирифтем, ки аз ҳаёти рангини Чорӣ Аминов - мусиқишиносу санъаткори асил, ки ҳаёти қариб нимасраи худ-ро баҳри рушди фарҳангу санъати театрии Вахшонзамин бахшидааст, қисса намоем.
Чорибой ва чор бародаронаш дар оилаи марди баркамол расидаанд. Бародаронаш касби омӯзгории фанҳои гуманитариро пеша карданд. Ӯ бошад, касби дигарро интихоб намуд. Қарор дод, ки санъатшинос ва мусиқичӣ мешавад ва, албатта, ба ин орзуи дар дил парваридааш комёб гардид.
Ба ҳамин  мақсад, Чорӣ Аминов соҳиби ду дипломи аъло аз касбӣ пешакардаи худ гардидааст. Ӯ ёди устодони бузургаш карда, мегӯяд, ки нозукиҳои санъати воло ва асили тоҷикро аз шахсиятҳои шинохта Зиёдулло Шаҳидӣ, Фаттоҳ Одинаев, Амон Ҳамдамов, Миратулло Атоев, Аҳмад Бобоқулов, Барно Исҳоқова, Шоиста Муллоҷонова омӯхтааст.
Дилбохтаи санъати тоҷик Чорӣ Аминов соли 1973 бо роҳхати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурӣ ба шаҳри Бохтар омада, дар мактаби санъати бачагона ба ҳайси муаллими фанни рубоб ба фаъолият пардохта, дар ин ҷода беш аз даҳ сол ба шогирдонаш ҳунари навохтани созҳои мусиқӣ омӯзондааст. Бо гузашти айём, фаъолияти кордонии ӯро ба инобат гирифта, ба вазифаи мудири шуъбаи фарҳанги шаҳри Бохтар, таъйинаш менамоянд, ки ӯ дар ин солҳо баҳри рушди фарҳанг ва ансанблҳои халқӣ ҳиссаи созгоре гузоштааст. Ч. Аминов он солҳоро ба хотир оварда, мегӯяд: "2 августи соли 1979 Вазорати маданияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ дар маркази навтаъсиси вилояти Хатлон (собиқ Қӯрғонтеппа) Театри мусиқӣ - мазҳакавиро таъсис дод, ки ин як рӯйдоди фарҳангии хотирмон буд. Ӯ боз мегӯяд, ки нуҳуми январи соли 1980 толори театри мо пур аз тамошобинон буд. Котиби аввали ҳамонвақтаи ҳизбии вилоят Ғоибназар Паллаев, котиби ҳизб Роза Аҳмадова, раиси комиҷроия Аслон Анваров, раиси шаҳр Зиннат Раҳматов, коргардонҳои Театри ба номи А. Лоҳутӣ Х.Майбалиев, Ҳ.Абдураззоқов ҳузур доштанд. Он шом рӯзи кушодашавии театр буд. Номбурдагон тамошобинони нахустини театр буданд. Асари драманависи шинохта А. Атобоев намоишномаи «Эшони Иллоанта ва қории Хиромон» пешкаши аҳли толор гардид. Ҳамин тавр, театр бо ҳунармандону санъаткорони худ дар байни мардум мавқеъ пайдо карда, соҳиби обрӯ ва эътибори хосса гардиданд.
Чорибой Аминов бо ҳамкасбони худ Хӯҷамқул Сатторқулов, Абдулло Юсупов, Нуралӣ Давлатов, Субҳон Мирзоев, Оимгул Давлатова, Усмон Исмоилов, Элмурод Тошев ва дигарон ба театр бисёр дил баста, ин боргоҳи санъату ҳунарро хонаи дуюми худ хонданд.
Чорибой Аминов ҳамзамон лаҳзаҳои фараҳбахшу хотирмонро ёдовар шуда мегӯяд, ки аҳли санъаткорони театр соли 1976 дар фестивал-конкурси ҷумҳуриявии «Андалеб-1» пирӯз шуданд.
Ч. Аминов,  дар ҳақиқат, дилбохтаи санъат аст. Ҳарчанд солаш ба ҷое расида бошад ҳам, худро бе театр тасаввур карда наметавонад. Имрӯз ӯ созгору эҳёгар ва ҳунарманди асбобҳои мусиқии миллӣ мебошад. Ӯ ҳамчунин, барномаҳои театрикунонидаи вилоятиро бахшида ба ҷашнҳо таҳия ва роҳнамоӣ менамояд. Ӯ ифтихор аз он дорад, ки дар давоми фаъолияти пурсамараш дар ҷодаи санъат садҳо шогирдонро тайёру тарбия намудааст, ки онҳо ҳоло номбардори санъати волои тоҷик ҳастанд. Қурбон Зоир, ҳунарманд, муовини директори Сирки давлатии Тоҷикистон Шералӣ Қосимов, мудири шуъбаи фарҳанги шаҳри Бохтар Қодиралӣ Холматов, сарояндаи мумтози Ҷумҳурии Ӯзбекистон Аҳад Пӯлотов, сарояндаи Ансамбли вилоятии «Шашмақом»-и назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ғайраҳо аз қабили шогирдони ӯ мебошанд.
Инсони хоксору заминӣ аст. Ӯ мегӯяд, ки ҷавонони касби санъат пеша намударо тавре бояд тарбия кард, ки санъати воло ва фарҳанги миллии тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда тавонанд, хуллас номбардори ин санъат бошанд.
 
Музаффар Муродов,
бойгоншиноси дастгоҳи раиси вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Тамошобинони театр меафзояд

Тамошобинони театр меафзояд

Фарҳанг ва адабиёт
Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб - 2018»

Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб - 2018»

Фарҳанг ва адабиёт

Ифтитоҳи якумин мавсими театри «Афсона»

Хабарҳо
Намоишномаи «Рудолфио» баҳои баланд гирифт

Намоишномаи «Рудолфио» баҳои баланд гирифт

Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Кӯдакону наврасони мактаби санъат хушнавозанд

Кӯдакону наврасони мактаби санъат хушнавозанд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ